Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия Осиёи Миёнаро аз "Давлати исломӣ" ҳушдор дод


Александр Бортников, раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия.
Александр Бортников, раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия.

Як мақоми баландпояи амниятии Русия аз хатарҳои ношӣ аз гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ), ҳушдор додааст.

Раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия Александр Бортников дар нишасти 37-уми Шӯрои раҳбароин хадамоти амнияти кишварҳои ИДМ дар Остона дар мавриди таҳдидҳои ношӣ аз Давлати исломӣ ҳушдор додааст.

Хабаргузории русии "Интерфакс" ба нақл аз оқои Бортников навиштааст, "вазъияти ниҳоят фавқулодда дар Ховари Миёна ба миён омадааст, ки дар асоси "Давлати исломӣ" ифротгароии фаромиллӣ дар ҳоли шакл гирифтан мебошад. Ифротгароён тамриҳои ҳарбӣ ва низомиро дар Ироқ ва Сурия гирифта ва озими кишварҳои худ ба ҳайси мураббӣ, ташвиқгар ва мутахассисони ташкил ва махфӣ гардонидани гурӯҳҳои бандитӣ мешаванд, ки ҳамзамон тамоси зичи худро бо Давлати исломӣ нигоҳ хоҳанд дошт."

Ҳамзамон вай гуфтааст, ки кишварҳои ИДМ барои террористони фаромиллӣ ҳадафи муносибе хоҳанд буд, чунки дар ҳайати ин гурӯҳҳои бандитии байналмилалӣ, ҷангиён аз ин кишварҳо ИДМ ва Иттиҳодияи Аврупо низ ҳузур доранд.

Ба гуфтаи раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия, гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз ҷиҳати молиявӣ худкифо аст, “ин сохтор на танҳо аз ҷониби режимҳои ифротӣ, даромадҳо аз ҳисоби фурӯши мухаддирот, хариду фурӯши одамон фаъолият мекунад, инчунин даромади онҳо аз ҳисоби истихроҷи ғайриқонунии нафт аст. Дар ин минтақа барои қаллобон як бозори пасипардагии сӯзишворӣ шакл гирифтааст, ки тоҷирони нафт бо ин роҳ амалан террористҳоро сарпарастӣ мекунанд.”

Оқои Бортиков гуфтааст, таҷрибаи харобиовари "Давлати исломӣ"-ро гурӯҳи ифротии Толибон ва гурӯҳои вобаста ба он дар Покистон ва Афғонистон метавонанд аз худ кунанд, ки ба кишварҳои ИДМ низ хатар дорад. Ба гуфтаи вай, берун шудани нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон дар поёни соли ҷорӣ, хатарҳои фаъол шудани гурӯҳҳои террористиро дар Афғонистон ва густариш ёфтани ҷуғрофии фаъолияти онҳо то кишварҳои Осиёи Миёнагии ИДМ-ро боз ҳам бештар кардааст.

Тибқи иттилои масъулони Шӯрои амнияти Русия дар ҳоли ҳозир беш аз 800 шаҳрвандони Русия дар сафҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" меҷанганд. Мақомоти Тоҷикистон ҳам аз ҳузури ҳудуди 200 шаҳрванди ин кишвар дар сафҳои "Давлати исломӣ" хабар дода буданд. Дар сафаҳоти интернет наворҳои ҷангиёни чечен, доғистонӣ ва узбак, ки дар сафҳои ин гурӯҳ меразманд, ба нашр расидааст.

XS
SM
MD
LG