Пайвандҳои дастрасӣ

Аз 5 то 20 сол. Ҳукми 9 ҷавон дар Хатлон барои "тундгароӣ"


Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳи вилояти Хатлон 9 сокини ин минтақаро барои ташвиқи ақидаҳои тундгароӣ мутаносибан аз 5 то 20 сол равонаи зиндон кард. Тибқи иттилои расмӣ, ин ҷавонон дар моҳи апрели соли ҷорӣ барои фаъолиятҳои тундгароӣ, иртибот ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнӯъ, боздошт шудаанд. Ҳукми додгоҳ рӯзи 20-уми октябр дар шаҳри Қӯрғонтеппа содир шуд ва ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст.

Темур Бойзода, муовини раиси Додгоҳи вилояти Хатлон эълони ҳукми 9 сокини ҷавони шаҳри Қӯрғонтеппаро 24-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, вале аз шарҳи тафсилоти пурраи ин парвандаҳо ба сабаби қувваи қонунӣ нагирифтани ҳукм, худдорӣ намуд.

Дар гузашта дар бисёр ҳолатҳо маҳкумшудаҳо барои пуштибонии ақидаву созмонҳои ифротии динӣ гуфтаанд, ки танҳо гуноҳашон намозхонӣ буд ва дар ҳеҷ гурӯҳ ё созмони ҷиноӣ ва мамнӯъ аъзо набуданд.

Аз рӯи иттилои дарёфтӣ, бо ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон Файзиддин Шомардонов ба 20 сол, Саидмурод Баротов ба 18 сол, Абубакр Сатторов ба 15 сол, Аҳрорхӯҷа Ҷононов ба 12 сол, Ҷамолиддин Одинаев ба 12 сол, Аҳадҷон Шамсиддинов ба 10 сол, Қобилҷон Абдулвосил ба 6 сол, Шарипов Азамҷон ба 5 сол ва Наврӯз Баротов ба шашуним моҳ маҳкум ба зиндон шудаанд. Додгоҳ гуфтааст, ки маҳкумшудаҳо бояд дар зиндони низомаш сахти Қӯрғонтеппа ҳукми худро сипарӣ кунанд.

Масъулони додгоҳ мегӯянд, ки раванди таҳқиқ собит кардааст, ки ин 9 ҷавон ба таблиғи ақидаҳои ифротӣ даст зада, дигар ҷавононро барои пайвастан ба сафи гурӯҳи мамнӯи "Давлати исломӣ" ва ҷанг зери парчами сиёҳи ин гурӯҳ даъват мекарданд. Мақомот гуфтаанд, ки ин ҳама иттиҳомот бар асоси далелҳои шайъӣ ҳосил шудааст. Нафаре, ки ба баландтарин ҳукм -- 20 соли зиндон маҳкум шудааст - Файзиддин Шомардов, аз ҷониби додгоҳ ба ҳайси раҳбари гурӯҳи ҷиноӣ ном бурда шудааст. Додгоҳ гуфт, ки ин нафар шахсан бо аъзои “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ дар иртибот будааст.

Додгоҳи вилояти Хатлон.
Додгоҳи вилояти Хатлон.

Дар ҳоле, ки бархе маҳкумшудаҳо, аз ҷумла онҳое, ки ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шуданд, аз шикоят ё бозбинии ҳукмашон худдорӣ кардаанд, маълум нест, ки то куҷо бо қазовати додгоҳ пурра розӣ шудаанд ва мавқеи онҳо ба ҳукми додгоҳ чист. Вале чанд вакили дифоъ, ки аз ҳуқуқи ин ҷавонон ҳимоят мекардаанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки зерҳимояҳои онҳо аз шикоят бурдан ба додгоҳи зинаи болоӣ худдорӣ мекунанд. Яке аз маҳкумшудаҳо гуфтааст, ки аз ҳукми баровардаи додгоҳ розӣ аст. Сафар Баротов, бародари Саидмурод Баротов, ки ба мӯҳлати 18 сол равонаи зиндон шудааст, мегӯяд, аз шикоят нисбати ҳукми додгоҳ худдорӣ мекунад.

Танҳо намояндаи яке аз маҳкумшудаҳо - Файзиддин Сатторов, падари Абубакр Сатторов, ки 15 сол равонаи зиндон шудааст, гуфт, аз қарори додгоҳ шадидан норозӣ аст ва нисбати ҳукми додгоҳ ба зинаи болоӣ шикоят хоҳад бурд. Файзиддин Сатторов гуфт, ки писараш як тоҷир буд ва дар ширкати таъминкунандаи васоили гигиении кӯдакон"Royal Baby" дар маҳаллаи "Комментерн"-и Қӯрғонтеппа кор мекард.

Ҳудуди як сол қабл ҳашт сокини Қубодиён барои пайравӣ аз ДИИШ ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд. Акс аз бойгонӣ.
Ҳудуди як сол қабл ҳашт сокини Қубодиён барои пайравӣ аз ДИИШ ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд. Акс аз бойгонӣ.

Файзиддин Сатторов гуфт: "Ҳукмро рӯзи ҷумъа хондаанд. Хеле ҳолатам бад аст, писари маро туҳмат кардаанд, бо туҳмат равонаи зиндонаш карданд. Аз болои ин ҳукм шикоят мекунам, писарам кор мекард, ба касе кор надошт. Дар бораи шикоят бурдан ҳоло чизе гуфта наметавонам, чун хулосаи ҳукми додгоҳро дар даст нагирифтем, аммо ба Маҷлиси Олӣ низ нома навиштам".

Дар гузашта дар бисёр ҳолатҳои дигар маҳкумшудаҳо барои пуштибонии ақидаву созмонҳои ифротии динӣ гуфтаанд, ки танҳо гуноҳашон намозхонӣ буд ва дар ҳеҷ гурӯҳ ё созмони ҷиноӣ ва мамнӯъ аъзо набуданд.

Ҳукми 9 ҷавони қӯрғонтеппагӣ дар ҳоле содир мешавад, ки аз аввали соли ҷорӣ дар ин додгоҳ беш аз 20 нафар сокини вилояти Хатлон дар иртибот ба тундгароиву ифротгароӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, аз ҷумла “Салафия” ва ҳамдастӣ ба гурӯҳи мамнӯи "Давлати исломӣ", равонаи зиндон шудаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо афзоиши ақидаҳои ифротии мазҳабӣ мубориза мебарад ва мегӯяд, аъзои созмонҳои тундрав, ҳамкорони гурӯҳҳои мамнӯи ифротӣ дар хориҷа ва ҳам таблиғгарони ақидаҳои хатарнок мавриди пайгард қарор мегиранд. Вале дар ҳолатҳои зиёд шикоят аз ноодиилона муҳокима шудани гумонбарон ва зиндонӣ шудани нафарони бегуноҳ ва тасодуфӣ ҳам кам нест.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG