Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҳир Султонов: Сарбози русро он рӯз бори аввал дидам


Тоҳир Султонов
Тоҳир Султонов

Ронандаи таксӣ, ки мавриди ҳамлаи сарбози пойгоҳи 201 Русия қарор гирифт, дар нахустин сӯҳбаташ аз бемористон тафсилоти ҳодисаи рӯзи 21 августро нақл кард.

Тоҳир Султонов, таксирони тоҷик рӯзи 26 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз беморхонаи ба номи Бӯри Воҳидови шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, ки ҳарҷанд ба ҳуш омадааст, аммо ҷароҳати бардоштааш ӯро азият медиҳад ва нафасгириашро душвор кардаанд. Ӯ мегӯяд, ки бо он ки панҷ рӯз боз дар бемористон аст, аммо боз ҳам наметавонад ҳаракат кунад. Султонов мегӯяд, ки зарбаҳои бамаротиби корд бештар ба ноҳияи шикамаш осеб расонидаанд.

Тоҳир Султонов дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ки ду сол боз бо мошини худ мусофир мекашонад ва сарбози русро, ки бо корд ба сараш тохт, ҳамон рӯз бори аввал дидааст. "Ман намедонистам, ки вай чӣ нақша дорад ва чӣ кор мекунад. Аз Душанбе савор шуда гуфт, ки ба Қӯрғонтеппа меравам. Худаш танҳо дар қафо нишаст. Ҳарчанд маст набуд, аммо сару рӯяш мисли инки арақи сард карда буд. Гуфт мошинро манъ кун, маън кардам, баромад, об рехтам, хостам, ки ба сараш об резам. Ногоҳ хесту дар мошинам нишасту ҳаракат кард, мошин яктарафа ба болои ман чапа шуд. Баъд маро ба корд зад", гуфт Тоҳир дар тафсилоти ҳодисаи рӯзи 21 август.

Бинобар хулосаҳои муқаддамотии тафтишот, он рӯз сарбози пойгоҳи 201 Русия Дмитрий Толстой таксии Султоновро аз шаҳри Душанбе то Қӯрғонтеппа киро карда, баъди расидан ба Қӯрғотеппа аз ронанда хостааст, ки ӯро ба соҳили дарё бубарад. Дар ҳудуди деҳаи Заргари ноҳияи Бохтар, дар 14-километрии Қӯрғонтеппа Толстой бо корд ба ронандаи тоҷик ҳамла карда ӯро шадидан захмӣ кардааст. Ҳоло ин сарбоз дар боздошт аст, таҳқиқи пешакӣ шурӯъ шудааст. Ронанда Тоҳир Султонов дар бемористони вилоятӣ таҳти муроқибати табибон аст.

Тафтишот: Дмитрий Толстой пули таксӣ надошт

Як манбаи радиои Озодӣ дар раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон, ки дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ иштирок мекунад, гуфт, сарбози 23-солаи пойгоҳи 201 Русия Дмитрий Толстой эътироф кардааст, ки мушкили пул боиси ҳамлаи ӯ ба таксирони тоҷик шудааст. Ходими полисе, ки ҳамроҳ бо муфаттишони додситонии вилояти Хатлон дар таҳқиқи ин қазия иштирок мекунад, гуфт, дар бозпурсиҳои аввалинаш Дмитрий Толстой гуфтааст, ки асли моҷаро дар он аст, ки ӯ аз хизмати таксирон истифода карда, вале барои пардохти ҳаққи хизмати ӯ пуле надоштааст. Ҳодиса рӯзи 21 август дар ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар рух дод.

Ҳарду машварат кардаанд, ки барои расидан то гарнизони пойгоҳи 201 дар ин шаҳр 80 сомонӣ маблағ пардохт мешавад. Толстой гуфтааст, ки дар воқеъ дар кисааш танҳо 40 сомонӣ пул дошт. Вале баъди расидан ба Қӯрғонтеппа гӯё сарбоз фикрашро дигар карда хостааст ба лаби дарё биравад. Дар ҳудуди ноҳияи Бохтар, 14-километрии Қӯрғонтеппа сарбоз ба ронандаи таксӣ гӯё гуфтааст, ки дарди шадиди сар дорад ва аз ӯ хоҳиш кардааст, ки ба сараш оби сард бирезад. Таксӣ дар соҳили дарёи Вахш, дар ҳудуди ҷамоати Заргар манъ шуд. Ба гуфтаи намояндаи тафтишот, сарбоз ба таксирон ҳамла карда ӯро чандин бор бо корд зада захмӣ кардааст.

Дмитрий Толстой ба тафтишот гуфтааст, ки дар вақти сар задани ин ҳодиса маст набуд, балки аз камбуди пул азоб мекашид. Вай гуфтааст, ки тамоми пули коркардаашро ба ҳамсари ҳомиладораш ба Русия мефиристад ва аз ҳамин хотир ҳам вақтҳои охир аз таксиронҳои маҳаллӣ қарзи зиёд дошт. Пулисе, ки ба ин қазия ошноӣ дорад, мегӯяд, бозпурсии сарбози рус идома дорад. Алайҳи сарбози пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон Дмитрий Толстой, ки рӯзи 21 август дар маҳалли ҳодиса боздошт шудааст, тибқи моддаи 110-и Кодекси ҷиноӣ (“дониста расонидани осеби сангини ҷисмонӣ”) парванда боз шуд. Ин парванда баъди таҳқиқи ҷониби Тоҷикистон, мувофиқи созишномаи миёни ду кишвар, ба муфаттишони низомии Русия ироа мешавад. Дар ҳамин ҳол, рӯзи 26 август Зокирҷон Султонов, бародари Тоҳир Султонови маҷрӯҳшуда гуфт, ки додараш бо тафтишот ҳамкорӣ мекунад. Табибони бемористони ба номи Бӯрӣ Воҳидови вилояти Хатлон мегӯянд, Султонов дар ҳолати вазнин оварда шуд ва ҷарроҳиро аз сар гузарондааст.

Ҳоло, ба гуфтаи онҳо, саломатии ронандаи таксӣ хуб аст ва харҷи табобати ӯ ба зимаи хонаводааш будааст. Ҳодисаи кордзании сарбози рус ба таксирони тоҷик дар ҳолест, ки рӯзи 26 август интизор меравад ҳукми ду сарбози дигари пойгоҳи 201 Русия аз рӯи ҳодисаи куштори бераҳмонаи як таксирони дигари тоҷик содир шавад. Айбдоркунандаи давлатӣ дирӯз аз додгоҳ хост, ки Илдар Сахапов ва Федор Басимов барои куштори Раҳимҷон Тешабоев дар моҳи августи соли 2014 ба 14 ва 18 соли зиндон маҳкум шаванд.

XS
SM
MD
LG