Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбаборони боздоштгоҳе дар Яман ҷони даҳҳо нафарро гирифт. ВИДЕО


Дар ин боздоштгоҳ ҳутиҳо беш аз 170 нафар зиндониро нигаҳ медоштанд

Яман дучори маргбортарин ҳамла дар соли ҷорӣ шуд. Ҳавопаймоҳои эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудӣ рӯзи якшанбе як боздоштгоҳи воқеъ дар маркази кишварро, ки зери назари шӯришиён мебошад, мавриди ҳамла қарор дод, ки дар натиҷа беш аз 100 нафар кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт.

Нисфирӯзии душанбе гурӯҳҳои наҷотбахш ҷасади 86 нафарро аз зери овор берун оварданд ва ба ҷустуҷӯи нафарони дигар идома доданд, ки бовар меравад таҳти харобаҳои сохтмоне дар вилояти Замор кушта шуданд. Дафтари Салиби сурхи Яман гуфт, ин боздоштгоҳро шӯришиёни ҳутӣ, ки аз ҷониби Эрон пуштибонӣ мешаванд, ба унвони боздоштгоҳ истифода мекарданд. Рӯзи якшанбе, лаҳзаҳое, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ боздоштгоҳро ҳадаф қарор дод, дар дохили он тахминан 170 нафар қарор дошт. Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх гуфт, ки ба 40 маҷрӯҳ барои муолиҷаи ҷароҳатҳояшон кӯмак карданд.

Франс Раушенштейн, раиси ҳайати Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Яман маҳалли таркишҳои рӯзи якшанберо дидан кард ва тахмин кард, ки эҳтимолан шумори ниҳоии кушташудаҳо аз ин бештар хоҳад буд. Ба гуфтаи ӯ, танҳо чанд нафар аз боздоштшудаҳо беосеб берун оварда шуданд. Ба гуфтаи раиси Салиби Сурх, шояд барои берун овардани ҷасадҳо чандин рӯз лозим шавад.

Эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудӣ, ки соли 2015 зидди ҳутиҳо дар Яман ҷанг эълон карда то кунун барои ҳамлаҳои ҳавоие, ки боиси кушта шудани ҳазорҳо нафар дар мактабҳову бемористонҳо ва ҷашнҳои арӯсӣ шудааст, мавриди интиқоди байналмилалӣ мебошад.

Башрир ад-Давронӣ, сухангӯи Салиби сурхи Яман дар Замор гуфт, ки маҷрӯҳон ба бемористонҳои мухталифи шаҳрҳои Замор ва Санъо интиқол дода шуданд. Замор дар 100-километрии ҷануби Санъо ҷойгир аст.

100 қурбонии бомбаборони эътилофи Саудӣ дар Яман
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:40 0:00

Ӯ низ гуфт, ки корҳои берункашии ҷасадҳо аз зери овор ҳанӯз идома дорад.

Дафтари СММ оид ба ҳуқуқи башар дар Яман тасдиқ кард, ки дар миёни кушташудаҳои ҳамлаҳои ҳавоӣ 52 боздоштшуда низ буданд.

Ин дар ҳолест, ки эътилофи ба раҳбарии Саудӣ анҷоми ҳамлаҳои ҳавоӣ болои боздоштгоҳро рад карда гуфт, ки ҳадафашон он сохтмонҳои ҳутиҳо буд, ки ҳамчун захирагоҳи силоҳу мушакҳо дар Замор истифода мешуд. Эътилоф гуфт, ки амали онҳо “бар асоси қонунҳои башарии байналмилалӣ” дуруст мебошад.

Вале бо ин вуҷуд, ҳутиҳо гуфтанд, ки боздоштшудаҳо нирӯҳои фаводор ба ҳукумати аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътирофшудаи Яман буданд ва дар ин бора Кумитаи байналмилалии Салиби сурх ва эътилоф хабар доштанд.

Сокинони маҳаллӣ гуфтанд, дар ин боздоштгоҳ ҳамчунин аъзои хонаводаи онҳое нигаҳдорӣ мешуданд, ки нибати ҳутиҳо назари интиқодӣ доштанд.

Инчунин, Иттиҳоди модарони рабудашудаҳо, ки аз ҳисоби наздикони аз ҷониби ҳутиҳо боздоштшуда таъсис ёфтааст, гуфт, ки дар ин марказ даҳҳо афроди рабуда ва нопадидшуда аз саросари Яман нигаҳдорӣ мешуданд. Ба гуфтаи гурӯҳи модарон, бархе боздоштшудаҳо дар натиҷаи шиканҷа дар ин марказ ҷон додаанд. Ин гурӯҳ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки таҳқиқи ҳодиса ба роҳ монда шавад.

То ҳол ҷанги шаҳрвандӣ дар Яман ҷони даҳҳо нафарро гирифта, миллионҳо нафарро ба бенавоиву фақр рӯбарӯ кардааст. Мутахассисон мегӯянд, ки Яман сангинтарин бӯҳрони ҷаҳонии башариро пушти сар мекунад.

Шарҳҳоро бинед (3)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG