Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Падарҷон, аз масҷид барои ман билети консерти Севинчро оред"


Ин оғози ягон ҳикояи ҳаҷвӣ нест, балки як таҷрибаи бесобиқаест, ки дар бархе масҷидҳои шаҳри Ваҳдат ҷорӣ шудааст. Намозгузорон мегӯянд, баъди адои намоз ба онҳо чиптаи консерт фурӯхта мешавад.

“Бо аҳли оила ба тамошои консерт меравем”

Билетфурӯшӣ кори масҷид нест. Ин кор масҷид нест, ки мардумро ба консерт, спектакл даъват кунад. Вазифаи мо ин нишон додани роҳи дуруст ба мардум аст

Ҳоҷӣ Пирмуҳаммад, имомхатиби масҷиди маҳаллаи Навободи шаҳри Ваҳдат нақша дорад рӯзи 11 сентябр дар консерти калони ҳофизони тоҷику узбек иштирок кунад. Дар қатори Ҳоҷӣ Пирмуҳаммад 50 намозгузори масҷиди ӯ низ чиптаи консерт дарёфт кардаанд ва эҳтимол онҳо низ ба тамошои консерт бираванд.

Ҳоҷӣ Пирмуҳаммад мегӯяд, ҳоло ҳам сокинони маҳалла чиптаи консерт мепурсанд ва ӯ талаб кардааст, ки боз 40 дона чиптаи дигар биёранд. Чиптаҳои консерт ройгон нестанд ва аз 30 то 50 сомонӣ арзиш доранд. Маблағи онҳо ҳам аз ҷайби намозгузорон пардохт мешавад.

Шаҳри Ваҳдат дар рӯзи таҷлили Иди Ваҳдат дар соли 2017
Шаҳри Ваҳдат дар рӯзи таҷлили Иди Ваҳдат дар соли 2017

Ҳоҷӣ Пирмуҳаммад дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 7 сентябр гуфт, ӯ аз тақвияти муносибатҳои сиёсиву фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон шод аст ва ҳама барномаҳои ҳукуматро дар ин самт пуштибонӣ мекунад. Ин рӯҳонӣ гуфт:

“Дӯстӣ зиёд шавад, мардум аз фарҳанг бохабар шаванд. Бояд ҳофизони Узбекистон ба инҷо оянд ва сарояндагони мо ба онҷо бираванд, футбол шавад, пешравӣ шавад.”

Ҳоҷӣ Пирмуҳаммад дар посух ба суоли онки чигуна дар масҷид метавон чиптаи консерт фурӯхт гуфт, “бояд кутоҳфаҳм набошем” ва аз изҳори бештари назар худдорӣ кард.

“Кори масҷид даъват ба консерту спектакл нест”

Аммо ба фурӯши чиптаи консерт на ҳама имомхатибон дар Ваҳдат розианд. Бархе онҳо инро як кори шармовар дар ҳаққи муассисаи динӣ мехонанд.

Як имомхатиби шаҳри Ваҳдат бо шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, шахсан ба фурӯши чиптаи консерт дар масҷидаш мухолифат кардааст.

Ба қавли ин ҳамсуҳбати мо, аз рӯи тақсимот бояд ба ҳамаи масҷидҳо чипта тақсим мешуд, аммо ӯ ин корро қабул накард.

“Мо мардумро дар масҷид барои харидории билети консерт маҷбур накардем. Дар масҷид ҳам намозгузоронро барои харидории чипта ташвиқ накардем. Билетфурӯшӣ кори масҷид нест. Ин кор масҷид нест, ки мардумро ба консерт, спектакл даъват кунад. Вазифаи мо ин нишон додани роҳи дуруст ба мардум аст,” - гуфт имомхатиб.

Бо ин ҳама имомхатиб мегӯяд, зидди ба консерт рафтани мардум нест. Ӯ гуфт, қаблан ҳама даъватҳо барои корҳои ободонӣ ва хайрро қабул карда, дар онҳо фаъолона иштирок кардаанд. Аммо фурӯши чиптаи консерт дар масҷидро кори дуруст намедонад.

“Ҳама ба консерт”

Ин шабу рӯз дар шаҳри Ваҳдат аксарият барои баргузории консерти калоне омодагӣ мегиранд. Рӯзи 11 сентябр дар варзишгоҳи марказии ин шаҳр бо ҳузури Севинч Муъминова, Нигина Амонқулова, Ҷонибек Муродов ва дигар ҳофизон барномаи консертӣ доир мешавад.

Эркамоҳ Мирзоева, мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Ваҳдат дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, консерт бо ташаббуси ҳукумати шаҳр ва таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” баргузор мешавад.

Хонум Мирзоева гуфт, чиптаҳои консерт ба бархе идораҳои давлатӣ тақсим шудаанд. Азҷумла ҳамаи 162 корманди шуъбаи фарҳанги ноҳия чиптаҳои консертро харидорӣ кардаанд.

намунаи либоси имомхатиб дар Тоҷикистон
намунаи либоси имомхатиб дар Тоҷикистон

Мудири бахши фарҳанги шаҳри Ваҳдат афзуд, дар қатори дигар соҳаҳо, «уламои шаҳр низ дар гирифтани чипта пешсафанд» ва «танҳо роҳбарони масҷидҳо беш аз 100 чипта гирифтаанд».

Имомхатибҳо дар харидории чиптаҳои консерт танҳо нестанд ва зиёданд он сокинони шаҳри Ваҳдат, ки мегӯянд бо роҳи “ихтиёрӣ-маҷбурӣ” барояшон чиптаи консерт медиҳанд. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат ба гуфтаи мақомот беш аз 26 ҳазор ҷойи нишаст дорад ва ба гуфтаи як масъул “бояд ҳама ҷойҳо пур шавад.”

“Имомхатибҳо баъди театр ба консерт”

Фурӯши чиптаи консерт дар масоҷид ва ҷалби рӯҳониён ба консерт ҳарчанд таҷрибаи тоза аст, аммо идомаи як раванди баҳсбарангезе аст, ки солҳои ахир дар ҳаққи ходимони дин анҷом мешавад.

Аз ҷумла, моҳи июли соли равон мақомоти Кумитаи оид ба корҳои дин имомҳо ва имом-хатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъро ба тамошои Осорхонаи миллӣ ҷалб карданд. Бо дастури Кумитаи дин ҳудуди чаҳор ҳазор рӯҳонӣ дар саросари кишвар, ки вазифаи имихатибиро бар дӯш доранд, муаззаф шуданд, ки ба таври гуруҳӣ ба осорхона рафта, бо осори қадимиву таърихӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик ошно шаванд.

Моҳи июл даҳҳо имомхатибонро дар музейҳои Тоҷикистон бо таърихи кишвар шинос карданд
Моҳи июл даҳҳо имомхатибонро дар музейҳои Тоҷикистон бо таърихи кишвар шинос карданд

Пеш аз ин рӯҳониён ба тамошои намоишномаҳои театрӣ ҷалб шуда буданд. Ҷалби рӯҳониён ба маконҳои фарҳангӣ, аз ҷумла тамошои театру осорхонаро коршиносон як ҷузъе аз барномаҳои мақомоти тоҷик унвон мекунанд, ки тайи чанд соли ахир фаъолияти ин қишрро зери назорати ҷиддӣ қарор додааст.

Дар ду соли охир мақомот ба имохатибон дар баробари маош таъин кардан, дастур дод то либоси ягона дошта бошанд. Мавзӯи мавъизаҳои имохатибон ҳам аз сӯи Кумитаи дин муайян ва тартиб дода мешавад. Як соли пеш ҳам мақомот аз имомхатибон имтиҳон гирифта, тавассути чунин имтиҳону санҷишҳо бархе рӯҳониёнро аз минбари масҷидҳо дур карданд.

Коршиносон мегӯянд, дар амри назорати фаъолиятҳои мазҳабӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ, мақомот талош мекунанд рӯҳониёнро ба як бахши муҳими пуштибони идеологияи ҳукуматӣ табдил диҳанд.

Аз театр ба музей. Муллоҳои тоҷик дунявӣ мешаванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00

XS
SM
MD
LG