Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабти номзадҳо ба мақоми президентии Эрон оғоз шуд


Сабтиноми расмии номзадҳо ба мақоми президентии Эрон дар интихоботи пеш аз муҳлати ин кишвар рӯзи панҷшанбе оғоз шуд. Ба иттилои Радиои Фардо, раванди сабтиноми номзадҳо панҷ рӯз идома мекунад.

Хабаргузории расмии IRNA иттилоъ дод, аллакай 25 кас номзадии худро ба мақоми президентии Эрон, ки қарор аст 28 июни имсол баргузор шавад, пешниҳод карданд, вале номзадии ҳамаи онҳо рад шудааст.

Рӯйхати ниҳоии номзадҳо ба мақоми президентии Эронро 11 июн Шӯрои нигаҳбон, ки аъзои ӯ таъйин ё аз сӯи Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии ин кишвар тасдиқ мешавад, нашр хоҳад шуд.

Иброҳим Раисӣ, ки бисёриҳо ӯро ҷойгузини эҳтимолии раҳбари рӯҳонии Эрон медонистанд, як чеҳраи ҷанҷолӣ дар миёни эрониён дар хориҷ ва дохили ин кишвар буд.

Чархболе, ки Иброҳим Раисӣ савори он буд, рӯзи 19-уми май ҳангоми бозгашт аз вилояти Озарбойҷони шарқӣ сарнагун шуд. Ӯ ҳамроҳ бо Амир Ҳусейн Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, раиси вилояти Озарбойҷон, имоми намози ҷумъаи Табрез ва чор сарнишини чархбол ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG