Михаил Саакашвилӣ – раиси ҷумҳури собиқи Гурҷистон, волии пешини Одесса ва ҳоло раҳбари Ҷунбиши нирӯҳои нав – шаби 10-уми сентябр дар иҳотаи даҳҳо тан аз тарафдоронаш вориди хоки Украина шуд. Бо вуҷуди мухолифат ва пойфишории мақомоти Киев тарафдорони Саакашвилӣ садди зиндаи нирӯҳои марзбониро рахна карда, ӯро аз хоки Лаҳистон ба ҳудуди Украина ворид намуданд. Ӯро дар ин сафар ҳамсараш Сандра Рулофс, писари ёздаҳсолааш, сиёсатмадори украинӣ Юлия Тимошенко ва теъдоди зиёди хабарнигорон ҳамроҳӣ карданд.
Саакашвилӣ моҳи июли имсол аз ҳаққи шаҳрвандии Укриана маҳрум шуд ва мақомоти Киев гуфта буданд, ки ӯ ҳаққи вуруд ба ин кишварро надорад. Василий Серватюк, муовини раиси хадамоти давлати марзбонии Украина рӯзи якшанбе ба телевизиони “24” гуфт, ду шиносномаи хориҷӣ ва шиносномаи дохилии Саакашвилӣ бекор шудааст ва бояд мусодира гардад. Ӯ иддао кард, ки сиёсамадор аз кишваре, ки омадааст, бозпас фиристода хоҳад шуд.
Ин бори дувум аст, ки Михаил Саакашвилӣ бо ёрии тарафдоронаш вориди хоки Украина мешавад. Бори аввал дар замони Евромайдон, вақте ки президенти собиқи Украина Виктор Янукович ӯро “персона нон грата” эълон карда буд, бо ёрии вакилони Порлумони Аврупо вориди ин кишвар гардид.
Дар оғози рӯзи якшанбе қарор буд, Саакашвилӣ тавассути мусофирбар то гузаргоҳи "Краковетс" дар марзи миёни Лаҳистону Украина биравад. Баъдан ба далели таҷаммӯи тарафдорону мухолифонаш ва, инчунин, нирӯҳои зиёди пулис дар ин минтақа тасмим гирифт, ки тариқи қатор ё поезди “Интерсити” аз Перемишли Лаҳистон худро ба Украина расонад. Аммо ҳаракати қатори "Интерсити" мутаваққиф шуд ва ходимон дар як эълони расмӣ сабабашро ҳузури нафаре донистанд, ки гӯё вуруди ӯ ба хоки Украина мамнӯъст. Михаил Саакашвилӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ин кор бо дастури Киев сурат гирифтааст.
"Раиси ҷумҳур Порошенко ба раҳбари роҳи оҳани Украина дастур додааст, то ҳаракати қаторро дар ҳудуди Иттиҳоди Аврупо, дар Лаҳистон, мутаваққиф кунад. Мегӯянд, то замоне ки ман аз қатор берун наравам, ба садҳо мусофири соҳиби билет иҷозаи рафтан нахоҳанд дод. Ман ҳам билет дорам, аснод дорам. Пулиси Лаҳистон бо ман ҳеч мушкил надорад. Метавонам пурсам, оё тасаввур мекунед, ки мо бо чӣ аҳмақе сари кор дорем?” – суол гузошт ӯ.
Баъдан ӯ дубора тариқи мусофирбар то гузаргоҳи Шегини рафт ва бо ёрии тарафдоронаш вориди хоки Украина шуд. Раиси ҷумҳури пешини Гурҷистон ва фармондори собиқи Одессаи Украина ҳафтаҳои охир дар Аврупо ба сар мебурд ва охири моҳи август эълон кард, ки рӯзи 10-уми сентябр аз тариқи Лаҳистон ё Полша ба Украина мегузарад.
