Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои як сӯҳбати аудиоии муаллим ва духтари синфи 10


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як сабти беш аз 20-дақиқаинаи як сӯҳбати мард ва духтари ҷавонеро таҳқиқ кардааст, ки эҳтимол аз равобити маҳрамонаи омӯзгору шогирди мактабхонаш далолат мекунад.

"Ҳеҷ ҳолати ҷиноят ошкор нашудааст"

Сабти сӯҳбати ду нафари зоҳиран ошиқи ҳамдигар дар телефонҳои ҳамроҳи бисёр корбарон паҳн шуда, ҷузъиёти равобити ҷинсии ду нафарро ошкор мекунад. Аз сӯҳбат ҳам фаҳмида мешавад, ки яке омӯзгор ва дигари хонандаи синфи 10-ум аст. Пулис ҳуввияти ин ду ҳамсӯҳбатро мушаххас карда, маълум кардааст, ки қаҳрамонҳои ин сӯҳбати телефонӣ аз мактабе дар канори шаҳри Душанбе будаанд.

Қонунҳои Тоҷикистон барои иртиботи ҷинсии мард бо духтари ноболиғ муҷозоти сангин пешбинӣ мекунад. Аммо мақомот мегӯянд, натиҷаи ташхис муайян кардааст, ки аз ҷониби омӯзгор ба хонанда дастдарозӣ нашудааст.

Аммо ба гуфтаи як манбаъ аз мақомоти интизомӣ, таҳқиқи сабт ҳеҷ ҳолати ҷиноятро ошкор накард ва нисбати омӯзгор ягон муҷозот пешбинӣ нашудааст. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ба ин қазия ҳанӯз баҳои комили ҳуқуқӣ дода нашудааст ва санҷишро додситонӣ идома медиҳад.

Ҷузъиёти ҷараёни санҷиши як сӯҳбати моҷаробарангези маҳрамонаи устод ва шогирд ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳам ошкор шудааст, вале бо далелҳои ахлоқӣ аз бурдани исми қаҳрамонҳо, шумораи мактаб ва ҷузъиёти марбут ба ҳуввияти дигари ин афрод, худдорӣ мекунем.

Сабти моҷаробарангези аудиоӣ, ки дар он ду нафар -- марди омӯзгори 25-солаву ва шогирди ӯ аз синфи 10-и мактаб ҷузъиёти равобити ҷинсии ҳамдигарро баррасӣ мекунанд, чанд ҳафтаи охир аз телефон ба телефони дигар паҳн мешавад. Масъулили вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки таҳқиқи аввалияи ин навор ҳеҷ ҳолати ҷиноятро ошкор накард ва бинобар ин, нисбати омӯзгор феълан ҳеҷ муҷозоте пешбинӣ нашудааст.

Муаллим аз мактаб рафтааст

Мудири мактаб рӯзи 30-юми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, омӯзгори ҷавоне, ки дар сабти садо номаш оварда шудааст, то ду моҳи пеш дар ин мактаб ба хонандагон аз фанни таърих дарс медод. Раҳбари мактаб сабаби мушаххаси аз кор рафтани муаллими ҷавонро нагуфт ва танҳо афзуд, “санҷиш баргузор шуд. Ҳамаи мақомот даъват шуданд. Санҷиданд. Ягон далеле наёфтанд”.

Манзури мудири мактаб, ки аз шарҳи бештари мавзӯъ худдорӣ кард, ин аст, ки дар пайи санҷиши тафсилоти сӯҳбатҳои аудиоӣ ҳолати ҷиноӣ дар рафтори омӯзгор собит нашудааст.

Ба гуфтаи раҳбари мактаб, духтаре ҳам, ки дар сабт номаш омадааст, дар ҳамин мактаб таҳсил мекунад, аммо ӯ доштани робита бо муаллимро рад кардааст. Масъулини мактаб мегӯянд, тафтиши муассисаҳои онҳо дар пайи паҳн шудани сабти садо дар охирҳои моҳи сентябр ва аввали октябр шурӯъ шуда, то ҳамин ҳафтае қабл идома кард.

Қонун чӣ мегӯяд?

