Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Риёз дар садри Эътилофи зиддитеррористии кишварҳои исломӣ. ВИДЕО


Вазири мудофиаи Арабистони Саудӣ мегӯяд, ки кишвараш талошҳои Эътилофи низомии кишварҳои исломӣ барои мубориза бо терроризмро ҳамоҳанг хоҳад кард. Рӯзи 26 ноябр дар шаҳри Риёз валиаҳд ва вазири мудофиаи Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон дар ҷаласаи ифтитоҳии Эътилофи зиддитеррорзим изҳороте пахш намуд.

Дар оғоз ӯ ба наздикони 305 қурбонии ҳамла ба масҷид дар нимҷазираи Синои Миср тасаллият баён кард. Сипас Муҳаммад бин Салмон гуфт, ки солҳои зиёд кишварҳои узви Эътилоф аз ҳамлаҳои террористон азият мекашанд, вале то ҳол ҷавоби муштараки ҳамоҳангшуда надодаанд.

Валиаҳди Арабистони Саудӣ умедвор аст, ки ҳар кишвари узви эътилоф дар соҳаи низомӣ, фарҳангӣ, воситаҳои ахбори умум, сармоягузории иқтисодӣ, дин ва идеология барои ҳадафи муштараки мубориза бо терроризм саҳмгир хоҳад буд.

Эътилофи исломии мубориза бо терроризм дар Риёз ситод бунёд мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

Дар ҷаласа генерал-лейтенант Абдулло ас-Солеҳ дабири кулли Эътилофи исломӣ интихоб шуд. Ба қавли ӯ, эътилоф ба ҳамкорӣ бо кишварҳое, ки то ҳанӯз ба ин гурӯҳ шомил нашудаанд, омода аст.

"Кишварҳои ҳамфикр имкон хоҳанд дошт, ки тавассути шартномаҳои дуҷониба мақоми кишвари кумакрасони эътилофро касб кунанд. Ба ин васила ин кишварҳо ҳақ пайдо мекунанд, ки намояндаашонро ба ситоди эътилоф фиристода, дар баррасии ташаббусҳо ширкат варзида, барномаҳоро аз роҳи фаннӣ ва молӣ дастгирӣ кунанд".

Ситоди Эътилоф дар шаҳри Риёз ташкил шуда, ҳар сол вазирони мудофиаи кишварҳои узв як дафъа ҷамъ хоҳанд шуд. Дар нишасти матбуотӣ таъкид шуд, ки Арабистони Саудӣ барои бунёди ситоди Эътилоф муодили 107 миллион доллар ихтисос медиҳад. Эътилоф дар моҳи декбари соли 2016 таъсис ёфта, то кунун дар он 41 кишвар узвият доранд.

Ҳеҷ як ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ ба ин эътилоф шомил нашудааст. Дар ҷаласаи рӯзи якшанбе намояндаи Қатар ҳузур надошт. Моҳи июни соли равон равобити дипломатии Арабистони Саудӣ ва Қатар қатъ шуд. Бар илова Эрон, Ироқ ва Сурия низ дар эътилоф узвият надоранд.

XS
SM
MD
LG