Дар ин миён Гурҷистон барои боздошти Саакашвилии 49-сола дандон тез кардааст. Мақомоти Гурҷистон Саакашвилиро дар пароканда кардани тазоҳуроти осоишта дар моҳи ноябри соли 2007 ва даст доштан дар ҳамла ба шабакаи телевизионии “Имеди” муттаҳам медонанд. Онҳо истирдоди ӯро аз Украина тақозо кардаанд.
Михаил Саакашвилӣ бовар дорад, талаби боздошт ва истирдоди ӯ ба Гурҷистон аз номи “олигарх”-ҳое навишта шудааст, ки аз ҳузураш дар Украина ҳарос доранд. Саакашвилӣ соли 2015, баъди онки шиносномаи Украинаро дарёфт кард ва волии Одесса шуд, аз ҳаққи шаҳрвандии Гурҷистон маҳрум шуд. Баъдан моҳи ноябри соли гузашта ба далели онки мақомоти Киев ислоҳоти муҳимро сарфи назар мекунад, ба истеъфо рафт.
Петр Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, ки соли 2015 Саакашвилиро яке аз дӯстони дерини худ муаррифӣ карда буд, охири моҳи июли имсол аз ҳаққи шаҳрвандии кишвараш маҳрум кард. Саакашвилӣ ин тасмими Порошенкоро маҳкум намуд ва “роҳи ғайрқонунии дур карданаш аз саҳнаи сиёсии Украина” номид.
Саакашвилӣ аз соли 2004 то 2013 президенти Гурҷистон буд.
Михаил Саакашвилӣ мегӯяд, ният дорад дар Украина ҳаққи шаҳврандии худро аз тариқи додгоҳ барқарор кунад ва дубора ба майдони сиёсат баргардад. Бозгашти ӯ дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳафтаи гузашта мақомоти Киев бародари ӯро дар назди хонааш дастгир карданд. Саакашвилӣ тахмин зада буд, ки мақомоти Украина бо ин амали худ талош доранд, фикри ӯро дар мавриди бозгашт ба Киев тағйир диҳанд.
Сафирони ғарб ба худ савол надоданд, ки агар ин гурӯҳи чинояткор мусаллаҳ намебуд, чӣ гуна афсари Алфа аз синааш кушта мешуд ?
18.05.2022 интернет дар Бадахшон қатъ гардидааст. Яъне ту деҳотӣ дур аз Бадахшон шарҳ навиштӣ, зеро дар Хоруғ мебудӣ шарҳ навишта наметавонистӣ барои, ки интернет қатъ буд. Пас, ту дур аз маҳалли нотинҷ , яъне дур аз хатар ба ҷони худ муаян мекунӣ, ки кӣ мардуми он минтақа чӣ мехоҳад? Ба назар мерасад аз дур ба шурандозӣ машғули
Ина ба ту *свиноферма*. Ин мардуми махалчи худшон намедонанд ки чи мехоханд. Дар хакикат ба кисми зиёди мардум душвор аст, лекин талаботи ин мардум ночо аст. Чиноятпешаора гам натен чи коре хоханд, анчом бтан. Аз пайи ду-се чиноятпеша хестану мардумро сарсон ва чомеаро ноором кардан, корест мутлако хато. Барои бехтар кардани шароити зист, муайё кардани шароити зиндагии арзанда, масъалаи маош ва нафака, ташкили чойои кори митинг кардан арзанда аст.
Ха бие хамаро бархам тим,амниятам,милисаям,вазиру казиру,муалиму,военкомату солдату духтуру ва хоказо..ро,Кабрда дарою хоб рав,ана хамончода гайр аз ту дигар кумита нест!
Durust, boyad hama muvofiqi konun amal kunem. Nashnida boshi agar ina aku bishnav az man ki talaboti mardumi jamomadai Xorugh va kishlokhoi girdu atrof ham hamin ast ki boyad hama az rui konun amal kunem, hej talaboti digare pesh ovarda nashudaast. Baroi hamin yak talaboti ba talabi xdt monand ba sarashon lashkar kashidand...