Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишонаҳое аз майли Арабистон барои коҳиши таниш бо Эрон


Тибқи гузоришҳо, Арабистони Саудӣ барои коҳиши таниш бо Эрон, аз сарони шуморе аз кишварҳо хостааст, ки байни Риёз ва Теҳрон миёнҷигарӣ кунанд.

Эрон ва Арабистони Саудӣ, ки ду рақиби суннатӣ дар минтақаи Ховари Миёна ба шумор мераванд, аз январи соли 2017 бо ҳам робитаҳои дипломатӣ надоранд. Танишҳои миёни ду кишвар моҳҳои ахир дар пайи ҳамла ба муассисаҳои нафтӣ дар Арабистони Саудӣ, боз ҳам боло гирифтааст.

Алӣ Рабеъӣ, сухангӯи ҳукумати Эрон рӯзи душанбеи 30-юми сентябр дар ҷараёни нишасти хабарии худ дар бораи хабари фиристодани паём аз сӯи сарони Арабистони Саудӣ ба Эрон гуфт, "хабар хабари дурусте аст". Ӯ афзуд, "паёмҳое аз сӯи бархе сарони кишварҳо аз тарафи саудиҳо ба Ҳасани Рӯҳонӣ ироа шуд. Арабистон агар воқеан дар пайи тағйири рафтор бошад, Эрон аз он истиқбол мекунад".

Рабеъӣ баён кард, "паёмҳое аз сӯи Арабистони Саудӣ ба мо расидааст, аммо бо бояд паёми ошкори онро бидонем ва яке аз паёмҳои он метавонад поёни ҳамла ба Яман бошад. Бахше аз тарҳи сулҳи Ҳурмуз низ кор бо ҳамсоягон, назири Арабистони Саудӣ аст. Бинобар ин, Эрон аз ин раванд истиқбол мекунад". Ӯ шарҳи дигар дар мавриди ҳомили ин паёмҳо ва муҳтавои он ироа накард.

Дар ҳамин рӯз, Аббос Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон дар нишасти хабарии худ дар посух ба пурсише дар мавриди сафари Одил Абдулмаҳдӣ, нахустивазири Ироқ ба Арабистони Саудӣ ва талоши Бағдод барои коҳиши таниш байни Теҳрон ва Риёз изҳор кард, "мо аз ҳар гуна талоше барои коҳиши таниш дар минтақа истиқбол мекунем ва борҳо эълон кардаем, омодагӣ дорем, ки агар ихтилофе вуҷуд дорад, онро бартараф кунем, вале ба назар мерасад, ки тарафи муқобил бар асоси бархе мулоҳизот ин омодагиро надорад".

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон ҳамчунин дар мавриди сафари Одил Абдулмаҳдӣ ба Теҳрон гуфт, "агар эшон бихоҳанд ба Теҳрон биоянд, қадамашон рӯи чашм, вале дар мавриди анҷоми ин сафар чизе ҳанӯз қатъӣ нашудааст".

Ба гузориши расонаҳои байналмилалӣ, нахуствазири Покистон Имрон Хон низ гуфтааст, ки валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон аз ӯ хостааст, ки барои коҳиши таниш бо Эрон, миёнҷигарӣ кунад. Имрон Хон гуфтааст, ки ҳини сафараш аз Исломобод ба Ню-Йорк дар Арабистони Саудӣ таваққуфи кӯтоҳе дошт ва бо Муҳаммад бин Салмон мулоқот кард ва аз ӯ хоста шуд, ки бо "президенти Эрон суҳбат кунад".

Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ дар мусоҳибаи ахири худ бо шабакаи CBS дар мавриди афзоиши танишҳо бо Теҳрон ва вуқӯи як даргирии низомии эҳтимолӣ ҳушдор дод ва гуфт, ки ҳаллу фасли сиёсӣ ва сулҳомез, ба маротиб беҳтар аз даргирии низомӣ аст.

Танишҳо байни Эрон ва Арабистони Саудӣ пас аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба муассисаҳои нафтӣ дар минтақаҳои марказии Арабистони Саудӣ, боло гирифтааст. Гуруҳи Ҳусиҳо дар Яман ба дунбол масъулияти онро ба уҳда гирифт ва гуфт, ки ин ҳамлаҳоро бо истифода аз даҳ ҳавопаймои бидуни сарнишин анҷом додааст. Аммо мақомҳои амрикоӣ дар ин кор Эронро муттаҳам карданд. Эрон ин иттиҳомро радд кардааст.

Валиаҳди Арабистони Саудӣ ҳафтаи гузашта ба вазири дифои Амрико гуфта буд, ки ҳамла ба муассисаҳои нафтии он кишвар, "танише хатарнок барои ҳамаи ҷаҳон ба шумор меравад ва лозим аст барои ҳифзи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ дар баробари он қотеона мавзеъгирӣ кард".

Одил Ал-Ҷубайр, вазири мушовир дар умури хориҷии Арабистони Саудӣ низ чанд рӯз пеш гуфта буд, агар нақши Эрон дар ҳамла ба пойгоҳҳои нафтии ин кишвар дар ҷараёни таҳқиқот исбот шавад, Риёз посухи муносибе ба он хоҳад дод.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG