Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

70% занон дучори хушунат мешаванд


Лигаи занҳои ҳуқуқшиноси Тоҷикистон мегӯяд, ҳафтод дарсади занҳои Тоҷикистон дучори хушунат дар хонаводаҳо мешаванд.

Нигора Расулова, як корманди масъули Лигаи занҳои ҳуқуқшиноси Тоҷикистон дар ҳошияи муаррифии Барномаи давлатии «Ҷилавгирӣ аз хушунат дар хонавода», рӯзи 31 окятябр ба Радиои Озодӣ гуфт, «бештари занону духтарон бо шаклҳои гуногуни хушунат, ба мисли латукӯб, хушунати равонӣ, иқтисодӣ, маҳрум кардан аз ҷои манзил, монеи таҳсилу кор ва ғайра рӯбарӯ мешаванд.»

Аммо масъулони Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон зимни муаррифии Барномаи давлатии ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ барои солҳои 2014-2023 ҳадафи таҳия ва иҷрои ин санадро «пурзӯр намудани механизм ё фишангҳои пешгирӣ аз зӯроварӣ дар хонавода, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, ба хусус омилҳои зӯроварӣ дар оила, кирдорҳои ношоиста ва рафтори бадахлоқона дар ҷомеа ва таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвадони Тоҷикистон» унвон карданд.

Хушунати хонаводагӣ дар хонаводаҳои тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:13 0:00
Линки мустақим


Шаҳобиддин Мирзоаҳмадов, ҳуқуқшиноси Кумитаи кор бо занон яке аз сабабҳои хушунат дар хонаводаро сатҳи паст фаҳмиши ҳуқуқии ҷомеа арзёбӣ намуда, гуфт, «ҳадафи барнома баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, дигар кардани афкори мардум аст ва огоҳидани аҳолӣ аз оқибатҳои зӯроварӣ аст».

Ба таъкиди ҷаноби Мирзоаҳмадов, хушунати хонаводагӣ ба сар задани мушкилоти иҷтимоии дигар, аз қабили афзоиши талоқ, никоҳҳои барвақтӣ, аз таҳсил дур мондани духтарон ва ғайра сабаб мегардад. Сабаби дигар дучори зӯроварӣ шудани занон дар оила аз ҷиҳати молӣ дастнигари мардон будани онҳо унвон мешаванд. Аммо бо вуҷуди таҳия ва тасвиби қонун, барномаҳои алоҳида мушкилоти иҷтимоӣ, назири хушунати хонаводагӣ ҳамчунон боқист ва мояи нигаронии ҷомеа гардидааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки иддае аз коршиносон ба ин назаранд, ки бетаваҷҷӯҳии мардҳо ба мушкилоти хонаводагӣ сабаб шудааст, ки бо вуҷуди ба тасвиб расидани санадҳои ҳуқуқӣ, зӯроварӣ дар хонавода коҳиш намеёбад. Ҳамакнун дар аксари вазифаҳои масъул мардҳо фаъолият доранд, аммо онҳо ба татбиқи ин қонуну қарорҳо чандон майл нишон намедиҳанд.

Қаблан масъулони созмонҳои иҷтимоӣ мегуфтанд, ки дар сурати қабули қонуни «Ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ», ин мушкилот роҳи ҳалли худро пайдо хоҳанд кард, аммо имрӯз намояндагони ин созмонҳо ба ин расидаанд, ки бо вуҷуди қабули ин қонун, ки беш аз ним сол сипарӣ шуд, натиҷаи он чашмрас нест.

Гулҷаҳон Бобосодиқова, сарвари созмони ҷамъиятии «Занони маълумоти олидор».
Гулҷаҳон Бобосодиқова, сарвари созмони ҷамъиятии «Занони маълумоти олидор».
Гулҷаҳон Бобосодиқова, сарвари созмони ҷамъиятии «Занони маълумоти олидор» мегӯяд, «бояд ҳамоҳангсози ин барнома дар сатҳи баландтари ҳукумат бошад, на дар сатҳи кумитаи занон. Чанд сол пеш дар як масъалаи марбути занон шӯро дар назди муовини сарвазир таъсис ёфта буд, ки ҳайат аксаран аз мардҳо иборат буд. Ва дар он шӯро сӯҳбат ва талабот тамоман дар сатҳи дигар буданд».

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки имрӯз зӯроварӣ дар хонаводаҳои тоҷик ба зуҳуроти маъмулӣ табдил шудааст ва бештари мардум ин гуна муносибати зану шавҳар, хусуру хушдоман, волидону фарзандонро дар дохили оилаҳо дуруст мешуморанд Беҳтарин дуо дар маросимҳои ҷашни арӯсӣ барои арӯсони оянда низ ин аст,ки «хидматгори хусуру хушдоман шавад».

Бештари занону духтарон аз тарси гапи мардум ҳангоми дучор омадан ба зӯроварӣ ба мақомоти дахлдор муроҷиат намекунанд ва ранҷу хушунатро дар танҳоӣ таҳаммул мекунанд. Онҳое ҳам, ки ба мақомот муроҷиат мекунанд, дар ниҳояти амр ҳуқуқ ба манзил ва тараҳҳуми хонаводаи шарҳарро аз даст медиҳанд.

Бархе аз ширкатдорони муаррифии Барномаи давлатии ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ гуфтанд, ки «агар зани тоҷик аз рӯзгори бади худ ба мақомоти корҳои дохилӣ шикоят кард ё баъди латукӯб шудан аз ҷониби шавҳар ба паноҳгоҳе рафт, ин маънои онро дорад, ки зиндагиаш дигар барҳам хӯрд. Зеро дар гумон аст, ки шавҳар ӯро дубора қабул кунад.»

Зимнан, ба иттилои Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон, муддати се соли охир ба марказҳои иттилоотӣ ва ҳамчунин маркази «Боварӣ»-и он беш аз 30 ҳазору 500 нафар шаҳрвандон муроҷиат кардаанд, ки 88 дар сади онҳо занон буданд ва ҳудуди 18 дар сади арзи онҳо ба мавориди зуроварӣ ё хушунат рабт мегирад.

Аммо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон нисбати занону духтарон 1385 ҷиноят содир шудааст, ки аксари ин ҷиноятҳо хусусияти зӯроварӣ доранд.
Яке аз мушкилоти умдаи занону духтарон ва ноболиғон даст ба худкушиву худсӯзӣ задани онҳост ва тибқи омори расмӣ, танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 313 мавриди худкушиву худсузӣ сабт шудааст, ки 164 маврид аз тарафи занону духтарон ва 35 ҳолати дигар аз суи ноболиғон содир шудааст.

Муаррифии барномаи мубориза алайҳи хушунати хонаводагӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00
XS
SM
MD
LG