Пайвандҳои дастрасӣ

"Кори "Россотрудничество" ба тақвияти мавқеи геополитикии Русия равона шудааст"


Даромадгоҳи оҷонсии Россотрудничество дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд намояндагии “Маркази илм ва фарҳанги Русия” боз шуд. Баъди Душанбе ин дуввумин дафтари намояндагии Оҷонси ҳамкориҳои гуманитарии байнулмилалии “Россотрудничество” аст, ки дар Тоҷикистон ба фаъолият шур=ъ мекунад.

Рӯзи 30 ноябр лентаи дари маркази илму фарҳанги Русия дар Хуҷандро Игор Ляпин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон ва Анвар Яъқубӣ,

Тарғиби омузиши забони русӣ, қонунҳо, анъаҳову фарҳанги ин кишвар, дӯстие, ки аз давраи шӯравӣ ибтидо мегирад, як роҳи мустаҳкам кардани мавқеи сиёсӣ ва геополитикии Русия хоҳад буд, ки тавассути намояндагии “Россотрудничество” мехоҳад амалӣ кунад

муовини раиси вилояти Суғд буриданд. Ҷаноби Лякин-Фролов бозшудани ин марказро як ҳодисаи муҳим ва саҳифае наве дар густариши муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Русия номид. Ӯ гуфт, ки тасмими фаъол намудани ин марказ дар мулоқоти раисҷумҳурҳои Русия ва​Тоҷикистон - Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли равон дар Душанбе гирифта шудааст. Ӯ афзуд, ин маркази нав бахше аз ҳамкориҳои стратегии байни ду кишвар аст ва “ба густариши муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар бахшҳои маориф, илм ва фарҳанг, ҳифзи мавқеи забони русӣ мусоидат хоҳад кард.”

Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд аз ҳамкориҳои байни Тоҷикистгону Русия ситоиш кард ва гуфт, боз шудани маркази нав ба ҳамкориҳои серҷабҳаи ин кишварҳо такони наве хоҳад дод.

Таблиғи забони русӣ аз вазифаҳои аввали оҷонсӣ мешавад

Дафтари Оҷонси “Россотрудничество” дар як бинои дутабақа дар маркази Хуҷанд, дар канори факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҷой гирифта, китобхона, утоқи хониши адабиёт, толорҳои комютерӣ ва маҷлисгоҳ дорад. Барномаи кори ин марказ роҳандозии омӯзиши забони русӣ, студияи наққошӣ, ташкили маҳфилҳои эҷодӣ, намоишгоҳҳои ҳунар, конфронсу нишастҳоро дарбар мегирад. Маркази аввалини илму фарҳанги Русия дар Тоҷикистон 2 сентябри соли 2011 дар Душанбе ифтитоҳ шуда буд.

Алексей Фролов, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари Оҷонси “Россотрудничество” гуфт, маркази илму фарҳанги Русия дар Хуҷанд умдатан рӯ ба ҷавононе дорад, ки ба омузиши забони русӣ ва таҳсил дар макотиби олии ин кишвар ҳавас доранд. Ба гуфтаи ӯ, дар соли гузаштаи 2016 ҳудуди 3 ҳазор нафар бо барномаҳои маркази ин ниҳод дар Душанбе ҷалб шудаанд. Ҷаноби Фролов афзуд, ҳарсола барои таҳсили садҳо нафари онҳо дар Русия ҳукумати ин кишвар квота ҷудо мекунад ва дар маҷмӯъ, ҳудуди 7 ҳазор ҷавонони тоҷик ҳамасола барои таҳсил дар донишгоҳҳо ба Русия мераванд. 2 моҳ қабл Русия барои мактабҳои русии Тоҷикистон 8 ҳазор адабиёти дарсӣ тақдим кардаааст.

