Пайвандҳои дастрасӣ

Осори рабудашуда ба музейи Ӯзбакистон баргардонида шуд


Бино бар хабарҳо, ҳафт нигора ё наққошии дуздидашуда ба Осорхонаи давлатии Ӯзбакистон баргардонида шуданд, вале таҳқиқи парвандаи гум шудани осори гаронбаҳои наққошӣ аз ин бойгонӣ идома дорад.

Дар номаи беимзое, ки рӯзи 5-уми май ба Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ расидааст, гуфта мешавад, 7 асари наққошие, ки дар солҳои гуногун аз Осорхонаи давлатии Ӯзбакистон дуздида шуда, ба ҷои онҳо нусхаҳои қалбакӣ ва камҳунаронае вогузор гашта буд, дарёфт ва ба осорхона баргардонида шуданд. Дар ин нома таъкид мешавад, ки ин осор бо амри Гулнора Каримова, духтари калонии раисиҷумҳури Ӯзбакистон рабуда ва ба хориҷи кишвар интиқол ёфтаанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан гуфта мешуд, дар виллаи Гулнора Каримова дар Швейтсария зиёда аз 60 дурдонаи ҳунару фарҳанг кашф гашта буд, ки ба музей ва бойгониҳои давлатии Ӯзбакистон тааллуқ доштанд. Муаллифи нома бозгардони нигораҳое мисли “Бухоро”, “Роҳи Ургут” (Оганес Татевосиён), “Чойхона” (Николай Қарохон), “Духтаре дар назди ҳавз”, “Кабобпаз”, “Пуле бар фарози рӯдхона” (Рихард Зоммер), “Духтар ва меваҳо” (Александр Николаев ё Усто Мӯъмин) ва ғайраро зикр кардааст. Ҳамаи инҳо рассомонеанд, ки ба мавҷи аввали “авангарди Туркистон” пайванд дошта, дар солҳои 1930-70 асарҳо эҷод кардаанд.

Муаллифи нома, ки акси нигораҳои ҳақиқӣ ва нусхаҳои қалбакии онҳоро низ фиристодааст, мегӯяд, муҳимтар аз ҳама, исбот шуд, ки дуздии ин осор ба Гулнора Каримова рабт дорад. Ба навиштаи ӯ, даҳҳо мусаввара бо дастури бевоситаи духтари раисиҷумҳур аз осорхона гирифта шуда, ба ҷои онҳо нусхаҳои қалбакӣ овехта шудаанд.
Тасдиқи ҳамаи иттилое, ки шахси номаълум ба Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ фиристодааст, ҳанӯз муяссар нашудааст, аммо сарони Осорхонаи давлатии Ӯзбакистон пештар аз гум шудани даҳҳо асари муҳим аз махзани ин муассиса хабар дода буданд. Мудири он Васила Файзиева дар сӯҳбат бо торнамои Uz24.uz гуфтааст, нусхаҳои аслии ин осор гум шуда, дар иваз бадал ё копияи онҳо гузошта шудааст. Як моҳ ба ин сӯ 42 коршинос бо истифода аз таҷҳизоти замонавӣ ба таҳқиқи наққошиҳо машғуланд.

Вазорати фарҳанг ва варзиши Ӯзбакистон кашф ва бозгардони бархе аз осори рабудашударо тасдиқ кард, аммо аз додани ҷузъиёт худдорӣ намуд. Намояндаи ин вазорат ба Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфт, бино бар парвандаи ҷиноии дуздии осори гаронбаҳои ин музей, чандин корманди он аз тарафи додситонҳо пурсуҷӯ мешаванд. Вале ин мақоми расмӣ пайванди Гулнора Каримоваро бодуздии ин асарҳо тасдиқ ё рад накард ва гуфт, “таҳқиқ ҳама чиро рӯшан хоҳад кард”.
Сафар Бекҷон
Сафар Бекҷон
Аммо нависанда ва паноҳандаи сиёсӣ Сафар Бекҷон, ки дар поёни моҳи декабри соли гузашта бо шариконаш виллаи Гулнора Каримоваро дар Женева ишғол ва як ҳафта дар он зиндагӣ кард, мегӯяд, дар деворҳои ин вилла ҳафт асареро, ки дар номаи беимзо зикр шудаанд, надидааст. Вай аз се мусаввараи Виктор Уфимтсев ёдовар шуд, ки ба Осорхонаи давлатии Ӯзбакистон тааллуқ доштанд, аммо яке аз деворҳои қасри Гулнора Каримова дар Женеваро оро медоданд.

Дар ин байн Вазорати фарҳанг ва варзиши Ӯзбакистон хабар дода буд, ки 6 асари ин рассом аз шӯъбаи “Сиёҳқаламиҳо”-и осорхона ғайб задаанд.

Наққоши ӯзбакистонӣ, Сергей Игнатев, ки ҳоло дар Амрико зиндагӣ мекунад, мегӯяд, осори антиқӣ ва фарҳангии Ӯзбакистон на танҳо аз тарафи Гулнора Каримова, балки бисёриҳо талаву тороҷ шудаанд. Ба ақидаи ӯ, танҳо ба Каримова пайванд додани ин падида сабаб мешавад, ки даҳҳо нафари дигар аз ҷавобгарӣ канор монанд. Як манбаъ дар Вазорати фарҳанг ва варзиши Ӯзбакистон ин нуктаро тасдиқ кард ва афзуд, сар аз солҳои 1990 ба ин сӯ садҳо дурдонаи ҳунар ва фарҳанги ин кишвар ба яғмо рафтаанд. Вай меафзояд, масъулон дар ин муддат шеваи дуздии ин осорро ба гунае роҳандозӣ кардаанд, ки бе мушкил истифода мешавад. Яъне асарҳо барои намоишгоҳҳои байнулмилалӣ ба хориҷ бароварда шуда, дар ин ҷо ба фурӯш мераванд ва нусхаҳои қалбакии онҳо ба кишвар ворид карда мешавад.

Ин манбаъ дуздида шудани “Орзуҳои модар”-и Раҳим Аҳмадовро намуна меорад, ки дар ҷараёни намоиши осори рассомони Ӯзбакистон дар Маскав тибқи дастури Гулнора Каримова ба 58 ҳазор доллар фурӯхта шуд. “Ягона шарт ин буд, ки харидор аз ҳисоби худаш нусхаи ин асарро омода кунад ва ба ҳайати ӯзбакистонӣ диҳад,” – мегӯяд ин манбаъ ва меафзояд, танҳо бо дахолати вазири фарҳанг Рустам Қурбонов аз ин тиҷорат пешгирӣ ба амал омад. Аммо пас аз бозгашти ҳайат ба ватан Аҳмадов аз мақоми вазири фарҳанг барканор шуд.

Аз дарёфт ва бозгардони 7 асар ба Осорхонаи давлатии Ӯзбакистон дар ҳоле хабар дода мешавад, ки сарнавишти асарҳое, ки дар соли 2001 аз ин музей рабуда шуданд, номаълум боқӣ мондааст. Он вақт осори наққошони машҳури рус Айвазовский, Тропинин, Брюллов, Крамской, Суриков ва итолиёӣ Томазо Солари ва Серж Беллони дуздида шуданд, ки даҳҳо миллион доллар арзиш доранд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG