Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиканҷа дар Тоҷикистон решакан нашудааст


7 созмони ҳомии ҳуқуқи башар дар як баёнияи муштарак гуфтаанд, бо гузашти 20 сол аз пайвастани Тоҷикистон ба паймони зидди шиканҷа бадрафториву шиканҷа дар ин кишвар як падидаи фарогир боқӣ мондааст.

Эътилофҳои зидди шиканҷаи Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, Сандуқи Ҳелсинки барои ҳуқуқи башар, мақараш дар Лаҳистон (Полша), Мушорикати байналмилалӣ барои ҳуқуқи башар, мақараш дар Белгия, Афви байналмилалӣ ё Amnesty International, марказаш дар Лондон ва Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа (OMCT) рӯзи 10 феврал дар як изҳороти муштарак таҳти унвони “Тоҷикистон барои маҳви шиканҷа бояд талоши бештар кунад” ( “Tajikistan needs to do more to end torture”) аз вазъи ҳуқуқи инсон дар ин кишвари пасошӯравӣ изҳори нигаронӣ карда, барои аз байн бурдани падидаи шиканҷа ва дигар навъҳои бадрафторӣ ба мақомоти Душанбе чанд тавсия додаанд.

Ин изҳорот дуруст дар солгарди 20-уми пайвастарни Тоҷикистон ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва бадрафториҳои дигар, бархӯрд ё муҷозоти ғайриинсонӣ ва таҳқиромез нашр шуд. Ин паймони ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дуруст рӯзи 10 феврали соли 1995 ба иҷро даромад ва мақомоти Тоҷикистон ваъда дода буданд, ки ҳар нафари таҳти тафтиш ро аз шиканҷа ва дигар навъҳои бадрафторӣ ҳимоят карда, ҳукми комили қонунро дар ниҳодҳои интизомии худ ҷорӣ ва бо ниҳодҳои нозири паймони зидди шиканҷа ҳамкорӣ мекунанд.

Сафаралӣ Сангов қабл аз марг. Акс аз соли 2011
Сафаралӣ Сангов қабл аз марг. Акс аз соли 2011

Аммо ин 7 созмони маҳалливу байналмилалии ҳомии ҳуқуқ дар солгарди 20-уми ин рӯйдод ба хулосае расидаанд, ки “бо гузашти 20 сол, шиканҷа ва беҷазо ммондани омилонаш барои ин кишвар як падидаи фарогир боқӣ мемонад. Тайи солҳои 2011-2014 аъзои Эътилофи созмонҳои ғайридавлатӣ алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон беш аз 100 қазияи мардону занон ва кӯдаконеро, ки таҳти шиканҷа ваё навъҳои дигари бадрафторӣ қарор гирифтаанд, сабт карданд. Танҳо дар чанд мавриди истиснои омилони он ба масъулият кашонда шуданд. Ба бовари созмонҳои ҳомии ҳуқуқе, ки зери ин изҳорот имзо гузоштаанд, аксари қурбониёни шиканҷа дар Тоҷикистон аз тарси интиқомҷӯии мақомот ҳатто шикоят наменависанд.”

Дар изҳорот омадааст, дар натиҷаи ҷалби таваҷҷуҳи байналмилалӣ ба масъалаи шиканҷа дар Тоҷикистон ва омӯзиши фарогири вазъ аз сӯи ниҳодҳое, чун Кумитаи зидди шиканҷа ва Гузоришгари вижаи СММ дар умури шиканҷа як силсила тавсияҳо ба ҳукумати Тоҷикистон таҳия шуда, дар солгарди 20-уми тасвиби Паймони зидди шиканҷа аз сӯи Тоҷикистон дар изҳороти муштараки ин 7 созмон нашр шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ ворид кардани банди алоҳидаи марбут ба шикнаҷа дар моддаи 143-юми Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро аз ҷумлаи “қадамҳои мусбат ва арзишманд” ном бурда, мегӯянд, дар натиҷаи он дар соли 2014 дар Тоҷикистон бар асоси ҳамин банд 4 парвандаи ҷиноӣ кушода, додгоҳҳо ҷиҳати пардохти товон ба хонаводаҳои ду марде, ки бара сари шиканҷа ҳалок шудаанд, ҳукм бароварданд.

Самандар Ҷалолзода
Самандар Ҷалолзода

Аммо ба ақидаи ин созмонҳо, шиканҷа ва беҷазо мондани омилонаш дар Тоҷикистон ҳамчунон ба таври фарогир мушоҳида мешавад. Дар изҳороти муштараки гурӯҳҳои ҳуқуқи башар дар қатори даҳҳо қазияи аз сӯи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон сабтшудаи бадрафторӣба қазияи Самандар Ҷалолзода аз Панҷакент таъкид кардаанд. Ин ҷавон, бино ба гузоришҳо, рӯзи 4 декабри соли 2014 вақте дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Панҷакент мунтазири бобояш буд, аз сӯи маъмурони пулис боздошт ва маҷбуран ба мошини онҳо андохта шуд. Вақте бобои Самандар расид ва сабаби боздошти набераашро пурсид, афсарони пулис ӯро зада, баданашро хуншор кардаанд. Баъди дахолати падари Самандар, маъмурони пулис ӯро ҳамон бегоҳ бидуни эълони кадом иттиҳоме ҷавоб додаанд. Фардояш Самандар аз бадрафтории пулис ба додситонии вилояти Суғд шикоят бурд. Аммо додситонӣ рӯзи 7 январ Самандар Ҷалолзодаро хабардор кардааст, ки бар асоси шикояти ӯ парвандае боз намекунанд.

Ба ақидаи муаллифон, “рӯшан аст, ки Тоҷикистон барои маҳфи шиканҷа бояд кори бештаре анҷом диҳад. Мақомот бояд солгарди 20-уми ба иҷро даровардани Паймони зидди шиканҷаро бо чунин тазмине истиқбол бигиранд, ки парвандаи Самандар ҷалолзода ба таври фарогир, холисона ва мустақилона таҳқиқ хоҳад шуд ва ҳар нафари масъул дар бадрафторӣ нисбат ба ӯ ба ҷавобгарӣ кашонда мешавад.”

Ҳомиёни ҳуқуқ ҳамчунин ба зарурати иҷрои оҷили тавсияҳои омада дар изҳороти муштараки ин 7 созмон таъкид мекунанд. Дар бахши тавсияҳои ин изҳорот бавижа камбуди заминаҳои қонунии дастрасӣ ба боздоштшудагон дар тӯли боздошту ҳабси пешакӣ, камбуди механизмҳои мустақили тафтиши шикоятҳо аз шиканҷа ва зарурати тазмин ва таъмини боздидҳои мунтазам, мустақил, бидуни эълони пешакӣ ва бемаҳдудият барои тафтиши боздоштгоҳҳо дар саросари Тоҷикистон зикр шудааст.

Шиканҷаву бадрафторӣ аз масоили бадномкунанда барои мақомоти интизомии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар солҳои охир чанд қазияи пурсарусадои марбут ба шиканҷа, аз ҷумла маргҳои мармузи Умедҷон Тоҷиев, Ҳамза Икромзода, Исмоил Бачаҷонов, Низомиддин Ҳомидов, Саймурод Орзуев, Сафаралӣ Сангов ва Баҳромиддин Шодиев, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, бар асари бадрафторӣ дар боздошт ҳалок шудаанд, Мақсуд Носиров ва Акмал Давлатов, ки ҳангоми адои хидмати низомӣ дар артиш ҷони худро бохтанд ваё Шаҳбол Мирзоев, ки як сол пеш низ ҳангоми хидмати низомӣ саломатиашро аз даст дод, вирди забони расонаҳо шуд.

Мақомоти Тоҷикистон вуҷуди бадрафториро дар ниҳодҳои интизомӣ эътироф мекунанд, вале мегӯянд, сухан дар бораи танҳо мавридҳои алоҳида меравад, на дар бораи кадом як падидаи фарогир, ки ҳомиёни ҳуқуқ ба қалам медиҳанд. Дар ҳар сурат, додгоҳҳои Тоҷикистон дар ду маврид – вазорати умури дохиларо ба пардохти 30 000 сомонӣ , муодили тақрибан 6 000 доллар, ба хонаводаи Баҳромиддин Шодиев ва идораи зиндонҳои вазорати адлияро ба пардохти низ 30 000 сомонӣ ба хонаводаи Исмоил Бачаҷонов – ҳукм кардаанд.

Ҳамин тавр, дар моҳи декабри соли 2014 додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе вазорати умури дохиларо ба пардохти 300 ҳазор сомонӣ ҳамчун зарари маънавӣ ба хонаводаи Хушвақт Қаюмов муваззаф кард. Хушвақт дар соли 2012 аз тарафи корманди умури дохилаи ноҳияи Ёвон мавриди озор қарор гирифта, кӯшиши худкушӣ карда буд. Ин бузургтарин ҳаҷми товонест, ки як ниҳоди давлатӣ дар Тоҷикистон ба маҳзи шиканҷа бояд пардохт кунад. Вале ин ҳукм ҳанӯз иҷро нашудааст.

Аммо талоши наздикони Ҳамза Икромзода, ки дувуним сол пеш ба таври мармуз дар зиндони рақами яки Душанбе даргузашт, барои рӯёндани чунин товон натиҷае то ҳол надодааст.

XS
SM
MD
LG