Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 хонандаи мактаб дуи дигарро латукӯб кардаанд


Мақомоти корҳои дохилӣ панҷ хонандаи мактаби миёнаро барои даст доштан ба ҷиноят дастгир кардаанд.

Тавре аз дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ноболиғон – Фарзод Ҷалилов, Сӯҳроб Муминов, Абдуғаффор Бобоеви 16 сола, Аслам Сафоев ва Садам Муҳиддинови 17 сола, сокинони шаҳри Душанбе, хонандагони мактаби таҳсилоти умумӣ рӯзи 1-уми октябр Сиёвуш Ятимови 24 сола ва Муҳаммад Ҳомидови 19 соларо латукуб намудаанд.

Ин манбаъ гуфт, боздоштшудаҳо рӯзи 1-уми октябри соли равон, тахминан соати 16.00 дақиқа дар маҳаллаи Меҳнатободи шаҳрми Душанбе, ин ду нафарро «бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ лату кӯб намудаанд». Дар натиҷа онҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Давоми ҳафтаи равон ин бори дувум аст, ки мақомот ҳифзи ҳуқуқ наврасон ва ноболиғонро ба таври гурӯҳӣ барои нақзи қонун боздошт мекунанд. Рӯзи 2-уми октябр мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд Тоҳирбек Ҳоҷиеви 21-сола, Ҷамшед Буриев ва Саъдулло Вафоеви 22-соларо бо ҷурми авбошӣ дастгир кардаанд. Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, рӯзи 30-юми сентябри соли равон номбурдагон дар назди яке аз биноҳои кӯчаи Ғалабаи шаҳри Чкалов, бе ягон сабаб нисбати ноболиғ Умедҷон Байзоев, соли таваллудаш 1996 ва шаҳрванд Муҳаммад Ҳафизов, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандагони ҳамон ҷо, суханҳои қабеҳ гуфта, онҳоро лату куб мекунанд. Дар натиҷа ҷабрдидаҳо ҷароҳати вазнини ҷимонӣ мебардоранд.

Боздошти ин наврасон дар ҳолест, ки мақомот аз «ҷавон» шудани синни ҷиноят дар кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд.

Ахиран як хонандаи мактаби миёна дар ноҳияи Файзобод ҳангоми дарс ҳамсинфи худро ба ҳалокат расондааст, ки сару садоҳои зиёдеро дар ҷомеа ба бор овард. Ин ҳодиса рӯзи шанбе, 28 сентябри соли ҷорӣ рух додааст. Ба гуфти як манбаъ аз вазорати корҳои дохилӣ, Одил Бузургов, хонандаи синфи 9-и мактаби миёнаи шумораи 50-и деҳаи Қашқараҳаи ҷамоати Мискинобод ҳамсинфи худ Шодмон Касирови 16-соларо латукӯб карда, ба ҳалокат расондааст.

Наздикони Шодмон Касиров мегӯянд, куштор соати 10:35 ҳангоми дарс, вақте рух додааст, ки муаллими фанни биология ва ҳамзамон ҷонишини мудири мактаб - Назар Чалишов - вориди синфхона шуда, аз хонандагон хоҳиш мекунад, ки чанд дақиқа ором бошанд, то ӯ ба занги телефони дастиаш посух гӯяд.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, вақте муаллим берун меравад, бачаҳои синф сару садо мекунанд ва Шодмон Касиров аз онҳо хоҳиш мекунад, ки амри муаллимро ба ҷо оранд ва хомӯш нишинанд. Ин манбаъ афзуд, ин кори ҳамсинф ба Одил Бузургов писанд намеояд ва ахирӣ як мушт ба соҳаи дилу бо китоб ба сари Шодмон Касиров мезанад. Шодмон Касиров бар асари ин зарбаҳо дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Одил Бузургов, бино ба қавли манбаъи мо, ҳоло дар шӯъбаи милисаи ноҳияи Файзобод нигоҳ дошта мешавад. Бино ба хулосаи экспертизаи тиббӣ, Шодмон Касиров бар асари хунравии дохили сар ба ҳалокат расидааст.

Тибқи иттилоъи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, соли 2012 ноболиғон дар 575 ҷиноят (433 - дуздӣ, 50 - авбошӣ, 23 - ғоратгарӣ, 12 - қаллобӣ, 8 - таҷовуз, 5 - куштор ва ғайра) даст доштаанд ва дар 46 маврид ҳатто духтарони тоҷик низ даст ба ҷиноят задаанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои номатлуб чанде аз мактабҳои Тоҷикистон муҳофиз киро кардаанд ва убуру мурур ба саҳни мактаб ва дохили биноро таҳти назорат гирифтаанд. Вале бо сабаби он ки маблағи харҷи кирои ин муҳофизон аз ҷайби падару модарон аст, баъзе аз мактабҳо бе муҳофиз мондаанд. Мақомоти давлатӣ мегӯянд барои таъмин кардани мактабҳо бо муҳофиз аз тарафи давлат маблағ ҷудо нашудааст.
XS
SM
MD
LG