Муҳоҷирон ва забони русӣ

Коршиносон мегӯянд, барои Тоҷикистон, ки Русияро як шарики стратегӣ мешиносаду соле беш аз як миллион ҷамъияташ дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунад, омӯзиши забон ва фарҳанги русӣ як тақозои замон шудааст. Ба фарқ аз замони шӯравӣ, ки забони русӣ забони давлатӣ ва муоширати байни миллатҳо буд ва ин забонро аксарият дар Тоҷикистон ҳам медонистанд, доираи истеъмол ва муоширати он дар солҳои истиқлолият хеле коҳиш ёфт. Ҷавонҳои тоҷик аксаран ба забони тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд ва танҳо ба ҳангоми сафар ба Русия маҷбур мешаванд онро азхуд кунанд.

Ҷӯра Юсуфӣ, рӯзноманигори маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” дар Хуҷанд мегӯяд, ҳамакнун “Муҳоҷирони оянда ба ин марказ, ки дар қалби Хуҷанд, назди бозори Панҷшанбе ҷойгир аст, меоянд ва русӣ ёд мегиранд, бо адабиёти ғановатманди рус ошно мешаванд.” - афзуд ӯ.

Ҳадафҳои азимтари геостратегӣ

Вале аз дидгоҳи коршиносон, ҳузури як муассисаи пешбарандаи забону фарҳанги русӣ ба Маскав ҳам аз назари манифатҳои геостратегии он дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон муҳим мебошад. Маскав ин минтақаро дар доираи нуфузи худ нигоҳ медорад ва дар баробари пойгоҳи низомиаш бо 7 ҳазор сарбоз, дарк мекунад, ки бояд аз назари фарҳангиву гуманитарӣ майли мардуми маҳаллиро ба Русияву идеологияи он ҳифз кунад.

Неъматуллоҳи Мирсаид, таҳлилгари масоили амнияти минтақаӣ ифтитоҳи дафтари намояндагии оҷонси “Россотрудничество” дар вилояти Суғдро ҷиҳати таҳкими мавқеи дар солҳои охир заъифгардидаи ин давлат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон арзёбӣ мекунад. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 30 ноябр гуфт: “Тарғиби омузиши забони русӣ, қонунҳо, анъаҳову фарҳанги ин кишвар, дӯстие, ки аз давраи шӯравӣ ибтидо мегирад, як роҳи мустаҳкам кардани мавқеи сиёсӣ ва геополитикии Русия хоҳад буд, ки тавассути намояндагии “Россотрудничество” мехоҳад амалӣ кунад”.

Коршиносон мегӯянд, ки ифтитоҳи маркази дуюми фарҳангии Русия дар шимоли Тоҷикистон бесабаб нест. Шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд аз манотиқи аз назари фарҳангиву иқтисодӣ ва саноатӣ пешрафтаи Тоҷикистон буда, элитаи сиёсиву ҳукмрони Тоҷикистон ҳам замони шӯравӣ аз аксар зодагони шимоли кишвар ташкил шудааст. Дарсади сокинон соҳибмаълумот ва ҳам донандагони забону фарҳанги русӣ дар ин минтақа дар 70 соли шӯравӣ ҳам зиёд буд.

Аз сӯи дигар, ба қавли бархе коршиносон, дар паи ифтитоҳи дафтари дуюми Россотрудничество дар марзҳои Қирғизистон – як узви дигари Созмони иқтисодии Авроосиёи зери назари Русия метавонад баъди ин даъватҳои Маскавро барои узвитии Тоҷикистон суръат бахшад. Мақомот дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки пешниҳоди Маскавро “мавриди баррасӣ қарор додаанд”, вале то ҳанӯз посухи мушаххасе дар ин замина надодааст.

Вале Русия, зоҳиран, аз ин талошҳо даст кашиданӣ нест ва ёдовар шудани вазири хориҷаи ин кишвар Сергей Лавров аз мавқеи Душанбе дар ин замина дар як ҷаласаи байналмилалиро бисёриҳо ҳамчун барномаи дигари Маскав дар робита бо Душанбе арзёбӣ карданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG