Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдор дастур дод, ки ҳама таксиҳо дар Душанбе электромобил шаванд


Шаҳрдори Душанбе дастур додааст, ки то 1 сентябри соли 2025 ҳамаи мошинҳои таксӣ дар пойтахт электромобил шаванд.

Фармони шаҳрдорӣ 6-уми июн дар саҳифаи телеграм Рустами Эмомалӣ нашр шудааст. Дар матн омадааст, ширкатҳои таксиронӣ "барои пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузаштан то 1 сентябри соли 2025 чораандешӣ намоянд".

Ин фармон аз ҳоло нигарониҳоро дар миёни он ронандаҳои таксӣ ба миён овардааст, ки бо нақлиёти бо сӯзишвори ҳаракаткунанда кор мекунанд. Бархе онҳо гуфтанд, мошинҳоро қарз гирифтаанд ва агар онҳоро аз кор берун кунанд, зарар хоҳанд дид.

Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз гузаштан ба нақлиёти барқӣ ё электромобил, кам кардани партовҳо ва беҳтар кардани вазъи экологии пойтахт аст.

Тибқи иттилои расмӣ, дар пойтахт 4350 таксӣ фаъолият доранд, ки аз он қариб 2,5 ҳазораш мошини барқӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG