Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳарбиёни Тоҷикистону Узбекистон дар як амалиёт "террористонро нобуд" мекунанд


Акс аз бойгонӣ

Неруҳои ҳарбии Тоҷикистону Узбекистон бо гузаронидани машқҳои низомӣ “аз байн бурдани террористон”-ро тамрин мекунанд. Вазорати дифои Узбекистон хабар додааст, ки машқи муштарак аз 16 то 21-уми сентябри соли равон дар размоишгоҳи шаҳри Намангон баргузор мешавад.

Мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон ҳам гуфтанд, дар машқҳои низомӣ бо Узбекистон қушунҳои зудамал, хушкигард, десантӣ ва неруи ҳавоию мудофиаи зиддиҳавоӣ ширкат хоҳанд кард.

Ориф Нозимиён, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, рӯзи 6-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар машқи низомӣ чархболҳои ҳарбӣ истифода мешаванд.

Ба гуфтаи Нозимиён, марҳилаи аввали ин машқи низомӣ бо ҳадафи аз байн бурдани "гуруҳи террористон" доир мегардад ва неруҳои ҳарду кишвар, дар ин машқҳо, ҳамлаи гуруҳи террористони шартиро аз замин ва аз ҳаво маҳв мекунанд.

Дар Вазорати дифои Тоҷикистон нагуфтанд, ки барои размоиш ба Узбекистон чӣ қадар сарбоз мефиристанд. Аммо расонаҳои Узбекистон бар асоси маълумоти Вазорати мудофиаи он кишвар хабар доданд, ки 200 афсари Тоҷикистон дар размоиш ҳузур хоҳанд дошт.

Ба иттилои Вазорати дифои Узбекистон, дар марҳилаи аввали машқҳои низомӣ ҳарбиёни Тоҷикистону Узбекистон "мавзуъи ҳифзи сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ, омодагии неруҳои мусаллаҳи ду кишвар дар роҳи муборизаи муштарак барои аз байн бурдани терроризм ва экстремизмро намоиш хоҳанд дод."

Қарор аст, марҳилаи дуввуми размоиши неруҳои ҳарбии Тоҷикистону Узбекистон, дар шаҳри Оренбурги Русия зери унвони "Марказ 2019" (Центр-2019) баргузор шавад.

Дар як соли ахир ин бори дуввум аст, ки артиши Тоҷикистону Узбекистон машқҳои муштарак баргузор мекунанд. Бори нахуст дар моҳи сентябри соли 2018 дар таълимгоҳи ҳарбии "Чоруқдарон"-и вилояти Суғд машқи низомии муштараки неруҳои мусаллаҳи ду кишвар сурат гирифта буд.

Тошканду Душанбе давоми 27 сол муносибати хеле сард доштанд ва баргузории машқҳои муштараки низомӣ барои артиши ду кишвар имконнопазир буд.

Мақомоти ҳарду ҷониб гуфта буданд, баъди одӣ шудани равобити сиёсии Тоҷикистону Узбекистон ва ба сари қудрат омадани президент Шавкат Мирзиёев, ҳамкориҳои низомӣ миёни ду кишвар густариш ёфтанд.

Ҳарду кишвар таъкид мекунанд, ки таҳдидҳои амниятии созмону гурӯҳҳои ҷангӣ, мисли “Давлати исломӣ”, Толибон, “Ҳаракати исломии Узбекистон” ва қочоқи маводи мухаддир аз хоки Афғонистон зарурати ҳамкориҳои наздиктар ва ҳамоҳангшударо тақозо мекунад.

Шарҳҳоро бинед (1)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG