Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ҷашни Масленитса таҷлил шуд. ВИДЕО


Саҳнаи оташ задани хӯса дар ҷашни Масленитса

Нахустин бор дар кӯҳистони пурбарфи осоишгоҳи Сафеддараи Тоҷикистон иди русии Масленитса таҷлил шуд ва дар миёни меҳмонони ҷашн сафири Русия Игор Лякин-Фролов ҳам буд.

Дар ҷашни миллии худ рӯзи 18 феврал сафири Русия кулоҳи русии «кубанка»-ро ба сар карда буд. Ин кулоҳ, ки мисли папаха пашмин, вале кӯтоҳтар аст, дар гузаштаҳо бештар аз ҷониби низомиёни рус ба сар

Дар миёни меҳмонон имрӯз намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва дипломатҳои хориҷӣ ҳастанд. Ин ид ҳамаро муттаҳид мекунад, аслан сиёсӣ нест

карда мешуд. Вале худи дипломати баландпоя дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аломатҳои сиёсии ин кулоҳро рад кард ва гуфт:

«Ин як иди русӣ аст ва ба пешвози баҳор ташкил мешавад. Чалпак (блин)-е, ки сари миз гузошта мешавад, рамзи Офтобро дорад. Барф об ва табиат бедор мешавад. Ба фикри ман, муҳоҷирони зиёди тоҷик дар Русия ҳам ҳоло бо дӯстону ҳамкоронашон дар Русия ин идро таҷлил мекунанд. Умед дорем, ки дар Тоҷикистон ҳам ин ҷашн ҳамаҷониба таҷлил мешавад, чунки дар асл ин як иди байналмилалӣ аст».

Кубанкаро бештар гурӯҳҳои ниманизомии казакҳои рус ба сар мекунанд, вале дар солҳои охир ҷудоиталабони украинӣ дар минтақаи Донбасс ҳам дар майдони ҷанг бо ҳамин кулоҳ дида шуданд. Рӯзи таҷлили Масленитса ташаббускорони он талош доштанд ба як иди мардумӣ ва орӣ аз сиёсат будани он таъкид кунанд, вале ҳузури афроди баландпояву дипломатҳои кишвари хориҷӣ ба рӯҳияи ҷашн мазмуни расмӣ зам мекард.

Таҷлили бошукӯҳи Масленитса дар ҳолест, ки мақомот дар Тоҷикистон солҳои охир ба ҷашнгирии ҳаргуна иду ҷашнҳо ботаваҷҷӯҳ муносибат мекунанд ва дар забони онҳо мафҳуми «ҷашни бегона» ҳам садо медиҳад. Як чунин ҷашни баҳсбарангез – Иди ошиқон ё Рӯзи Валентин аст, ки 14 феврал дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта шуд. Ин идро қишри ҷавон ва бештар шаҳрии Тоҷикистон ҳам ҷашн мегирад, вале назарҳо дар бораи «бегона», «хоси ғайримусалмонҳо» ва «ғайриахлоқӣ» будани он ҳам дар як кишвари аксар мусалмоннишин зиёд ба гӯш мерасад.

Дар Тоҷикистон Масленитса таҷлил шуд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:55 0:00

Вале намояндагони сохторҳои фарҳангиву дипломатии Русия таъкид мекунанд, ки Масленитса иди ғайримазҳабӣ буда, онро мешавад иди баҳор номид.

Раҳбари намояндагии ширкати "Россотрудничество" Михаил Вождаев гуфт, осоишгоҳи зимистонаи Сафеддара танҳо макони таҷлили Масленитса набуд. Вай гуфт, ки пеш аз ин ҷашн дар Донишгоҳи Славянӣ ҳам ид шуд ва дар он намояндагони ҷомеаи рустаборҳои Тоҷикистон ширкат карданд.

«Вақте масъулони Сафеддара аз мо хостанд, ки идро дар ин ҷо гузаронем, шод шудем. Аз ҷавонҳои узви гурӯҳи мусиқии донишгоҳ хостем, ки омада рақсу бозӣ ташкил кунанд. Дар миёни меҳмонон имрӯз намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва дипломатҳои хориҷӣ ҳастанд. Ин ид ҳамаро муттаҳид мекунад, аслан сиёсӣ нест. Ҳоло худам ҳам мераваму чалпакҳоро мечашам».

Дар барномаи ҳунарии гурӯҳи мусиқии донишгоҳ таронаҳои мардумии русиву лӯлиёна садо дод. Дар ниҳояти базм аз рӯи расми қабулшудаи Масленитса хӯсае оташ зада шуд ва дар атрофи он давра-давра гашта суруд хонданд. Дар миёни онҳо кӯдакон ҳам зиёд буданд.

Амир Исаев, як сокини Душанбе, ки дар ҷашни Сафеддара ширкат кард, гуфт, вақте шукӯҳи ҷашнро дид, шод шуд. Вай мегӯяд, яке аз волидонаш рус аст ва дар ин рӯз тавонист мисли русҳо аз таҳи дил чалпак хӯрда рақсу бозӣ кунад.

Зимнан, сафири Русия изҳори умедворӣ кард, ки «бо назардошти равобити дӯстонаи байни кишварҳо» шояд ин идро мешавад дар ҳошияи Наврӯзи байналмилалӣ ҳам таҷлил кард.

Масленитса як иди қадимаи славянӣ буда, он аз даврони оташпарастӣ ҳифз шудааст. Ин ид ҳамчун рамзи баробарии шабу рӯз таҷлил мешавад. Дар гузашта мардуми славянӣ идро дар шабурӯзи таҷлили Наврӯз ид мекард, вале баъди қабули дини масеҳӣ таърихи таҷлили он ба остонаи ҷашни Рӯзаи бузург ва остонаи Иди Пок тағйир дода шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG