Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Стерник: "Дар сурати таҳдид, эътилофи нерӯҳои тоҷику рус амал хоҳад кард"


Як мақомоти вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, ки дар сурати бад шудани вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, эътилофи нерӯҳои ҳарбии тоҷику рус амал хоҳад кард.

Александр Стерник, як мақоми вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, ки дар сурати бад шудани вазъият дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, эътилофи нерӯҳои ҳарбии тоҷику рус амал хоҳад кард. Ба таъкиди вай, Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ барои ҳимоя ва тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон як зумра чораҳоро таҳия кардааст.

Александр Стерник, роҳбари Депортаменти савуми равобит бо кишварҳои Иттиҳоди Давлати Муштаракулманофеъ дар вазорати корҳои хориҷаи Русия рӯзи 3 январ дар сӯҳбат ба хабаргузории русии "Интерфакс" гуфтааст, ки “ин чораҳо дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СПАД, ки рӯзи 21-уми декабр бо ширкати раисҷумҳурон баргузор шуд, баррасӣ шуда буданд”.

Ба таъкиди Стерник, дар сурати бад шудани вазъият, эътилофи нерӯҳои ҳарбии Русияву Тоҷикистон ба хотири ҳифзи марз ташкил карда хоҳад шуд. Ӯ афзудааст, ки танҳо ба хотири тақвияти қудрати ҳарбии пойгоҳ, мавқеияти будубоши қисмҳои он дар Тоҷикистон, тағйир дода шуд.

Ин мақоми Вазорати корҳои хориҷаи Русия гуфтааст, дар шароити пурчолиши кунунӣ, чунин шакли ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳифзи марз аз ҳама муфидтар аст ва Русия нияти бозгаштан ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро надорад. Аммо ба гуфтаи ӯ, дар ҳолати зарурӣ ва бад шудани вазъият, имкони фаъол шудани эътилофи нерӯҳои низомии Душанбеву Макав вуҷуд дорад.

Стерник гуфтааст, аз соли 2005 Тоҷикистон ба таври мустақилона марз худро бо Афғонистон ҳимоя мекунад, аммо бо ин вуҷуд, ҳамкории танготанги марзбонони тоҷику рус дар амри ҳифзи марзҳои ҷанубӣ боқӣ мондааст.

Ҳузури афзояндаи гурӯҳҳои ҷангии шарики Толибон дар манотиқи ҳаммарз бо Осиёи Марказӣ кайҳо боз мояи нигаронии кишварҳои ин минтақа, ба хусус Тоҷикистон шудааст. Тоҷикистон бо Афғонистон 1370 километр марзи мустақим дорад, ки рӯи рӯди Омӯ мегузарад ва ба далели релефи мураккаби ҷуғрофӣ ҳифозаташ мушкил аст. Масъулияти ҳифозати ин марзи тӯлониро аз соли 2005, дар пайи хуруҷи нирӯҳои марзбонии Русия, худи марзбонони тоҷик бар ӯҳда доранд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар авоили моҳи октябр дар мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар Сочи гуфт, даргириҳо бо ҷангиёни Толибон алакай 60 дарсади манотиқи ҳамарз бо Тоҷикистонро фаро гирифтаанд ва ин Душанберо сахт нигарон кардааст.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки беш аз 500 шаҳрванди кишвар барои иштирок дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафта, то кунун хабари марги беш аз 200 тани онҳо расидааст. Бо фаъол шудани гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон нигаронии мақомоти кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия боз ҳам бештар шудааст. Тибқи оморҳо, садҳо тан ҷангиён аз кишварҳои Шӯравии собиқ дар сафҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ меҷанганд, ки мояи ташвиш ва нигаронии кишварҳояшон шудааст.

"Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундравест, ки дар соли 2014 қисмати бузурге аз қаламрави Сурия ва Ироқро тасарруф карда, дар ин манотиқ аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дод. Ин гурӯҳ бо қатли бераҳмонаи асирон ва мухолифонаш, аз ҷумла, зинда ба зинда гӯрондан ва сӯзондан ва қатлҳои дастҷамъӣ ном баровардааст.

XS
SM
MD
LG