Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти адиби маъруфи зодаи Тоҷикистон


Адиб ва дигарандеши маъруфи рус Владимир Воинович, ки дар Тоҷикистон ба дунё омадааст, дар синни 85-солагӣ даргузашт. Дар ин бора матбуоти Русия ва аҳли хонавода ва дӯстонаш хабар додаанд.

Рӯз, ҷой ва сабаби даргузашти адиби шинохтаро нагуфтаанд, вале хабаргузории ТАСС рӯзи 28-уми июл аз қавли ҳамсари ӯ, Светлана Колесниченко навишт, ки маросими дафни Владимир Воинович мумкин рӯзи 30-уми июл баргузор шавад.

Владимир Воинович рӯзи 26-уми сентябри соли 1932 дар шаҳри Душанбе дар он замон Сталинобод ба дунё омад. Падари ӯро соли 1936 бо иттиҳоми таблиғоти зидди советӣ ба 5 соли зиндон маҳкум карданд ва ӯ ин 5 соли умрашро дар урдугоҳҳои Иосиф Сталин сипарӣ кардааст.

Китоби “Зиндагӣ ва саргузаштҳои ғайриоддии сарбоз Иван Чонкин” новеллаи ҳаҷвии ӯ дар он замон шӯҳрати зиёд ёфт. Адиб қисми дуввуми новелларо 10 сол баъд нашр кард.

Ӯро ҳамчунин бо китобаш “Маскави 2042” мешиносанд, ки соли 1987 нашр шуд, ки дар бораи Ҳизби коммунист, КГБ ва Калисои Православии Русия нақл мекунад. Адиби рус барои ҳуқуқи инсон фаъолона мубориза мебурд ва ин кораш сабаби ихтилоф бо мақомоти давлатӣ шуд.

Ӯро соли 1974 аз сафи Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ хориҷ карданд ва соли 1980 ба Олмони Федеративӣ ронданд. Соли 1981 аз ҳаққи шаҳрвандии СССР маҳрум шуд. Аз солҳои 1980 то соли 1992 дар Олмони Федеративӣ ва Амрико зиндагӣ кард. Бо Радиои Озодӣ низ ҳамкорӣ дошт. Соли 1990 ба ӯ ҳаққи шаҳрвандии шӯравии собиқро баргардонданд ва ӯ ба Русия баргашт.

Аз китобҳои маъруфи ӯ
Аз китобҳои маъруфи ӯ

Адиби рус соли 2002 соҳиби ҷоизаи мӯътабари ба номи Андрей Сахаров шуд. Соли 2017 дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар аҳди Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, сиёсат дар ин кишвар ба гузашта рӯ овард ва ба ҷойи ояндабинӣ, ба таблиғу ташвиқи дастовардҳои Русияи қадим ва таърихи гузашта пардохт.

“Вақте Путине ба қудрат расид, ба тамоми унсурҳои муҳофизакори ҷомеа ва бахусус собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯ овард, ки дар ҷанг ширкат кардаанд ва ё накардаанд. Ин рӯ овардан ба гузашта аст ва оғози рӯ овардани сиёста ба гузашта. Албатта ҳар як сиёсатмадори дуруст ба оянда нигоҳ мекунад. Шумо набояд ба афроди куҳансоли дар ҳоли фавт ва ё мурдаҳо такя кунед. Шумо бояд ба ҷавононе такя кунед, ки ба дунё омадаанд ва бузург мешаванд” - гуфт, ӯ.

Владимир Войнович, писари Николай Войнович аст, дар аҳди шӯравӣ дар нашрияи “Коммунист Таджикистана” ба ҳайси котиби масъул кор кардааст. Замони кӯдакиашро дар кӯчаҳои Сталинободи он замон сипарӣ карда ва сипас бо аҳли хонаводааш ба Русия рафтаанд.

XS
SM
MD
LG