Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҳизб рафтани 5 узви ҳизби демократ


Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) раҳбари кунуниаш Саидҷаъфар Исмоновро номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ кард, аммо як гурӯҳ ин ҳизбро муваққатан тарк карданд.

Ин тасмим рӯзи сешанбеи 17-уми сентябр зимни баргузории анҷумани ҳизби демократи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гирифта шуд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, вакилони анҷуман ба ҷуз Саидҷаъфар Исмонов, ҳамчунин номи муовини раҳбари ҳизб Таваралӣ Зиёев, Равшан Ғайратов, масъули созмони вилоятии ҳизб ва Аҳмадшоҳи Комилзода, аз демократҳои собиқадорро низ ба унвони номзад ба мақоми президентӣ пешниҳод шуданд, аммо вакилон бо аксарияти оро Исмоновро ба ин мақом пазируфтанд.

Аммо дар ҷараёни баҳсу баррасиҳо, Мамлакат Ҷайчиева, муовини аввали раҳбари ҳизби демократ ва Раҷаби Мирзо, раҳбари созмони душанбегии ҳизб ҳамроҳ бо 3 тани дигар ба нишони эътироз муваққатан аз сафи ҳизб берун шуданд.

Онҳо сабаби эътирози худро ба вуҷуди мухолифатҳои дохили ҳизбӣ рабт доданд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG