Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Қирғизистон гуфт, бо барқ шиканҷа шудааст


Аскат Жетиген.
Аскат Жетиген.

Шаҳрванди Қирғизистон Акин Аскат Жетиген, ки дар даъват ба "бетартибиҳои оммавӣ" ва "ғасби қудрат" муттаҳам мешавад, 23 май дар додгоҳ гуфт, кормандони ниҳодҳои қудратӣ баъди боздошт ӯро шиканҷа карданд.

Ба гуфтаи Жетиген, ӯ ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва Маркази миллии пешгирӣ аз шиканҷа дар Қирғизистон шикоят кардааст. "Маро давоми як соат бо барқ шиканҷа карданд. Дар ҳоли ҳозир Додситонии ҳарбии Қирғизистон қазияро тафтиш мекунад", - изҳор дошт ӯ.

Вай дар додгоҳ ҳамчунин гуфт, бо иттиҳоме, ки алайҳаш эълом шудааст розӣ нест ва касеро ба бетарбии оммавию ғасби қудрат даъват накардааст.

Акин Аскат Жетиген моҳи марти имсол боздошт шуда буд. Вакили дифои ӯ Венера Буудайбекова он замон гуфта буд, ки шахси зери ҳимояаш дар даъват ба бетартибиҳои оммавӣ дар соли 2022 муттаҳам мешавад. Ӯ 18 март ба шарти берун нарафтан озод шуд.

Аскат Жетиген 21 март баъди нашри як муроҷиатномаи видеоияш дар шабакаҳои иҷтимоӣ дубора дастгир шуд. Ӯ дар ин видео мақомоти Қирғизистонро танқид кардааст.

XS
SM
MD
LG