Санҷиш муайян кардааст, ки зоҳиран ин навор дар оғози соли нави таҳсил, яъне моҳҳои сентябр сабт шудааст. Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, дар мақомоти интизомӣ, ки аз ҷараёни санҷиш огаҳ аст, ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки дар пайи ин ҳодиса, мақомоти пулис маъмурияти мактаб, омӯзгори гумонбар дар доштани равобити ҷинсӣ бо шогирдаш ва ҳам духтарҳои синфҳои болоӣ санҷида шуданд. Дар давоми ду моҳи охир дар ин мактаб бо шогирдону омӯзгорон ҷаласаҳо ва сӯҳбатҳо дар мавзӯъҳои ахлоқӣ барпо шудааст.

Қонунҳои Тоҷикистон барои иртиботи ҷинсии мард бо духтари ноболиғ муҷозоти сангин пешбинӣ мекунад. Аммо ҳамсӯҳбати мо дар мақомоти интизомӣ гуфт, натиҷаи ташхису таҳқиқи онҳо дар робита ба ин қазия муайян кардааст, ки духтар аллакай болиғ аст ва аз ҷониби омӯзгор ҳам ба хонанда дастдарозӣ нашудааст.

Омӯзгори гуфтааст, ки шогирдашро дӯст медорад

Омӯзгори 25-сола дар сӯҳбат бо мақомот гуфтааст, ки ӯ ва духтари синфи 10 ҳамдигарро дӯст медоштанд ва ӯ духтарро ба коре маҷбур накардааст. Омӯзгори ҷавон гуфтааст, омода аст бо духтар оиладор шавад. Ба гуфтаи мақомот, духтар тавассути телефони кадом ҳамсинфаш бо омӯзгор сӯҳбат кардаву ин садо ҳам дар телефон сабт ва паҳн шудааст.

“Мо духтарро дар ҳузури модараш аз тамоми ташхисҳо гузаронидем. Духтар бокира аст ва дар ин амали омӯзгор ҷинояте ёфта нашуд. Омӯзгор ҳам гуфт, онҳо ҳамдигарро дӯст медоранд ва омода аст бо духтар издивоҷ кунад”,-гуфт манбаъ. Ба гуфтаи ин манбаъ, тамоми маълумот роҷеъ ба ин қазия барои санҷиши такрорӣ ба додситонӣ ирсол шудааст.

Ҳоло раҳбарияти мактаб мегӯяд, духтаре, ки гӯё бо омӯзгори ҷавон робита дошт, таҳсилашро идома медиҳад. Вале дар сӯҳбат бо хабарнигорони Радиои Озодӣ, бархе аз хонандагони мактаб гуфтанд, ки духтар баъди доғдор шудани номаш, ба мактаб намеравад.

Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, дар қазияҳои мисли ин нақши омӯзгор ё педагог, ки аз ҷониби мактаб масъулияти тарбияи шогирдонро ба ӯҳда мегирад, хеле муҳим аст. Омӯзгор бояд дар рафтору кирдор эҳтиёткор, бомасъулият бошад ва аз каҷравиву қонуншиканӣ парҳез кунад, чунки ба ӯ насли наврас ҳамчун намунаи ибрат нигоҳ мекунанд. Ҳама гуна каҷравиҳо метавонад дар тарбия ва зеҳнияти кӯдакон таъсири манфӣ гузорад, ки пайомадҳои ногувор дошта метавонад.

Ҳодисаҳои дастдарозӣ ба шогирдон дар мактаҳои Тоҷикистон

Мақомот хулосаҳои худро дар ин замина ҳанӯз пурра анҷом надодааст, аммо дар гузашта ҳодисаҳое ҷой доштааст, ки бо маҳкумияти омӯзгорон анҷомидааст. Соли 2016 як омӯзгори 55-сола дар ноҳияи Шаҳринав бо иттиҳоми кирдори бадахлоқона нисбат ба се хонандаи хурдсол, боздошт шуд.

Як манбаъ аз идораи маорифи ноҳия гуфта буд, омӯзгор ба дунболи шикояти волидон дастгир шудааст. В.К., омӯзгори 55-сола, ки таҷрибаи 10-солаи омӯзгорӣ доштааст, барои шогирдони синфҳои ибтидоӣ таълим медодааст. Ӯ тайи як сол нисбат ба чанд тан духтари хурдсол, амалҳои бадахлоқонаро раво дидааст.

Ҳамин тавр, соли 2011-ум низ, як зани омӯзгор дар ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ барои доштани робитаи маҳрамона бо шогирди ҳабдаҳсолааш боздошт шуда буд. Муаллимаи 27-солаи фанни математика, ки оиладор набудааст, бо шогирди синфи 11-умаш робитаи ҷинсӣ доштааст.

XS
SM
MD
LG