Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири Саудӣ: "Агар нақши Эрон дар ҳамла собит шавад, ҷавоби муносиб медиҳем"


Одил Ал-Ҷубайр, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ

Одил Ал-Ҷубайр, вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ, гуфт, агар нақши Эрон дар ҳамла ба марказҳои истеҳсоли нафти ин кишвар собит шавад, Риёз ҷавоби муносиб хоҳад дод.

Ба гузориши Ройтерс, Ал-Ҷубайр рӯзи 21-уми сентябр дар нишасти хабарӣ гуфтааст, “Арабистони Саудӣ таҳқиқот мекунад ва баррасиҳои аввал бар ин аст, ки силоҳ дар Эрон сохта шудааст."

Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ гуфт, аз Созмони Милали Муттаҳид мехоҳад, коршиносони худро фиристад, то дар ин таҳқиқот кумак кунанд. Вай гуфт, намояндагони чанде аз кишварҳои дигар низ дар ин бахш бо онҳо ҳамкорӣ доранд.

Ба қавли Ал-Ҷубайр ҳадафи Риёз ин аст, ки маншаъ ё сарчашмаи ҳамла маълум карда шавад: “Мо бовар дорем, ҳамла на аз ҷониби Яман, балки аз тарафи шимол будааст. Таҳқиқот инро собит хоҳад кард.”

Одил Ал-Ҷубайр гуфт, Арабистони Саудӣ бар асоси натиҷаҳои таҳқиқот иқдомоти муносибро хоҳад гирифт, то амният ва суботашро таъмин кунад. Вазири корҳои хориҷии Саудӣ дар бахше дигар аз изҳороташ афзуд, Риёз дар ҳоли мушовара бо муттаҳидонаш барои “анҷоми иқдомоти зарурӣ аст”.

Дар ҳамин ҳол, фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар Эрон нисбат ба ҳар ҳамлаи эҳтимолӣ ба ин кишвар ҳушдор додааст. Ҳусейн Саломӣ рӯзи шанбе дар вокуниш ба гузоришҳо пиромуни ҳамлаи эҳтимолии Амрико ва мутаффиқонаш дар Халиҷи Форс гуфт: "Посухи Эрони ҳадду марз нахоҳад дошт."

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон ҳам пештар ба шабакаи телевизионии CNN гуфтааст, “агар ҷанге алайҳи Эрон дар бигирад, ин ҷанги тамомайёр хоҳад буд.”

Муҳаммдҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон
Муҳаммдҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи ҷумъа ба нақшаи тақвияти нерӯҳои Амрико дар Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб мувофиқа кард. Ҷозеф Данфорд, раиси ситоди муштараки артиши Амрико, рӯзи шанбе гуфт, ҷузъиёт дар бораи барномаи фиристодани нерӯҳои амрикоӣ ба Арабистони Саудӣ ва Иморот баъдан равшан мешавад.

Марк Эспер, вазири дифои Амрико, дар ин маврид гуфт, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб аз онҳо тақозо кардаанд, ки дар бахши нерӯҳои ҳавоӣ кумак кунад. Эспер афзуд, барномаи тақвияти нерӯҳо қадами аввали Амрико хоҳад буд ва ӯ эҳтимоли иқдомоти дигарро низ рад накард.

Марказҳои тавлиди нафти ширкати “Арамко” дар Арабистони Саудӣ рӯзи 14-уми сентябри имсол мавриди ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакӣ қарор гирифт. Масъулияти ҳамлаҳоро ҳусиҳои Яман ба уҳда гирифтааст, ки аз пуштибонии Эрон бархӯрдор аст.

Ин гуруҳ дар гузашта низ чандин бор бо ҳавопаймои бесарнишин ва ва мушакҳо ба хоки Арабистони Саудӣ ҳамла кардааст. Саудӣ иддао мекунад, ки ин силоҳҳоро Эрон ба ҳусиҳо додааст. Теҳрон пайваста ин иттиҳомотро рад мекунад.

Шарҳҳоро бинед (9)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG