Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муқоисаи маош дар Қирғизистон ва Тоҷикистон


​Як пажӯҳиш нишон додааст, ки маоши кормандони ширкатҳои мухобиротӣ, сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо дар Қирғизистон дар муқоиса ба музди меҳнати ҳампешаҳои тоҷикашон ду баробар бештар будааст.

"Чаро музди меҳнат дар Қирғизистон аз Тоҷикистон дида бештар аст?" Ин саволест, ки Ҳотиф Умронов - муҳандиси саноати хӯрокворӣ аз худ ва ҳампешагонаш мепурсад. Ӯ ним сол пеш барои такмили ихтисос ба Бишкек, пойтахти Қиғизистон, рафт ва бар иловаи донишу таҷрибаҳои нав аз он ҷо бо худ ин саволро овард, ки то ҳол зеҳнашро машғул медорад.

Ҳотиф Умронов мегӯяд, ки ӯ дар моҳ 3 ҳазор сомонӣ маош мегирад. Дар ҳоле ки ҳампешаҳои ӯ дар Қирғизистон низ барои ҳаҷми баробар бо кори ӯ 5 ҳазор сомонӣ музди меҳнат доштаанд.

Ҳотиф дар Тоҷикистон дар сехи истеҳсоли ҳасиб кор мекунад ва мегӯяд, сифати маҳсулоти онҳо аз ҳасибҳои Қирғизистон камӣ надорад ва ӯ айни кореро анҷом медиҳад, ки ҳампешагонаш дар он кишвари ҳамсоя ба анҷом мерасонанд. Аммо мусоҳиби мо то ба ҳол намефаҳмад, ки чаро маоши ӯ аз маоши ҳамтоёни қирғизаш қариб як баробар камтар аст. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ҳоло дар назди кордеҳаш масъалаи боло бурдани маошро гузоштааст ва агар ин талаби Ҳотиф ба инобат гирифта нашавад, ӯ қасд дорад, корашро дар хориҷа идома диҳад.

Оё маоши Шумо барои зиндагиятон мерасад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:03 0:00

“Ман ин ихтисосро дар яке аз донишгоҳҳои бонофузи Киев омӯхтаам ва бовар дорам, ки дар кишварҳои дунё бо ин касбам ҷойи кор пайдо хоҳам кард,” -- афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, як пажӯҳиши вижа собит кардааст, ки ширкатҳо дар Қирғизистон ба ҳисоби миёна ба коргаронашон ду баробар бештар аз ширкатҳои Тоҷикистон маош медиҳанд. Маркази таҳлилии “El-Group” мизони маошҳоро дар ду кишвари ҳамсоя, ки аз ҳар ҷиҳат бо ҳам монанданд ва дар шароити тақрибан якхела пеш мераванд, таҳқиқ карда ва ба ин хулоса расидааст.

Зепара Саттарова, таҳлилгари маркази “El - Group” ва яке аз муаллифони ин таҳқиқот 15 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар доираи ин таҳқиқот онҳо мизони маошҳоро дар бахшҳои гуногуни иқтисоди ду кишвар таҳлил карда, баъд хулоса баровардаанд. Ба қавли Сатторова, таҳқиқоти онҳо мизони маошҳоро дар ширкатҳои мухобиротӣ, ҷаҳонгардӣ, тарабхонаву меҳмонхонаҳо ва корхонаҳои саноатӣ фаро гирифтааст.

Мусоҳиби мо афзуд, бар замми кам будани мизони маош дар Тоҷикистон нархҳо дар муқоиса бо Қирғизистон ниҳоят гарон будаанд. Ин аст, ки ба таъкиди Зепара Сатторова агар ширкатҳо ба муттахассисон маоши хуб низ пардохт кунанд, билохира коргар имкони пасандоз кардани маошашро пайдо намекунад, чунки бахши аъзами маошашро барои хариди ғизо сарф хоҳад намуд. “Аммо хароҷоти як оила танҳо бо хариди ғизо анҷом намеёбад ва аз ин рӯ бисёре аз кормандони соҳибтаҷриба ва касбӣ ягона роҳи афзун кардани даромади хешро дар муҳоҷират ба кишварҳои дигар мебинанд,” -- мегӯяд Сатторова.

Бо ин вуҷуд муаллифони пажӯҳиш навиштаанд, ки ширкатҳо дар Тоҷикистон аз камбуди кормандони ҳирфаӣ ранҷ мебаранд. Ба фарқ аз Қирғизистон дар Тоҷикистон пайдо кардани кормандони соҳибтаҷриба ва забондон камёфт будаанд ва ширкатҳо барои дарёфти коргари муносиб вақти зиёдро сипарӣ мекардаанд.

Бино ба омори охирини расмӣ музди маоши миёна дар Тоҷикистон ба 918 соомнӣ расидааст, ки бо қурби кунунии бозори арз тақрибан ба 140 доллар баробар мешавад. Дар Қирғизистон музди миёнаи маош ба 18 ҳазор сом, муодили 300 доллар аст. Дар ин росто суоли матраҳ ин аст, ки чаро даромади мардум дар ду кишвари ҳамсоя, ки дар шароитҳои тақрибан ҳамсон ба сар мебаранд аз ҳам то ба ин ҳад фарқ дорад?

Собир Вазиров, номзади илмҳои иқтисодӣ мегӯяд, омилҳои тафовути маош дар ду кишвар мухталифанд, аммо муҳимтарин омил ин баланд будани мизони андозҳо дар Тоҷикистон аст, махсусан андози иҷтимоӣки кордиҳандаро ба боло бурдани маош ҳавасманд намекунад. “Кордеҳ бояд 25 дарсади маоши кормандро ҳамчун андоз бояд пардохт кунад. Ин аст, ки бисёре аз ширкатҳо ба хотири кам пардохт кардани андоз маоши кормандонашонро поин нишон медиҳанд,” –шарҳ дод ӯ.

Собиров мегӯяд, дар аксар ширкатҳои Тоҷикистон муҳосиботи расмӣ ва ғайрирасмӣ ва ё ба истилоҳ “сиёҳ” вуҷуд дорад, ки омори яке ба мақомоти андоз пешниҳод мешавад ва маълумоти дувум танҳо ба хотири истифода дар дохили ширкат вуҷуд доранд.

Коршиносон мегӯянд, то замоне, ки дар Тоҷикистон мизони андозҳо, хусусан андози иҷтимоӣ бозбинӣ нашавад, кордеҳон барои баланд бурдани маоши кормандон ҳавасманд нахоҳанд буд. Гузашта аз ин, соҳибназарон мегӯянд, ки шеваи пешбурди “бизнес” дар Қирғизистон аз Тоҷикистон дида ба маротиб осонтар аст ва ин аст, ки кордеҳ заҳмати коргарро дар Қирғизистон бештар қадр мекунанд.

XS
SM
MD
LG