Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкамаи худсаронаи деҳаи Ҷонварсӯз баста шуд. ВИДЕО


Вазорати умури дохилӣ аъзои як шӯрои маҳалла дар ноҳияи Файзободро дар ташкили дидбонгоҳ ва мурофиаҳои ғайриқонунӣ муттаҳам кард.

Масъулини ин ниҳод мегӯянд, раиси ин деҳа худро “қозӣ” ва “мулкдор” ҳисобида, никоҳи ду оиларо бекор кардааст. Иддаое, ки худи раиси маҳалла рад мекунад ва мегӯяд, никоҳи касеро бекор накардааст.

“Латукӯби шадид дар нисфи шаб”

Ҳарчанд касе ҳамсари ӯро дар сари гуноҳ надидааст, аммо баъзеҳо таънааш карданд, ки «ту чӣ хел мард ҳастӣ?» Ӯ дигар тоқат накард ва шояд, ки баъди ин ҳамсарашро талоқ дод

Дафтари матбуоти ВКД бо нашри як гузориши видеоӣ рӯзи 25 июл гуфт, Мирзомурод Холов ва шаш узви дигари Шӯрои маҳаллаи деҳаи Ҷонварсӯзи ноҳияи Файзобод дар ҳудуди деҳа «дидбонгоҳе ташкил карданд, то шабона ягон нафаре ба деҳаи онҳо рафтуомад накунад». Ба қавли вазорати дохилӣ, дар пайи ташкили дидбонгоҳи шабона аъзои Шӯрои деҳаи Ҷонварсӯз шаби 17-уми июн Камолиддин Сатторов, як сокини ноҳияи Файзободро дастгир карда, ӯро шадидан латукӯб кардаанд.

Масъулини Вазорати умури дохилӣ мегӯянд, раиси маҳаллаи Ҷонварсӯз бо иддаои доштани муносибатҳои ғайримашрӯъ, никоҳи мусалмонии ду занро бекор кардааст.

Мақомот мегӯянд, нисбати аъзои Шӯрои маҳаллаи деҳа бо иттиҳоми авбошии гурӯҳӣ парванда боз шудааст. Ба иттилои дарёфтӣ, ҳафт сокини ноҳияи Файзобод дар курсии айбдорӣ нишастаанд ва дар сурати исботи ҷурм, онҳоро то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад. Яке аз ин нафарон дар боздошт ва боқӣ феълан дар озодӣ ба сар мебаранд.

Раиси деҳа худро “қозӣ” номида, никоҳи ду оиларо бекор кардааст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

“Истинтоқ: Чаро омадӣ? Никоҳ карда гирӣ, намешавад?”

Аъзои Шӯрои маҳаллаи деҳаи Ҷонварсӯз дар пайи ба Интернет роҳ ёфтани навори латукӯби Камолиддин Сатторов ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Дар ин навори 2,5 дақиқаӣ, ки як нусхааш ба дасти Радиои Озодӣ ҳам дастрас шуд, дида мешавад, ки марде бо сару рӯйи хунолуд ба пурсишҳои як гуруҳ мардон посух медиҳад.

Ин гуруҳи мардон, ки зоҳиран аз панҷ нафар бештаранд, аз ӯ батакрор мепурсанд, ки чаро шабона ба деҳаи онҳо омадааст? Марди латукӯбшуда, ки бо чеҳраву дастони хунолуд посух медиҳад, зоҳиран Камолиддин Сатторов аст. Ӯ дар посух мегӯяд, ки «хонаи акаи А.» омадааст.

Зоҳиран А.C. ҳам дар ҳамонҷо қарор дошт, ки ҷавонро ба як тараф кашида ба рӯяш нигоҳ мекунад. Аммо вақте мегӯяд, ки ҷавони латукӯбшударо намешиносад, Сатторов иқрор мешавад, ки назди духтараш омадааст ва бо ӯ бояд вомехӯрд. Ӯ ҳамчунин иддао мекунад, ки худаш назди духтар ва рафиқи ӯ назди модари он духтар меомаданд.

Бозпурсии Сатторов баъди ин сухан шиддат мегирад ва аз ӯ батакрор мепурсанд, ки «чаро никоҳ накарда, зино мекунад?». Аммо ӯ савганд мехӯрд, ки барои хосторӣ одам равон мекард. Латукӯб, бозпурсӣ ва истинтоқи Камолиддин Сатторов далели аслӣ аст, ки бар асоси он 7 сокини деҳаи Ҷонварсӯзро ба курсии айбдорӣ кашондааст. Дар шарҳи вазорати дохилии Тоҷикистон муҳокимаи худсарона ва муҷозоти гурӯҳии ин мард мавриди интиқод қарор гирифтааст.

“Мо дуздро дастгир карданӣ будем”

Асли қазия ва ба “қозигӣ” муттаҳам шудани аъзои як маҳалла дар ноҳияи Файзобод аз он ҷиҳат ҳам мавриди нигаронии мақомот шуд, ки дар пайи он ҳодиса ду оила якбора аз ҳам пошидаанд. Ойилаи А.Сафаров, сокини деҳаи Ҷонварсӯз ва духтараш, ба қавли мақомот, дар пайи ин ҳодиса барҳам хӯрданд.

Худи А.С. сохтмончӣ буда, 53 сол дорад ва ҳамсараш аз ӯ панҷ сол хурдтар аст.

Рӯзи 26 июл дари манзили онҳоро ба рӯи хабарнигорони Озодӣ касе боз накард. Ҳамсояҳо гуфтанд, ҳамсари ӯ ба хонаи волидайнаш баргашта, худи Сафаров талош мекунад камтар бо ҳамсояҳо вохӯрад.

Аммо раиси маҳаллаи деҳаи Ҷонварсӯз иддао и ВКД дар бораи бекор кардани никоҳи ду оиларо рад мекунад.

Мирзомурод Холов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби 17 июн дар манзилаш буд. Соати яки шаб ӯро ба берун даъват карданд. Мегӯяд, ҳамон лаҳза дид, ки Камолиддин бо сару рӯи хуншор қарор дорад. Ба қавли раиси маҳаллаи Ҷонварсӯз, «А.С. дар шоҳидии онҳо ҳамсарашро ҷавоб надода буд».

Масъулини шӯрои маҳаллаи деҳаи Ҷонварсӯз мегӯянд, изҳороти ВКД дар бораи он ки гӯё ҳар нафари бегонаи ба деҳа омадаро дастгир ва латукӯб мекарданд, асос надорад.

Иддаое, ки ба қавли Убайдулло Қаландаров, як узви дигари шӯрои деҳаи Ҷонварсӯз, бепоя аст ва ҳадафи онҳо танҳо дастгир кардани дуздҳо буд.

Ба гуфтаи Қаландаров, чанд моҳи ахир дар деҳаашон дуздӣ зиёд шуд ва мағозаву чорвои мардум ба яғмо рафт. «Маҳз барои дастгир кардани дуздҳо», мегӯяд, Қаландаров, онҳо тасмим гирифтанд, ки шабона гурӯҳе аз ҷавонони маҳаллиро навбатдор монанд, то ки муайян кунанд, ки дузд кӣ аст.

“Барои таънаи мардум Сафаров ҳамсарашро талоқ дод”

Як сокини дигари деҳаи Ҷонварсӯз бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, омили аслии пароканда шудани ду оила дар ин деҳа на фишори раиси маҳалла, балки фишора равонии мардум буд. Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, шаби 17 июн, вақте Камолиддин Сатторовро дастгир карданд ва ӯ дар назди фаъолони деҳа ҳамсару духтари Сафаровро ба фаҳшо айбдор кард, ӯ зери фишори сахти равонӣ қарор гирифт.

“Ҳарчанд касе ҳамсари ӯро дар сари гуноҳ надидааст, аммо баъзеҳо таънааш карданд, ки «ту чӣ хел мард ҳастӣ?» Ӯ дигар тоқат накард ва шояд, ки баъди ин ҳамсарашро талоқ дод,” - гуфт ин ҳамсуҳбати мо.

“Муҳокимаи худсарона чаро афзоиш меёбад?”

Боздошт дар нисфи шаб ва латукӯбу бозпурсии як ҷавон дар Файзобод аз намунаҳои худмуҳокимакунӣ ва худҷазодиҳӣ мебошад, ки аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон манъ аст. Ин ягона ҳолат нест ва дар як моҳи ахир чандин навор ба Интернет роҳ ёфтанд, ки дар онҳо бархе ҷавононро барои гӯё робитаи номашруъ бо занони шавҳардор ҷазо медиҳанд. Ҷомеашиносон мегӯянд, чунин падида барои як ҷомеаи дунявӣ хатарнок аст ва бояд ҳарчӣ зудтар пеши роҳи он гирифта шавад.

Меҳмоншоҳ Шарифзода, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, таркибҳои ҷомеа заиф шуда, вазъи иҷтимоӣ ва равонии мардум дар ҳоли буҳронӣ қарор дорад.

Ба қавли ҷаноби Шарифзода, афзоиши падидаи худҷазодиҳӣ як навъ бебандуборӣ буда, аз надоштани сабру тоқати мардум гувоҳӣ медиҳад.

“Мардум дигар сабру тоқат надоранд, ки муттаҳам аз рӯи қонун муҷозот шавад. Худашон масъаларо ҳал кардани мешаванд. Ин нишонаи он аст, ки косаи мардум аз бисёр чизҳо лабрез шудааст,” - таъкид кард Шарифзода.

Як коршиноси дигар мегӯяд, омили дигари афзоиши ин падида дар он аст, ки мардум аз муроҷиат ба полис ба хотири дарёфти ҳимоят худдорӣ мекунанд.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, мардум вақте мебинанд бархе муттаҳамон бо ҷазои сабук халос мешаванд ваё бархе аз ноодилона баррасӣ шудани қазияашон аз ҷониби полис шикоят мекунанд, худашон ба қароре меоянд, ки судро мунтазир нашуда гунаҳкорро ҷазо диҳанд.

Мақомоти умури дохилии ноҳияи Файзобод мегӯянд, қазияро таҳқиқ доранд ва дар бораи хулосаи он ҳоло ҳарф заданд барвақт аст. Он чизе, ки феълан маълум аст, ин барҳам хӯрдани оилаи А.Сафаров пас аз 32 соли зиндагӣ ва бадбахт шудани духтарашон мебошад.

XS
SM
MD
LG