Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Китоби дарсии “Маърифати секс” рӯҳониёнро ба ғазаб овард


Китоби нави таълимии “Маърифати секс”, ки ахиран аз кишвари ҳамсояи Руминия сармоягузорӣ шудааст, масеҳиҳои муҳофизакорро ба хашм овард.

Рӯҳониёни провослав ва ҳам бахши муҳофизакори ҷомеаи шаҳри Балтии Молдова аз мақомот даъват карданд, ки ин китобро оташ зананд. Онҳо гуфтаанд, ки ин китоб “лаззати равобити шаҳвонӣ ва ҳамҷинсгароиро таблиғ мекунад”. Дар як нишасти матбуотӣ, ки ахиран баргузор шуд, Андрей Аврам, падари як тифли мактабхон ба оташзании ин китоби дарсӣ даъват кард:

  • Ман намехоҳам, ки фарзанди ман дарси сексро аз ҷое омӯзад, ки мегӯяд, ҳамҷинсгароӣ як чизи маъмулӣ аст. Ман фарзандонамро на ба он хотир тарбия мекунам, кик асе онҳоро аҳмақ кунад. Мо талаб дорем, ки ҳукумат ин китоби дарсиро бозпас гирифта онро оташ занад, - гуфт ӯ.

Ин китоб аслан аз нусхаи фаронсавии китобе бо исми «Энсиклопедияи тибби хонаводагӣ: Ҳаёти маҳрамона» ба забони руминӣ тарҷума шуда, аз ҷониби ҳамсоякишвари Руминия ба мактабҳои Молдова тақдим шудааст. Бахшҳои дигари ҳамин силсилаи китобҳо, ки «Ақл ва эҳсосот» ва «Муолиҷаи дардҳои аслии ҷисми инсон» ном доранд, мавриди интиқод қарор нагирифтанд.


Китоби “Маърифати секс” бо аксҳо ва наққошиҳои зиёди қадимӣ дар мавзӯи равобити маҳрамона оро дода шудааст. Дар ин китоб инчунин бахши вижае ворид шудааст, ки шаҳодати як падидаи генетикии инсон будани ҳамҷинсгароиро собит мекунад.

Телевизиони Jurnal TV-и Молдова аз қавли сухангӯи вазири маорифи ин кишвар мегӯяд, ки ба китобхонаҳо таъкид шудааст, ки китобро танҳо ба хонандагони синфҳои болоии мактаб бидиҳанд.

Балтӣ, ки як пойтахти иқтисодии минтақаи шимолу марказии Молдова мебошад, сеюмин шаҳри серҷамъияти ин кишвар аст. Соли гузашта мақомоти шаҳрдорӣ қарори манъи таблиғи ҳамҷинсгароиро содир карданд, вале моҳи феврали имсол додгоҳи маҳаллӣ онро чун як қонуни ғайриконститутсионӣ бекор кард.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG