Ҷузъиёти ин сафар ва санааш дақиқ нест.
Сафари Нарендра Модӣ баъд аз чанд ҳафта танқиди Киев сурат мегирад.
Мақомоти Украина пештар нахуствазири Ҳиндустонро барои он мазаммат карда буданд, ки ҳангоми сафараш ба Маскав раҳбари Русия Владимир Путинро гарм ба оғӯш кашидааст.
Дар хабари Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон гуфта шудааст, ки Модӣ инчунин аз Лаҳистон (Полша) дидан мекунад. Баъзе аз нашрияҳои Лаҳистон навиштанд, ин сафар то охири ҳафтаи ҷорӣ барпо мешавад.