Пайвандҳои дастрасӣ

Самарқанд - мизбони ҷаласаи вазирони хориҷаи Аврупову Осиёи Марказӣ


Дар шаҳри Самарқанди Узбакистон рӯзи 10 ноябр мулоқоти вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо баргузор мешавад, ки Тоҷикистонро дар ин нишаст раҳбари сиёсати хориҷӣ Сироҷиддин Аслов намояндагӣ мекунад.

Мулоқоти ВКХТоҷикистон бо мақомоти СММ ва ИА

Ба иттилои масъулони Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар нишасти Самарқанд "мавқеи Тоҷикистонро роҷеъ ба масъалаҳои муҳими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ” матраҳ хоҳад кард.

Дар остонаи ин нишаст дар нимаи дуюми рӯзи 9 ноябр Аслов ва Ёвари Дабири кулли СММ оид ба масоили сиёсӣ Мирослав Енча дидору гуфтугӯ анҷом дод. Дар ин нишаст ҳамкориҳои Тоҷикистону СММ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба баррасӣшуд. ВКХ менависад, ки масъалаҳои мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ ва вазъият дар минтақа низ дар меҳвари музокирот қарор доштанд. Субҳи 10 ноябр мулоқоти Аслов бо Комиссари Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва рушд ҷаноби Невен Мимитса баргузор шуд. Дар ин мулоқот татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва масоили дигар баррасӣ шуд.

Вазири тоҷик инчунин қарор аст дар ҳошияи нишастҳои Самарқанд бо ҳамкорони дигараш дидору гуфтугӯҳо анҷом диҳад.

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Мирослав Йенча дар Самарқанд
Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Мирослав Йенча дар Самарқанд

Афғонистон: Стратегияи нави Аврупо барои кишвари ҷангзада

Дар ҳамоиши вазирони хориҷаи Аврупову Осиёи Марказӣ масоили

Масоиле, ки кишварҳо наметавонанд ба танҳоӣ ҳал кунанд, мисли тақсими захираҳои об ваё мубориза бо терроризму ифротгароӣ - аз ҳамон мавзӯъҳоест, ки бояд дар ин нишастҳо матраҳ шаванд

марбут ба ҳамкориҳои минтақавиву байналмилалӣ баррасӣ мешавад. Федерика Могеринӣ, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, ки дар ин ҷаласа аз Брюссел намояндагӣ мекунад, дар остонаи нишаст гуфтааст, ки вазъи Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз масоили мавриди баррасӣ дар ҳамоиши Самарқанд хоҳад буд.

Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, бар асоси стратегияи нави ин ниҳод барои Афғонистон, ки чанд ҳафта пеш қабул шудааст, Аврупо ва коршариконаш дар ҷомеаи байналмилалӣ барои солҳои 2017 то 2020 - 13,6 миллиард евроро ба хотири мусоидат дар ҳалли мушкилоти Афғонистон ихтисос медиҳанд. Стратегияи Аврупо барои Афғонистон бо ҳадафи истиқрори сулҳ ва субот дар ин кишвар ва минтақа, тақвияти қонунҳои демократӣ, мусоидат дар ҳалли мушилоти занон ва ҳуқуқи башар, кӯмак дар рушди иқтисодӣ ва ҳалли масъалаи муҳоҷират қабул шудааст.

Шонси баррасиҳои бози масоили минтақавӣ

Иловатан, дар мулоқоти вазирони хориҷаи ИА ва ОМ сӯҳбат аз дастрасӣ ба захираҳои об, тавсеаи имконоти ҳамкорӣ дар бахши иқтисоду тиҷорати минтақавӣ ва дигарҳо меравад.

“Мушкилоти марбут ба ҳуқуқи башар ва волоияти қонун аз мавзӯъҳои мавриди баррасии мо аст. Иттиҳодияи Аврупо ҳамеша ба ҳайси ҳомии ҳуқуқи инсон ва рушди институтҳои демократӣ баромад кардааст. Мо омода ҳастем ҳамкоронамон дар Осиёи Марказиро барои дастёбӣ ба пешрафт дар ин бахш дастгирӣ кунем”, гуфтааст рӯзи 9 ноябр дар сӯҳбат бо нашрияи Газета.уз Федерика Могеринӣ.

Нишасти Самарқанд дар асл музокироти 13-уми вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо мебошад. Мақомоти аврупоӣ мегӯянд, ки ин ҳамоиш назар ба мулоқотҳои дуҷониба имкониятҳои бештарро барои баррасиҳои бози масоили мавриди нигаронӣ ва ҳамкорӣ фароҳам меорад. “Масоиле, ки кишварҳо наметавонанд ба танҳоӣ ҳал кунанд, мисли тақсими захираҳои об ваё мубориза бо терроризму ифротгароӣ - аз ҳамон мавзӯъҳоест, ки бояд дар ин нишастҳо матраҳ шаванд”, гуфтааст Могеринӣ.

Яке аз таҳаввулоти ахир дар заминаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ ин аст, ки Иттиҳодияи Аврупо ният дорад мизони маблағгузорӣ ё кӯмак ба ОМ-ро то соли 2020 афзоиш диҳад. Невен Мимитса, вазири Иттиҳодияи Аврупо оид ба масъалаҳои рушду ҳамкориҳои байналмилалӣ дар изҳороти рӯзи 8 ноябри худ гуфтааст, ки "Иттиҳоди Аврупо барои устувории минтақа то соли 2020 дар ҳаҷми тахминан 1,2 миллиард евро кӯмак мекунад. Ҳамроҳ бо шарикони Осиёи Марказиамон, мо ташаббусҳо ва ислоҳотеро, ки ба ташкили ҷойҳои корӣ, рушди бахши хусусӣ, ҷалби сармоягузорӣ, мудирияти хуб, идоракунии захираҳои обӣ, ривоҷи соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва идоракунии сарҳадот равона карда шуданд, дастгирӣ мекунем".

Ҳаҷми кӯмакҳои Иттиҳодияи Аврупо ба минтақа то имрӯз 230 миллион евроро ташкил додааст, ки дар маҷмӯъ 110 пружаи марбут ба мубориза бо офатҳои табиӣ, обхезӣ, зилзила ва барномаҳои дигар равона шудааст.

Конфронси байналмилалии таъмини амният ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ

Баробар бо нишасти вазирони умури хориҷаи ОМ ва Аврупо дар Самарқанд қарор аст рӯзҳои 10 ва 11 ноябр Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба таъмини амният ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ ҷараён мегирад. Вазорати хориҷаи Узбакистон гуфтааст, ки дар ҷаласае бо ширкати 500 нафар аз Аврупо, Осиё, ИМА ва созмонҳои мисли СММ, САҲА қарор аст ёвари дабири кулли СММ оид ба масоили сиёсӣ Мирослав Енча иштирок ва суханронӣ кунад. Дар ин ҷаласа дар баробари мақомоти дигар, вазирони хориҷаи Туркия, Эрон, Афғонистон ҳам ширкат мекунанд. Аз ИМА дар ин нишаст раҳбари калони Шӯрои амнияти миллии ИМА дар масоили Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Лиза Кёртис намояндагӣ мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG