Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари давлатии Путин ба Узбекистон


Президенти Русия Владимир Путин бо сафари давлатии дурӯза ба Узбекистон рафт.

Путинро дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд ҳамтои узбекаш Шавкат Мирзиёев истиқбол гирифтааст.

Қаблан ёвари президенти Русия Юрий Ушаков хабар дода буд, ки Путин 24-25 май бо сафари давлатӣ дар Белорус ва рӯзҳои якшанбею душанбе дар Узбекистон хоҳад буд.

Таҳқиқотҳои байналмилалӣ Узбекистонро ба унвони воридкунандаи асосии молҳои таҳримшудаи Русия меноманд.

Ширкати русии "Газпром" соли 2023 содироти газро, ки ба Аврупо қатъ шуд, ба Узбекистон оғоз кард.

XS
SM
MD
LG