Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кори милиса зиёд шуд, аз муҳофиз кам


Ба муҳофизати мактабҳо ҷалб кардани кормандони милиса дар шаҳри Душанбе даҳҳо нафар аз кормандони ширкатҳои хусусиро аз кор маҳрум кардааст.

Оҷонсиҳои муҳофизатӣ дар пойтахт мегӯянд, бо маҳрум шуданашон аз посбонии мактабҳо маҷбур шуданд як қисми кормандонашонро ихтисор кунанд. Моҳи феврал бо як қарори шаҳрдори Душанбе посбонии мактабҳои миёна бар уҳдаи кормандони милиса вогузор шуд.

"Нафақаам намерасад, бояд кор кунам"

Дар ширкатҳои хусусии муҳофизатӣ асосан онҳое кор мекунанд, ки баъди кор дар сохторҳои қудратӣ ба нафақа баромадаанд.

Наим Ғафуров наздики як моҳ мешавад, ки дар ҷустуҷӯи кор мебошад. Ғафуров 49 сол дошта, қаблан дар сохторҳои қудратӣ кор мекард ва баъди ба нафақа баромадан, барои кор ба яке аз ширкатҳои муҳофизатӣ ҷалб шуд. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, нафақааш он қадар баланд нест ва барои таъмини панҷ фарзандаш маҷбур аст, ки ҷойе кор кунад.

"Ҳоло шукр саломат ҳастам ва барои таъмини фарзандон ба ширкати муҳофизатӣ ба кор даромадам. Мехостам аз ин роҳ даромаде ба даст орам. Саҳар соати 7:30 ба кор мерафтем ва то соати 18:00 ҳамроҳ бо як нафари дигар мактабҳоро посбонӣ мекардем. Маошам ҳам хуб буд ва илова ба нафақаи мегирифтаам бароям даромади иловагӣ буд"-,мегӯяд Наим Ғафуров.

Ба Наим Ғафуров гуфтаанд, ки номаш дар рӯйхати кормандони эҳтиётӣ аст ва баъди гирифтани дархости нав мумкин аст, ширкат ӯро ба кор даъват кунад. Аммо Ғафуров мегӯяд, мунтазири ин даъват шуда наметавонанд ва барои пайдо кардани рӯзӣ маҷбур аст, дигар ҷойи кор ҷустуҷӯ кунад.

"Корхонаҳои будҷавӣ аз муҳофизони хусусӣ даст мекашанд"

То нимаи аввали моҳи феврал мактабҳои шаҳри Душанбе аз ҷониби шахсони алоҳида ва ё ширкатҳои хусусӣ посбонӣ мешуд. Дар мактабҳои шаҳр барои посбонон аз ҳисоби волидайн пул мегирифтанд. Ҳоло пардохти “посбонпулӣ” аз ҷониби волидайн қатъ шуда, кормандони милиса аз буҷаи шаҳр маош мегиранд.

Аммо масъулини ширкатҳои муҳофизатӣ мегӯянд, муҳофизати мактабҳо яке аз манбаъҳои даромади онҳо ба ҳисоб мерафт ва ҳоло муҳофизати тамоми мактабҳое, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешаванд аз онҳо гирифта шудааст.

Як масъули ширкати муҳофизатии маъруф дар Душанбе, ки масъули таъмини амнияти бозорҳои калону мактабҳои зиёд дар пойтахт будааст, гуфт, баъди ҷалби милисаҳо ба муҳофизати мактабҳо, танҳо аз ширкати онҳо ҳудуди 60 корманд ба рухсатии бемузд равон карда шуданд.

Ба қавли ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ки бо сабаби халал ворид шудан ба обрӯи ширкат нахост номаш бурда шавад, гуфт: "Ин нафарон гарчанд нафақахӯр буданд, аммо нафақаи ночиз мегирифтанд. Коргари хуб буданд, аз ҳисоби кор оилаҳояшонро мехӯрониданд. Вақте иншооти муҳофизатӣ аз мо рафт, мо ҳам шартномаро бо онҳо мо қатъ кардем, чун дигар қудрат ба онҳо додани маошро надорем. Нисфи кормандони аз кор рафта занон мебошанд."

Ба гуфтаи ин масъули ширкати муҳофизатӣ, кормандҳони онҳо дар моҳҳои ахир асосан аз муассисаҳои хусусӣ дархости ҳамкорӣ мегиранд.

"Милиса хуб аст ё ширкати муҳофизатӣ?"

Посбонии мактабҳои миёна ва тафтиши ашёи хонандагон пеш аз вуруд ба мактаб дар моҳи сентябри соли гузашта бо оғози соли нави таҳсил шуруъ шуд. Ба ин кор асосан ширкатҳои хусусии муҳофизатӣ ҷалб шуданд. Посбонон муваззаф буданд, танҳо баъди тафтиши дохили сумкаҳояшон хонандагонро ба мактаб роҳ диҳанд.

Масъулини мактабҳо қаблан гуфта буданд, тадбирҳоиэҳтиётӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди телефонҳои мобил ва ҳам эҳтимоли ворид шудани корду васоили дигари хатарзо ба ҷони инсонҳо гирифта шудаанд. Тасмими шаҳрдори Душанбе барои ҷалби кормандони милиса ба посбонии мактабҳо дубора баҳси беҳтар посбонӣ кардани милисаҳо онро ба миён овард, ки милисаҳо хуб посбонӣ мекунанд ё кормандони ширкатҳои муҳофизатӣ?

Онҳое, ки аз иқдоми шаҳрдори Душанбе барои ҷалби милисаҳо ба посбонии мактабҳо пуштибонӣ мекунанд, мегӯянд, кормандони милиса аз посбонони оҷонсиҳои муҳофизатӣ беҳтар мактабҳоро муҳофизат мекунанд. Ба андешаи ин гуруҳ, дар ҳолатҳои сар задани ҳодисаи нохуш милисаҳо сареътар вокуниш карда, ҳамтоёнашонро зудтар барои амал алб мекунанд. Аз ҳама муҳим ба андешаи ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ, бо назардошти табиати мардум насли наврас аз тарси кормандони милиса зиёдтар ба тартибот риоя мекунанд.

Аммо Дилшод Баротов, масъули яке аз ширкатҳои муҳофизатии Душанбе мегӯяд, кори онҳо аз милисаҳо дида беҳтар аст. Зеро ба қавли ҷаноби Баротов, ширкатҳои муҳофизатӣ дар ҳолати гум шудани ягон ашё муваззафанд онро барқарор кунанд.

Ба қавли ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, "дар муассисае, ки мо муҳофизат мекунем агар ягон чиз дуздӣ ё гум шавад мо ҷавобашро медиҳем. Яъне ҳамон чизи гумшударо дубора харида ба ҳамон ширкат бармегардонем. Инчунин мо ҳам мисли милисаҳо гурӯҳи оперативӣ дорем, ки дар ҳолати сар задани ягон ҳодиса бо даъвати посбонон ба ҷойи ҳодиса меравад."

"Ширкатҳо хусусӣ - охирин ҷойи кор барои низомиёни собиқ"

Таҷрибаи ташкили ширкатҳои хусусии муҳофизатӣ дар Тоҷикистон ҳарчанд нав нест, вале солҳои ахир теъдоди ин ширкатҳо бамаротиб афзоиш ёфтааст. Ҳоло танҳо дар шаҳри Душанбе ҳудуди 12 оҷонсии муҳофизатии хусусӣ фаъолият мекунанд.

Дар баробари ин, дар зертобеии Вазорати умури дохилӣ ниҳоде бо номи Хадамоти муҳофиза фаъолият мекунад, ки масъулияти посбононии идораву муассисаҳоро дорад. То соли гузашта дар даромадгоҳи муассисаҳои буҷетӣ посбонони ширкатҳои муҳофизатӣ зиёд ба чашм мерасиданд.

Аммо масъулини ин ширкатҳо мегӯянд, ҳоло муҳофизати аксари муассисаҳои будҷавӣ бар ӯҳдаи милиса вогузор шудааст. Ин кор ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, ба хотири сарфаи маблағҳои будҷа гирифта шудааст, зеро кормандони милиса барои муҳофизати муассиса аз будҷа давлатӣ маош мегиранд.

Дар ширкатҳои хусусии муҳофизатӣ асосан онҳое кор мекунанд, ки баъди кор дар сохторҳои қудратӣ ба нафақа баромадаанд. Ширкатҳои муҳофизатии хусусӣ мегӯянд, онҳо ҳоло асосан намояндагии ташкилотҳои хориҷӣ ва меҳмонхонаҳои маъруфро посбонӣ мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG