Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми қотилони Фархунда бетағйир монд


Додгоҳи олии Афғонистон ҳукми 20 соли зиндони мардеро бетағйир гузошт, ки соли гузашта Фархунда Маликзодаро дар оташ задани Қуръон тӯҳмат зада боиси қатли ваҳшиёнаи ӯ шуд.

Додгоҳи олии Афғонистон ҳукми 20 соли зиндони мардеро бетағйир гузошт, ки соли гузашта Фархунда Маликзодаро дар оташ задани Қуръон тӯҳмат зада буд. Ин тӯҳмате, ки маълум шуд, воқеият надорад, боиси куштори ваҳшиёнаи зани 27-сола аз ҷониби тӯдаи мардон дар остонаи ҷашни Наврӯзи соли 2015 шуд. Додгоҳ инчунин ҳукми 10 то 20 соли зиндони 12 омилони дигари қатли бераҳмонаи занро тасдиқ кард. Ҳукми Зайнуддин ва ду нафари дигар баъди дархости бозбинии ҳукм то 20 сол коҳиш дода шуда ҳукми марги нафари чаҳорум ба 10 сол поин оварда шуд. Ин нафар бо сабаби синни кам доштанаш ҳукми камтар гирифт.

Таҳқиқи ҷузъиёти ин ҷиноят баъди чанд муддат собит кард, ки Фархунда, як духтари таҳсилкардаи афғон, фурӯшандагони тӯморро дар назди масҷиде дар Кобул хилофи арзишҳои исломӣ номидааст. Ҳамин боис шудааст, ки як нафаре аз ин тоҷирон ба духтар тӯҳмат зада зидди ӯ тӯдаи мардонро шӯронд. Таҳқиқ нишон дод, ки дар асл Фархунда саҳифаҳои Қуръонро оташ назада будааст.

Ҳукми Додгоҳи олӣ, ки охирин зинаи додхоҳӣ дар низоми додгустарии Афғонистон маҳсуб мешавад, рӯзи 7 март аз ҷониби сухангӯи додситонии кулли Афғонистон Басир Азизӣ тасдиқ шуд. Марди 60-солаи афғон, ки дар назди масҷиде нишаста тӯмор мефурӯхт, Фархунда Маликзодаро дар оташ задани саҳифаҳои китоби муқаддаси мусалмонҳо – Қуръон гунаҳгор кард.

Дар пай даҳҳо марди бағазабомада бо маҳкумияти зан ва бидуни санҷидани дурустии ин иттиҳом ба ӯ дарафтода то мурданаш лату кӯб карданд. Баъдан ҷасадро оташ заданд. Навори видеоии лату кӯби бераҳмонаи Фархунда худи ҳамон рӯз тавассути телефонҳои мобили шоҳидони ин ҳодиса ба Интернет роҳ ёфт ва хашму ғазаби ҷаҳониёнро ба бор овард. Фаъолони ҳуқуқи башар ин ҳодисаро ҳамчун бадтарин намунаи рафтор нисбати зан дар Афғонистон маҳкум карда таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба беҳуқуқии зан ва бидуни ҷалби низоми додгустарӣ ба ин шакл ҳал кардани сарнавишти як зан аз ҷониби мардонро ба боди интиқод кашиданд.

Марги хушунатбори Фархунда мавҷи эътирозҳои гурӯҳҳои ҳуқуқи башар, созмонҳои дифоъ аз занон ва ҳам фаъолони дигарро дар дохили Афғонистон ба бор овард. Президент Ашраф Ғанӣ ва дигар мақомоти Афғонистон ин ҳодисаро маҳкум карда, ба ҷавобгарӣ кашида шудани омилони қатли Фархундаро ваъда доданд.

Такрори саҳна. Фархундаро чӣ гуна кушта буданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:17 0:00

XS
SM
MD
LG