Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Душанбе баҳси "Рошен" ва ”Красный октябрь”-ро ба фоидаи русҳо ҳал кард. ВИДЕО


Қанди "Korivka"-и сохти ширкати "Рошен" дар як фурӯшгоҳи Душанбе.

Баҳси патенти қанди навъи “Коровка” дар додгоҳи Душанбе, ки миёни ширкатҳои маъруфи украиниву русӣ бархост, ба фоидаи охирӣ ҳал шуд. Украиниҳо бо ин қарор розӣ нестанд. Баҳси патент ё мансубияти бренди қанди маъруфи навъи “Коровка”, ки давоми ним сол дар Душанбе идома дошт, дар моҳи декабри соли 2016 натиҷагирӣ ва қарори додгоҳ ба фоидаи ширкати русӣ ҳал шуд.

Баҳсро ширкатҳои маъруфи қаннодии Украина ва Русия - "Рошен" ва ”Красный октябр” дар сатҳи додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ба роҳ

Баҳси миёни ширкатҳои русиву украинии қаннодӣ дар Тоҷикистон аз сӯе рамзӣ аст ва то ҷо баҳсҳои ҳамсони Украинаву Русияро бар сари нимҷазираи Қрим ба ёд меорад

монданд ва хулосаи додгоҳи тоҷикӣ ин шуд, ки даъвои украиниҳо беасос аст. Як ҷониби дигари баҳс -- Маркази патенту иттилооти Тоҷикистон буд, ки шаҳодатномаи истифодаи тамғаи “Коровка”-ро дар солҳои гуногун ва ба шаклҳои фарқкунанда ба ҳар ду ширкат додаааст. Дар соли 2004 Маркази патенту иттилоот ба "Красний Октябр" шаҳодатномаи истифодаи тамғаи молии "Коровка"-ро дар Тоҷикистон дода, соли 2011 ба ширкати "Рошен" чунин шаҳодатнома бо номи "Рошен Коровка"-ро содир карда буд. Аммо дар соли 2016 ин ду ширкат бар сари тамғаи "Коровка" вориди баҳси додгоҳӣ шуданд.

Додгоҳи иқтисодӣ: Даъвои “Рошен” беасос буд

Сафармоҳ Имомзода, раиси додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе рӯзи 18 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкатҳо ҳамдигарро барои истифодаи тамғаи "Коровка" дар Тоҷикистон муттаҳам мекарданд. Вале таҳқиқу муҳокимаи масъала баҳсро ба фоидаи истеҳсолгари русӣ ҳал кард, чун тамғаи “Коровка”-ро аввалин шуда ин ширкат сабт карда буд.

Суфлеи "Коровка"-и сохти ширкати русӣ
Суфлеи "Коровка"-и сохти ширкати русӣ

Аммо бар асоси ҳалномаи додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе даъвои “Рошен” беасос дониста шудааст. Додгоҳи олии иқтисодии Душанбе инчунин гуфт, ки даъвои “Рошен” алайҳи Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳам асос надорад, чунки шаҳодатномаи истифодаи тамғаи “Коровка” бо риояи қонун ва ҳам далелҳои мӯътамади ҳуқуқӣ содир шудааст.

Ҷузъиёти баҳс

Зимнан, Фарҳод Боиров, як масьули Маркази патент ва иттилоот гуфт, шаҳодатномаи истифодаи тамғаи молии ширкати “Рошен коровка” (ба украинӣ: “Korivka Roshen”) бекор карда шуд. Ӯ гуфт, ин ширкат дар Тоҷикистон фурӯши чанд навъи маҳсулотро сабт карда буд ва “дар шаҳодатномааш “Рошен” бо ҳарфи калон ва вожаи “Коровка” бо ҳарфи хурд сабт шуда буд.

Аммо зимни ба бозор баровардани маҳсулот дар пушти бастаҳои маҳсулот баръакси шаҳодатнома истилоҳи “Коровка” бо ҳарфи калон ва “Рошен” бо ҳарфи хурд навишта шуда буд. Аз ин рӯ, додгоҳ даъвои “Рошен” алайҳи онҳоро беэьтибор кардааст”.

Навъҳои дигари маҳсулоти ширкати "Рошен" дар фурӯшгоҳи Душанбе
Навъҳои дигари маҳсулоти ширкати "Рошен" дар фурӯшгоҳи Душанбе

Дар баҳсҳои додгоҳӣ намояндагони ширкатҳои қаннодии русиву украинӣ ҳамдигарро ба сӯистифодаи тамғаи “Коровка” муттаҳам карданд. Шоҳидон мегӯянд, намояндагони ширкати “Красный октябрь” ширкати “Рошен”-ро ба он ки дар номаш “Коровка”-ро илова кардааст, муттаҳам кардаанд. Аммо ҷониби ширкати “Рошен” гуфтааст, дар замони Шӯравӣ низ дар Украина “Коровка” тавлид мешуд ва онҳо ҳам ҳақи истифодаи бренди боқимонда аз замони Шӯравиро доранд.

Дафтари намояндагии ширкати ​"Рошен" дар Душанбе аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ кардааст.

Ресепти соли 1920-и "Коровка" аз Познани Лаҳистон меояд

Зимнан, манобеи интернетӣ мегӯянд, ки қанди навъи “Коровка” ҳанӯз аз соли 1920 дар Познани Лаҳистон ба роҳ монда шуда, ба унвони рамзи он сурати гови навъи ҳолландӣ – навъи маъмулии ин чорпои ширдеҳ истифода шудааст. Баъди шурӯи ҷанги дуюми ҷаҳон истеҳсоли қанд дар Житомири Украина ва баъдан дигар нуқоти Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои сотсиалистии собиқ ба роҳ монда шуд. Украинаву Русия дар замони шӯравӣ ва имрӯз ҳам корхонаҳои истеҳсоли шоколад ва навъҳои мухталифи қандҳоро ба роҳ мондаанд, ки аксари онҳо дар замони шӯравӣ хеле маъруф ва серхаридор буданд ва имрӯз ҳам тавони рақобат бо қаннодиҳои навъи ҷаҳониро доранд.

Анъанаи қаннодии имрӯз ҳам маҳбуб дар шӯравии пешин ва ҷаҳон

Агар ширкати “Красный октябрь” ҳамон корхонаи шӯравии маъруфи истеҳсоли қанду ширинӣ бошад, “Рошен” як бахше аз тиҷорати калони президенти кунунии Украина Петро Порошенко ва як бренди маъруфи тиҷоратии ӯст. Ин корхона дар сайти интернетиаш мегӯяд, ки ба истеҳсоли садҳо навъ қанду ширинӣ ва содироти он ба бозори Аврупову Ғарб машғул аст.

Шириниҳое, ки анъанаи истеҳсолашон ҳанӯз аз замони шӯравӣ ҷараён дорад, дар Тоҷикистон ҳам хеле маъруфу серхаридоранд. Тоҷирони тоҷик мегӯянд, воқеан маҳсулоти ҳарду ширкат дар Тоҷикистон бозоргир буда, миёни ҳам рақобат доранд. Дӯстмуҳаммад Ёқубзода, як тоҷири тоҷик мегӯяд, шоколодҳои ширкати “Рошен” ҳамон қадар маъруфанд, ки навъҳои русии қаннодӣ маҳбубият доранд.

Баҳси рамзӣ

Бархе нозирон мегӯянд, баҳси миёни ширкатҳои русиву украинии қаннодӣ дар Тоҷикистон аз сӯе рамзӣ аст ва то ҷо баҳсҳои ҳамсони Украинаву Русияро бар сари нимҷазираи Қрим ба ёд меорад. Баъди ғасби нимҷазираи Қрим аз сӯи Русия дар соли 2014, муборизаҳои Украина барои бозгардони ин қаламрав ба ҳудудҳои худ бенатиҷа анҷомидааст. Ҳарду ҷониб Қримро таърихан қаламрави худ меноманд, ба манобеи таърихии қарнҳои гузашта барои исботи дурустии тақозоҳои худ муроҷиат мекунанд, вале тавре таҳлилгарон мегӯянд, Русия ба назар намерасад, ки ин нимҷазираро ба Украина баргардонад.

Нозирон мегӯянд, субъекти баҳс дар ҳарду ҳолат "ширину арзишманд" аст ва эҳтимол аст, ки ин ё он ҷониб барои дасткашӣ аз даъвоҳои худ омода шаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG