Анатолий Чубайс - раиси ширкати шабакаҳои муттаҳидаи барқи Русия ё РАО-ЕЭС дар ин бора гуфтааст, тибқи ҳисобҳои қаблӣ тарҳи ин барнома 450 миллион долларро ташкил медиҳад ва саҳми ҷониби Тоҷикистон ҳудуди 18 дар сад аст. Бо вуҷуде, ки ҳануз нуктаи ниҳоӣ дар ин баҳс гузошта нашудааст, изофа намудааст Чубайс. Ин дар ҳолест, ки тибқи қарордоди ду ҷониб 75 дарсади саҳмияи Сангтудаи-1 ба Русия ва 25 дарсади он ба ҷониби Тоҷикистон бояд тааллуқ мегирифт. Ва тибқи қавонини Тоҷикистон ҷонибе, ки 75 дарсади саҳмияро дар даст дорад, ҳаққи назорат бар умури ҷамъияти саҳҳомӣ ва сохтмонро хоҳад дошт.
Коршиносон мегуянд, ин ҳол пайомади нақзи қарордоди нобаробар ва санҷиданошуда бо Русия дар марвиди сохтмони ин ниругоҳ мебошад ва талоши Русия барои ин аст, ки тасмимгирӣ дар мавриди истифода аз ин ниругоҳро дар ихтиёри худ дошта бошад. Аммо бештар аз ин ҳам мушкили дигаре, ки ба назари таҳлилгарон метавонад пеш биояд наҳваи истифодаи аз барқи тавлидии ин ниругоҳ аст. Дар сурате, ки 75 дарсад ва бештар аз он саҳмияи Русия мешавад, мегуянд ин коршиносон, ва дар қарордоди ду ҷониб тарзи истифодаи он мушаххас нашудааст, дорандаи 75 дарсади саҳмия метавонад бо салоҳияти худ фуруши барқи Сангтударо ба роҳ бимонад. Дар чунин ҳолате бо вуҷуди ниёзи Тоҷикистон ба нируи барқ, ширкати РАО-ЕЭС-и Русия метавонад нируи барқи Сангтударо ба хориҷ содир кунад.
Ин коршиносон мегуянд, Тоҷикистон бояд талош кунад, то оғози марҳилаи аввали баҳрабардорӣ аз ниругоҳи барқи обии Сангтуда қарордоди илҳоқиеро бо Русия ба имзо бирасонад, ки тибқи он барқи Сангтудаи-1 дар навбати аввал барои баровардани ниёзҳои Тоҷикистон истифода шавад.
Ниругоҳи Сангтуда-1 тавассути ширкати РАО-ЕЭС –и Русия дар ҳоли эҳдос аст ва барои анҷоми сохтмони он 450 миллион доллар масраф хоҳад шуд. Ин ниругоҳ дар ҳавзаи рудхонаи Вахш тавони тавлиди 670 мегават нируи барқро дорад.
Каримчон Ахмедовро президент кардан даркор. Ки мегуяд, ки гайр аз Рахмону Кабири дигар номзад нест???? Мархамат! Шахсе, ки дар иктисод ва тичорат хеле муваффак аст. Фарзанди фарзонаи точик аст!
Шояд барои рохбарони бонкхои Агроинвестбонк ва Содиротбонк бошад? Ки хамин тарик пулхояшонро аз Швейцария биёрану амонатхои мизочонашонро диханд?
Дар ҳақиқат партзаседание солҳои СССР ба ёдам омад. Ҳамон солҳо ҳама баромада бо даҳони пур фалон қадар ину фалон қадар он дорему кардем мегуфтанд. Вақте ки дар СССР ғалла тамом шуд гуфтанд анборҳоро кушоед. Лекин дар он анборҳо ҳеҷ чиз набуд. Ҳама статистикаву ҳисоботҳо дуруғ буданд барои ҳамин СССР чаппа шуд. Ҳозир ҳамон чиз такрор ёфта истодааст. Дар бораи Рогун барои он нагуфт, ки аз руи ваъдаи худи Раҳмон соли 2020 бояд мардум аз саҳмияи харидаашон фоида медиданд, аммо нашуд ва то бист соли дигар ҳам намешавад. Ахмедов проблемаи асосиро гуфтанд - ин набудани менеджменти дуруст. Дар Роғун баъзе коргарон нимсол аст маош нагирифтаанд.
мЕШУДА БОШАД ВАҚТЕ КИ МАРДУМИ тОҶИКИСТОН БИНАД, КИ ИН МАБЛАҒҲОИ ҒОРАТ КАРДАИ АҲУЛУ АВЛОДИ ПЕШВО Б БА ВАТАН БАРГАДАДУ БА МНФИАТИ ХАЛҚ ИСТИФОДА ШАВАД. мУШРО МЕГӮЯНД АГАР ТАНГАЮ ТИЛЛОЯШРО ГИРӢ ҶИҒ ГУФТА МЕМУРДААСТ. пУЛИ МАРДУМ НАСИБ НАМЕКУНАД.
Фаввора бизад барқ агар аз сари Норак, Нуронӣ нашуд хонаи тоҷик аз он нур. Чун нури дигар ламъа занад аз сари Рогон, Гӯянд,ки зуд шав аз хонаи худ дур.