Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Елчанинов: "Халқи тоҷик дар гуштӣ истеъдодҳои модарзод дорад". ВИДЕО


Владимир Елчанинов, мураббии шинохтаи рус оид ба ҷудо, муддати ду моҳ аст дар Душанбе фаъолият дорад. Нафаре, ки паҳлавонони маъруфи тоҷик Расул Боқиев, Неъматуллоҳ Асронқулов ва Комроншоҳи Устопириён аз мактаби ӯ гузаштаанд.

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ман аз соли 2005 то инҷониб бо паҳлавонони тоҷик алоқамандӣ дорам. Тӯли ин 13 сол мо бо ҳамроҳии бачаҳо тамоми натиҷаҳое, ки дар ҷудо аст, ба даст овардем: аз Бозиҳои олимпӣ ва қаҳрамонии ҷаҳон сар карда, то Бозиҳои осиёию Ҷоми ҷаҳон"

Елчанинов барои кор ба Клуби варзишии Вастан даъват шудааст. Ин бошгоҳ соли 2010 бо сарпарастии паҳлавони маъруфи тоҷик Нуралӣ Шарифов нахуст дар ноҳияи Дарвоз, баъдан дар Душанбе таъсис ёфтааст.

Рустам Назаров, сармураббии Клуби варзишии Вастан, мегӯяд, "варзишгарони Клуби мо ҳоло барои иштирок дар мусобиқаи Ҷоми Осиё, ки дар шаҳри Оқтови Қазоқистон баргузор мегардад, тайёрӣ мебинанд. Дар ин мусобиқа аз клуби мо чаҳор писар ва ду духтар иштирок мекунанд".

Елчанинов: "Халқи тоҷик дар гуштӣ истеъдодҳои модарзод дорад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:07 0:00

Варзишгарони бошгоҳи варзишии Вастанро ба Ҷоми Осиё оид ба ҷудо, ки рӯзҳои 18-ум ва 19-уми июл дар шаҳри Оқтови Қазоқистон баргузор мешавад, Владимир Елчанинов омода месозад. Ӯ гуфт, "ин аввалин мусобиқаест, ки бачаҳо имтиёзҳои олимпӣ ба даст меоранд. Фикр мекунам, имкон дорад, ки мо ҳатто медал ҳам бигирем".

Ин мураббии пуртаҷриба Тоҷикистонро макони истеъдодҳои нодир медонад. Бовар дорад, дар ояндаи наздик аз байни онҳо Расул Боқиевҳои нав ба камол мерасанд.

"Халқи тоҷик дар гуштӣ истеъдодҳои модарзод дорад. Садсолаҳо бобову бобокалони шумо ба гуштӣ машғул буданд. Ба ҳамин хотир бачаҳои шумо дорои нишондодҳои баланд дар намуди ҷудо мебошанд. Ин ирсӣ аст. Аз ин ҷост, ки бачаҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ натиҷаҳои баланд ба даст меоранд", - иброз дошт Елчанинов.

Ӯ ба паҳлавонони навраси бошгоҳи варзишии Вастан кӯмак мекунад, то ки орзуҳои худро амалӣ созанд.

Сайидраҳим Раҳимов, фарзанди ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов аст. Ӯ азм дорад мисли падараш дар арсаи ҷаҳон машҳур гардад. Усули машқдиҳии Елчанинов ба ӯ писанд омадааст. "Дигар мураббиҳо бештар ба ҳолати ҷисмонӣ таваҷҷӯҳ мекунанд, Елчанинов бошад, ба қоидаҳои ин намуди варзиш бештар аҳамият медиҳад. Ҳам дар ҳолати росто гуштӣ гирифтан, ҳам дар партер",-гуфт Сайидраҳим Раҳимов.

Ин ҷавонон дар мусобиқоти байналмилаливу қитъавӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат карда, натиҷаҳои баланд ба даст овардаанд. Раҳматуллоҳ Фарҳодов мегӯяд, аз устоди варзидаи ҷудо Владимир Елчанинов бисёр чизҳои нав омӯхтааст, ки дар Ҷоми Осиё дар Оқтов ба кор хоҳад бурд.

"Тӯли ду моҳ мешавад, ки Владимир Николаевич бо мо тамрин мекунад. Дар пеши худ мақсад гузоштааст, ки аз байни паҳлавонони клуби варзишии Вастан беҳтарин варзишгаронро дар олам муаррифӣ кунад", - гуфт Раҳматуллоҳ Фарҳодов.

Шукрона Қарчиева.
Шукрона Қарчиева.

Шукрона Қарчиева, барандаи ҷоизаҳои Ҷоми Аврупо ва Ҷоми Осиё, ҳашт сол аст, ки дар ин бошгоҳ тамрин менамояд. Ӯ аз камтарин занонест, ки шарафи кишварро дар хориҷ ҳимоя мекунад. Ӯ гуфт, "то имрӯз дар Ҷоми Аврупо иштирок карда, сазовори ҷойи дуюм гардидам. Дар Ҷоми Осиё ҷойҳои дуюм ва сеюмро касб кардам. Дар Ҷоми Авруосиё аз рӯйи намуди самбо ва ҷудо сазовори мақоми севум шудам. То имрӯз дастовардҳои зиёд ба даст овардаам".

Шукрона ва дигар ҳамсафонаш аз он хушнуданд, ки Елчанинов тамринро бо онҳо идома медиҳад. Ин мураббии варзида Тоҷикистонро ватани дуюми худ медонад ва қасд дорад умри боқимондаи хешро дар ин ҷо ба тарбияи шогирдон ва баланд бардоштани сатҳи касбияти мураббиҳо сарф намояд.

"Мутаассифона, сатҳи умумии омодагии мураббиҳо начандон баланд аст. Бигзор аз ман наранҷанд. Ин воқеият аст. Ман чанд бор пешниҳод кардам, ки ба онҳо семинар гузаронам, мутаассифона, баъзеҳо ба ин монеъ шуданд. Ман коршиноси Федератсияи байналмилалӣ ҳастам ва федератсия маро ба ҳар кишвар мефиристад, то ба мураббиҳо давраҳои омӯзишӣ доир намоям",-иброз дошт Владимир Елчанинов.

XS
SM
MD
LG