Пайвандҳои дастрасӣ

12-уми январи соли гузашта писари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ яке аз вазифаҳои калидӣ дар сиёсатдории кишвар – курсии раиси шаҳри Душанберо соҳиб шуд. Дар ин як сол вай ба чӣ муваффақиятҳое соҳиб шуду минбаъд чиро бояд аз ӯ интизор бошем?

Раиси ҷавонтарин

Як сол қабл Рустами Эмомалӣ яке аз ҷавонтарин раиси пойтахти кишварҳои ҷаҳон шуд. Бо ин вуҷуд, вай тавонист на танҳо дар миёни зертобеони худ, балки дар миёни вазирону раҳбарони ниҳодҳои дигари давлатӣ обрӯву мартабаеро касб кунад. Дигар хел ҳам шуданаш имкон дошт? Гумон аст. Зеро писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон на танҳо аз пуштибонии беандоза дар низоми давлатдорӣ, балки дар дохили хонавода низ аз чунин ҳимоят бархӯрдор аст.

Ба эътиқоди соҳибназарон, дар тӯли солҳои фаъолияташ дар ҳама ниҳодҳои давлатӣ, писари президент қобилияти фавқуллодаеро аз худ нишон надодааст, аммо ба иштибоҳи ҷиддие ҳам роҳ надодааст.

"Ту сер ҳастӣ. Касе ҳақ надорад ба ту фишор оварад. Касе наметавонад ба ту бигӯяд, ки киро ба кор бигирӣ. Барои ҳамин, туро ба ин вазифа таъйин кардам, каси дигарро ба ин вазифа наметавонистам пешниҳод кунам", - ин суханҳои насиҳатомези президент Раҳмон ба писари раисаш, ки махсус дар ҳузури мардум гуфта шуд, зуд дар бештаре аз расонаҳои ҷаҳонӣ нашр шуданд.

Карйераи бемамоният

Расман Рустами Эмомалӣ фаъолияташ дар сохторҳои давлатиро аз вазифаи сардори Раёсати дастгирии соҳибкории хурду миёнаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон шурӯъ кардааст. Сипас, ӯро ба вазифаи муовини раиси Кумитаи гумруки Тоҷикистон таъйин карданд, ки баъд аз ду сол раҳбарии ин ниҳодро бар дӯш гирифт. Зимнан, дар ин вазифа рутбаи генералиро соҳиб шуд.

Панҷ насиҳати Эмомалӣ Раҳмон ба писараш Рустами Эмомалӣ
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:01:29 0:00

Баъд аз ду соли дигар ба вай вазифаи дигари муҳими давлатӣ – раҳбари Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод пешниҳод шуд. Тӯли ин ҳама сол вай ҳамзамон раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва яке аз моликони тими футболи “Истиқлол” – қаҳрамони чандкаратаи Тоҷикистон мебошад.

Ба бовари соҳибназарон, дар тӯли солҳои фаъолияташ дар ин ҳама ниҳодҳои давлатӣ, писари президент қобилияти фавқуллодаеро аз худ нишон надодааст, аммо ба иштибоҳи ҷиддие ҳам роҳ надодааст. Баъд аз таъйин шудан ба мақоми наве вай маъмулан ба ин сохтор мутахассисони наву ҳамсолонашро даъват мекард, ки ба худаш содиқу ҷойгузини кадрҳои пешин мешуданд.

Душанбеи замони Рустам шукуфта бошад?

Ҳамакнун, нахустин соли раҳбариаш дар пойтахти кишвар паси сар мешавад. Бояд иқрор шавем, ки мисли пешин Рустам дар кори худ ҳеҷ иштибоҳи чашмрасе содир накардааст ва ҳамвора дунболи усули иқдомҳои санҷидашуда мебошад. Дар ҳамин ҳол, дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нафарони зиёде иддао доранд, ки писари президент ба дастовардҳои бузурге ноил шуда, дар як соли раҳбариаш “Душанбе шукуфон шудааст”

Сайфулло Сафаров.
Сайфулло Сафаров.

“Ба арчаи солинавӣ бингаред, ки ҳатто бо гузашти як ҳафтаи фарорасии Соли нав мардум ба дидани зебоии ин арча мешитобанд", - мегӯяд бо фахр яке аз вакилони Маҷлиси вакилони ҳалқи шаҳри Душанбе Сайфулло Сафаров. Ӯ афзуд, "сокинон аз ин арчаву ороишоти дигари солинавии пойтахт ба ҳайрат омадаанд. Ин танҳо фикри шахсии ман нест, балки бештаре аз сокинон бар ин назаранд. Мӯъҷизае рух дод, ки дар пайи он аҳолӣ гӯё аз нав рӯҳи тоза гирифта, бесаброна интизори иқдомҳои нав аст."

Ба бовари Сафаров, дар соли нахустини раҳбариаш дар пойтахти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ худро ба унвони раиси пурэнержӣ муаррифӣ кард. "Вай аз интизориҳои мо ду баробар бештар қобилиятҳояшро ба намоиш гузошт. Рустами Эмомалӣ тавонист сохтмонҳои нотамоми замони раҳбари пешинро ба анҷом расонад. Самтҳои нави ободкорӣ, ба мисли сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар маҳаллаҳои пойтахтро оғоз карда, таҷдиди низоми мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанберо рӯйи даст гирифт", - мегӯяд вакили Маҷлиси шаҳрӣ.

Сохтмони манзил ҳамчунон мушкили ҷиддӣ аст

Аммо на ҳама ба фаъолияти раиси нави пойтахт хушбин ҳастанд. Гурӯҳе аз сокинони Душанбе, ки солҳои ахир бо мушкилоти сохтмони манзил рӯбарӯ шудаанд, мегӯянд, баъд аз сари кор омадани писари раиси ҷумҳур ин мушкил на танҳо ҳалли худро пайдо накард, балкӣ дар бархе ҳолатҳо амиқтар мешавад. Бо омадани Рустам, мавзӯи баҳсбарангези тахриби биноҳои таърихӣ дар Душанбе на танҳо мутаввақиф нашуд, балкӣ бо “илҳоми тоза” идома ёфт. Танҳо баҳсҳои густурдаи ҷамъиятӣ барои наҷоти ҷойхонаи “Роҳат” аз тахрибшавӣ барои муддате ин равандро ба таъхир даровард.

Чойхонаи "Роҳат"
Чойхонаи "Роҳат"

Сокинони пойтахт ҳамчунин дар робита ба фаъолияти нақлиёти мусофирбар интиқодҳои зиёде доранд. Аз як сӯ, талош барои роҳандозии низому қонуният дар ин арса дида мешавад. Зеро, таксиҳои ғайриқонунӣ манъ ва дар Туркия автобсуҳои нав харидорӣ шуданд. Аз тарафи дигар, дар хиёбонҳои шаҳр камбуди нақлиёт эҳсос шуда, дар соатҳои “долу зарб” мусофиркашони хусусӣ нархҳоро боло мебаранд.

“Рӯзномаи мо вокунишҳои зиёди хонандаҳо ба матлабҳои нашркардаамонро дарёфт мекунад. Бештаре аз хонандаҳо фаъолияти Рустами Эмомалӣ дар вазифаи раиси пойтахт дар як соли гузаштаро мусбат арзёбӣ мекунанд", - мегӯяд раҳбари гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” Умед Бобохонов.

Умед Бобохонов.
Умед Бобохонов.

"Мо худ низ тағйиротҳои хубе дар симои зоҳирии шаҳрамонро эҳсос мекунем. Ба унвони мисол, якбора миқдори майдоначаҳои варзишии наздиҳавлигӣ афзоиш ёфтанд. Сокинон ин иқдомро аз дер боз интизор буданд. Боғҳои шаҳрӣ ва симои биноҳо бозсозӣ шуданд. Мо хуб медонем, ки бархе аз ин тарҳҳо аз ҳисоби манбаъҳои ғайри шаҳрӣ, бахусус сохторҳои ҷумҳуриявӣ сармоягузорӣ мешаванд. Ҳоло тамоми кишвар ба раиси нав ва пойтахти Тоҷикистон кӯмак мекунад. Ҳамчун сокини шаҳри Душанбе аз ин раванд хушҳолам. Аммо, ба унвони шаҳрванди Тоҷикистон дар фикр мемонам, ки оё чунин кӯмакҳо хилофи манфиатҳои худи минтақаҳо ва вазоратхонаҳо нест магар? Мехостам аз раиси нави Душанбе шаффофияти бештареро дар фаъолияташ ва харҷи будҷаи пойтахтро бубинам”.

Дурнамои президентӣ

Соли аввал нест, ки ҳамагон Рустами Эмомалиро ҳамчун номзади шумораи 1 ба вазифаи президенти Тоҷикистон ва пешрафтҳояш дар фаъолияти давлатиро ба ин мавзӯъ вобаста медонанд.

“Писари президентро ин ҳама сол “аз дасташ кашола карда”, дар вазифаҳои калидии давлатӣ таъйин мекунанд, то вай тавонад таҷрибаи ҳаматарафа пайдо кунад. Ҳамчунин умед доранд, ки вай дар сатҳи миёнаи роҳбарияти ин ниҳодҳои давлатӣ тими боэътимоди ҷонибдоронашро гирдиҳам оварад, -мегӯяд сиёстшиноси тоҷик, ки нахост исмаш ифшо шавад. – Вақте ӯро ба вазифаи раҳбари Хадамоти гумрук ё Оҷонсии зидди фасод таъйин карданд, ҳама умедвор буданд, ки аз боздоштҳои пурсарусадои фасодкорон дар миёни мақомоти баландпоя хабар мерасад, аммо чизеро мо дар ин бора нашунидем. Вай гӯё як марҳилаи муҳими таҷрибаомӯзӣ дар соли охири таҳсил дар донишгоҳҳро мегузашт”.

Шоҳрух Саидов.
Шоҳрух Саидов.

Нуктаи муҳими дигар ин аст, ки дӯстони Рустами Эмомалӣ ба вазифаҳои мухталифи баланди афсарӣ дар сохтори калидии ниҳодҳои интизомӣ таъйин мешаванд. Бо эҳтимоли зиёд, ин раванд дар 3-4 соли оянда то замони ивази комили раҳбарони сохторҳои қудратӣ ба нафарони содиқ ба писари раиси ҷумҳур идома меёбад. Аллакай ҳама шоҳид шуданд, ки дӯсти наздики раиси шаҳр Шоҳрух Саидов, ҳаммолики тими футболи “Истиқлол” ба вазифаи сардори Хадамоти ҷустуҷӯи ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин карда шуд. Ахиран, Сӯҳроб Раупов, сардори қисми низомии машҳури 3502, ки низ аз дӯстони наздики писари президент унвон мешавад, вазифаи фармондеҳи нерӯҳои дохилии ВКД-ро соҳиб шуд.

Камбуди таҷриба

“Ин кадри хеле ояндадор барои кишварамон аст. Аммо, фикр мекунам, сӯҳбатҳо дар бораи номзади воқеӣ буданаш ба вазифаи президентӣ ҳанӯз барвақт аст, - мегӯяд Сайфулло Сафаров. – Албатта, мардум метавонад ин мавзӯъро ҳарчӣ қадар хоҳад, баррасӣ кунад, вале Рустам барои рушди Душанбе бароямон даркор аст. Гузашта аз ин, худи Рустамро низ зарур аст, ки таҷрибаи бештари раҳбарӣ дар пойтахт баҳравар шавад”.

Умед Бобохонов низ баъйид намедонад, ки мақомоти баландпояи кишвар Рустамро ба унвони номзади асосӣ ба вазифаи президенти Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд, аммо “ӯро зарур аст ҳоло таҷриба бигираду рушд кунад”.

Эдвард Лемон, мутахассиси кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Коламбияи ИМА бар ин назар аст, ки зоҳиран Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад Рустамро ҷойгузини худ созад. Аммо Рустамро зарур аст барои ноил шудан ба симмат талош кунад, зеро ҳоло вай наметавонад обрӯву мартаба ва қонунияти раиси ҷумҳури Тоҷикистони феълиро соҳиб шавад.

“Рустамро зарур меояд бо тағои обрӯмандаш Ҳасан Ассадуллозода ва ҷуфти “Озода-Ҷамолиддин” (Озода Раҳмон, духтари раиси ҷумҳур ва раҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва шавҳараш Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон), ки низоми молии кишварро зери назорат доранд, муомила анҷом диҳад ё онҳоро аз мақомоти давлатӣ дур созад. Танҳо дар ин сурат метавон хулоса кард, ки оё Рустам ба президентӣ омода аст ё на. Падараш дар ин замина хеле бозингари ботаҷриба шудааст. Падараш метавонад барои муддате бо мухолифонаш забон ёбад ва сипас онҳоро барканор созад. Боварӣ надорам, ки Рустам чунин таҷрибаҳоро доро бошад”, - мӯътақид аст Лемон.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG