Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешрафти "Газпром" дар кони Сариқамиш


Екатерина Кожевникова, сухангӯи «Gazprom International”
Екатерина Кожевникова, сухангӯи «Gazprom International”

«Gazprom -International”-и Русия мегӯяд, корҳои пармакуниро дар кони Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав анҷом дода, захираҳои эҳтимолиашро таҳқиқ мекунад.

Екатерина Кожевникова, сухангӯи ширкати «Gazprom International” рӯзи 1 июл дар як мусоҳибаи катбӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ин ширкат дар мавзеъи Сариқамиш чоҳҳоро то умқи 6 450 метр парма кардааст. Ин дар ҳолест, ки умқи чоҳ, тибқи лоиҳа, 6300 метр муқаррар шуда буд. Бино бар иттилоъи хонум Кожевникова, ҳамакнун дар ин чоҳ озмоишҳо ҷараён дошта, танҳо баъд аз анҷоми ин корҳо метавон дар мавриди ояндаи ин чоҳ ва истихроҷи газ сӯҳбат кард.


Ҳама дидаҳо ба сӯи гази Сариқамиш
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00
Линки мустақим


Аммо Азим Иброҳим, раиси Саридораи «Геологияи тоҷик» мегӯяд, дар натиҷаи пармакунӣ дар ин чоҳ мутахасcисон ба як қабати махсус ва ғафси хок дучор шуданд: «Дар замин баъзе қабатҳое ҳаст, ки агар онро то ба охир парма накунӣ, ба натиҷа намерасӣ. Бинобар ин, «Газпром» то чуқурии 6 300 метр парма кард, вале барои он ки ҳамин қабатро то охир гузаранд, то 6 450 метр сӯрох карданд. Ҳоло дар ин чоҳ корҳои лабoраторӣ анҷом шуда истодааст ва умед аст, ки аз ин мавзеъ натиҷаҳои хубе ба даст ояд.»

Азим Иброҳим афзуд, ки «Gazprom- International» то ҳол барои корҳои иктишофию пармакунӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 5 миллиард рубли русӣ, муодили қариб 165 миллион доллар, харҷ кардааст. Ба таъкиди Азим Иброҳим, дар Тоҷикистон захираҳои бузурги нафту газ пешбинӣ мешавад ва маҳз ҳамин маълумот ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ, мисли Total- и Фаронса ва ширкати CNPC (China National Petroleum Corporation)-и Чинро ба Тоҷикистон овардааст.


Азим Иброҳим
Азим Иброҳим
Як моҳ қабл ширкати фаронсавии "Тотал" - яке аз бузургтарин ширкатҳои нафти дунё, сеяки саҳмияҳои кони Бохтарро аз ширкати "Тетис" харид. Сеяки дигари саҳмияҳои ин конро, ки "Тетис" захираи газашро беш аз 3 миллиард метри мукааб тахмин мезанад, ширкати чинии CNPC харидорӣ карда буд.

Ширкати «Gazprom International» дар чоҳи "Шаҳринав-1п", дар майдони Сариқамиш дар соли 2010 ба кор оғоз карда буд. Бино ба пешбиниҳо, захираи гази Сариқамиш тақрибан 18 миллиард метри мукааб газро ташкил медиҳад. Нафти мавҷуд дар ин кон 17 миллион тонна тахмин зада мешавад.

«Gazprom International» барои истихроҷи газу нафт дар чор мавзеъ - Сариқамиш, Шоҳамбарӣ, Рангон ва Саргазон аз давлати Тоҷикистон муҷаввиз дарёфт кардааст. Ҳоло ин ширкат баъди анҷоми пармакунии мавзеи Сариқамиш ба корҳои иктишофӣ дар мавзеъи Шоҳамбарии ғарбӣ пардохтааст.

Тибқи иттилои Бунгоҳи геологии Амрико, дар қаламрави Тоҷикистон ва Афғонистон 231 миллиард метри мукааб захираи гази табиӣ мавҷуд аст, ки ҳаҷми бештари он дар қаламрави Тоҷикистон мебошад. Вале ширкати «Газпром»-и Русия қаблан гуфта буд, ки танҳо захираи 4 кони бузурги гази табиии Тоҷикистон - Сариқамиш, Шоҳамбарӣ, Рангон ва Саргазон - ба 3 триллион метри мукааб баробар аст.
XS
SM
MD
LG