Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Қирғизистон барои ҷангидан алайҳи Украина 5 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳе дар вилояти Ӯши Қирғизистон 10 майи имсол сокини маҳаллӣ М. К. -ро бо ҷурми ҷангидан бар зидди Украина 5 сол зиндонӣ кардааст.

Дар хадамоти матбуотии Додгоҳи вилоятии Ӯш ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки М. К. бар асоси банди "Иштироки шаҳрванди Қирғизистон дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти низомии хориҷӣ" гунаҳкор дониста шудааст.

Додгоҳ қарор кардааст, ки шаҳрванди Қирғизистон 5 сол аз озодӣ маҳрум ва амволаш мусодира карда шавад.

Банди мазкур аз 10 то 15 соли зиндонро бо мусодираи молу мулк пешбинӣ мекунад. Вале муҳлати ҷазои М. К.-ро бар асоси қонуни афве, ки бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Қирғизистон имзо шуда буд, кам кардаанд.

Қаблан шаҳрванди Қирғизистон Аскар Кубаничбек уулу ҳам бо айби иштирок дар ҷангҳои Украина 10 сол зиндонӣ шуда буд, вале Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 24 январи имсол ҳукмро бозбинӣ ва ӯро шартан аз зиндон озод кард.

XS
SM
MD
LG