Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Маскав Самариддин Раҷабовро аз зиндон раҳо накард. ВИДЕО


Самариддин Раҷабов дар толори додгоҳ. Маскав. 16-уми октябри соли 2019

Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 16-уми октябр ҳукми то моҳи декабри имсол дар ҳабс мондани Самариддин Раҷабов, зодаи Тоҷикистонро бетағйир монд. Вай дар ҷараёни эътирозҳои тобистони имсол дар пойтахти Русия дастгир шуд ва ба "таҳдиди истифода аз зӯр" муттаҳам аст.

Вакилони мудофеъ Анри Сискаришвили ва Сергей Бадамшин талаб карданд, ки ҳукми Самариддин Раҷабов бозбинӣ ва сабук шавад, аммо додрас ҳукми қаблиро бетағйир гузошт.

Қаблан тафтишот Раҷабовро бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ -- "бетартибиҳои оммавӣ" ва "истифода аз зӯр нисбат ба намояндаи ҳукумат" -- айбдор мекард. Дертар яке аз ин моддаҳо аз парванда берун шуд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Додгоҳи Маскав Самариддин Раҷабовро аз зиндон раҳо накард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Дар мурофиаи рӯзи чаҳоршанбе дар додгоҳи шаҳри Маскав Самариддин Раҷабов дар мавриди қазияи худ як таронаи рэп сароид. Дар ҷараёни муҳокимаи ӯ репсарои маъруф дар Русия Оксимирон низ ҳузур дошт. Дар поёни мурофиа Оксимирон аз Раҷабов пурсид, бо кӣ мехост рэп сарояд? Раҷабов гуфт, бо ӯ.

Қабл аз ин, Павел Деревянко, ҳунарманди маъруфи театр ва синамо дар Русия ба дифоъ аз Самариддин Раҷабов садо баланд карда буд. Вале мақомот ин даъватҳоро ба эътибор нагирифтаанд.

Мурофиаи додгоҳии Самариддин Раҷабов
Мурофиаи додгоҳии Самариддин Раҷабов

Раҷабови 21-сола, ки рӯзи 2-юми августи имсол бо ҳукми додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд, дар зиндони "Матросская тишина"-и Маскав нигоҳ дошта мешавад. Самариддин Раҷабов зодаи Тоҷикистон аст, вале дар Русия мактабро хатм карда, ба воя расидааст ва айни замон шаҳрвандии ин кишварро дорад.

Ба гуфтаи вакили мудофеъ, иттиҳоми “истифода аз зӯр” бар пояи шикояти Линник - як корманди пулис, ки ба пароканда кардани тазоҳургарон машғул буд, эълон шудааст.

Мақомоти Русия мегӯянд, Самариддин Раҷабов ба сари Линник як зарфи пластикии обро ҳаво додааст. Линник дар баёноташ гуфтааст, “ман дар пушти гарданам зарбаеро эҳсос кардам, ки дарднок буд". Аммо Линник гуфтааст, дақиқ намедонад, кӣ ба сӯи ӯ зарфи пластикиро ҳаво додааст.

Эътирозҳо ба зидди мақомоти Комиссияи марказии интихоботи Русия рӯзи 27-уми июли имсол дар Маскав баргузор шуда буд. Мухолифон аз он норозӣ буданд, ки мақомот номзадҳои мустақил ва мухолифинро ба интихоботи маҷлиси пойтахти Русия роҳ надодаанд. Мақомот гуфтанд, номзадҳои мухолифин имзои заруриро ҷамъ наовардаанд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG