Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши сафири Русия ба манъи "Полки абадӣ" дар Душанбе. ВИДЕО


Сафири Русия дар Тоҷикистон аз иҷоза надодани раҳпаймоии "Полки абадӣ" дар Душанбе изҳори таассуф кард. Рӯзи 9 майи имсол дар Душанбе роҳпаймоӣ ё маъракаи “Полки абадӣ” баргузор намешавад ва мақомот гуфтанд, ки далелаш “сиёсӣ” нест. Дар шарҳи хабаргузории расмии “Ховар” дар заминаи барномаи таҷлили Иди Ғалаба инчунин таъкид шудааст, ки ба хиёбонҳо бо акси фавтидагон баромадани мардум хилофи арзишҳои исломию мазҳабӣ мебошад.

Раҳпаймоии мардумӣ бо намоиши акси гузаштагони собиқадори ҷанги солҳои 1940-ум шаш соли пеш дар Русия роҳандозӣ шуд ва тадриҷан дар бархе манотиқи фаротари Русия ҳам пуштибонӣ ёфт. Вале аз назари бархе таҳлилгарон, баргузории ин чорабинӣ то ҷое баҳонае барои тарғиби арзишҳои идеологии Маскав арзёбӣ мешавад.

Сафири Русия: Амалиёти “Полки абадӣ” довталабона аст

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон рӯзи 5 май дар ҳошияи як нишаст ба муносибати Рӯзи Ғалаба, ки дар Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон доир шуд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Раҳпаймоии “Полки абадӣ” дар Русия ва кишварҳои Аврупо ва Амрико баргузор мешавад. Дар Русия дар ин амалиёт миллионҳо нафар ширкат мекунанд. Ин иқдоми таҳмилӣ ё иҷборӣ нест. Ҳар нафар довталабона бо аксҳои бузурги пайвандонаш ба хиёбон мебарояд. Ин амал навъи поси хотир ё гиромидошти қурбониёну ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст. Ин чорабинӣ ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи ватанпарастӣ тарбият карда ва аз қурбониёни зиёде, ки дар замони ҷанг дар роҳи озодии ватан ҷон бохтанд, ёдоварӣ мекунем."

Ба гуфтаи сафири Русия, аз онҷо, ки Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда ва талафоти зиёди ҷонӣ додааст, мамнӯъ шудани ин роҳпаймоӣ, "боиси таассуф аст.

Сафири Русия дар идома гуфт: "Аз он, ки ин чорабинӣ дар Тоҷикистон баргузор намешавад, мутаассиф ҳастам. Ба ҳар сурат ман бовар дорам, ки дар арафаи Ҷашни Ғалаба барои баргузории амалиёти “Полки абадӣ” иҷозат мешавад. Зеро ин тадбири сиёсӣ набуда, танҳо поси хотири қурбониёни ҷанг, падару бобо ва бобокалонҳои мо аст».

Вай дар иртибот ба назари бархе аз коршиносон, ки “рамзҳои “Полки абадӣ” ва «Лентаи георгиевӣ» амалҳои таблиғотии Русияи муосир номидаанд», гуфт: “Такрор мекунам, ки ин амалиёти оммавӣ аст, ин нишонаи иродаи мардум аст. Мардум худ довталабона дар амалиёт ширкат мекунанд. Ин мисли намоишҳои оммавии замони шӯравӣ нест, ки мардум иҷборан дар онҳо иштирок мекарданд”.

Холиқназаров: "Ҳангома накунед"

Дар ҳамин ҳол, Худойбердӣ Холиқназаров, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 5 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баргузор накардани роҳпаймоии "Полки абадӣ" ҷанбаи сиёсӣ надошта ва танҳо ба далели таъмини бехатарии ширкаткунандагонрӯи даст гирифта шудааст. Оқои Холиқназаров аз расонаҳо даъват кард, ки ба ин мавзӯъ "доман" назананд ва дар атрофи ин мавзӯъ ба гуфтаи ӯ, "ҳангомасозӣ" накунанд.

Раҳимӣ: "Сад дар сад муқобилам"

Фарҳод Раҳимӣ.
Фарҳод Раҳимӣ.

Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, ки гуфтааст, шахсан худаш “сад дар сад муқобили баргузории аксияи “Полки абадӣ” дар Тоҷикистон аст”, бо арзи эҳтиром ба ҷанговарони тоҷик гуфтааст, ки ҳама барномаҳои “сиёсӣ, фарҳангӣ ва оммавӣ бояд дар чорчӯби қонунгузориҳои ин кишвар баргузор шаванд”.

"Ховар": "Полки абадӣ" хилофи арзишҳои мазҳабӣ аст

Вале таваҷҷӯҳи бештари расонаҳо, бахусус матбуоти русиро изҳороти хабаргузории давлатии "Ховар" ба худ ҷалб кард, ки дар дар матлабе рӯзи 4 май бо номи "Чорабинии аксияи "Полки абадӣ" нақшабандӣ нашудааст", навишт, ки ин амал мухолифи арзишҳои мазҳабӣ мебошад: “Мувофиқи суннатҳои исломӣ низ бо акси фавтидагон баромадан ба кӯчаю хиёбонҳо нораво буда, аксияи мазкур хилофи арзишҳои исломию мазҳабӣ мебошад”, гуфта шудааст дар матлаби оҷонсии «Ховар». Ин хабаргузорӣ нақшаи комили ҷашнҳои расмии мақомоти тоҷикро дар ин рӯз зикр кардааст, ки муҳимтаринаш баргузории паради низомӣ бо ширкати садҳо низомиёну техниками ҳарбӣ мебошад.

Ин изҳорот вокуншиҳои мухталифро ба бор овард. Аз ҷумла, Андрей Суздалcев, муовини декани факултети иқтисоди ҷаҳонии институти Мактаби олии иқтисодӣ ба хабаргузории Рамблер гуфтааст, ки “тасмими Тоҷикистон талоши дур шудан аз умумиятҳои гузаштаи шӯравӣ аст, ки ба иддаои ӯ, давоми ду даҳсолаи охир ба идеологияи ҳукумати Тоҷикистон табдил шудааст”.

Коршиносони дигар мегӯянд, мақомот зоҳиран аз андешаҳои амниятӣ ташкили чорабиниро зарур надонистанд, чунки дар сурати раҳпаймоии садҳову ҳазорҳо нафар дар хиёбонҳои пойтахту дигар шаҳрҳо бояд ҳукумат дар фикри таъмини амнияту риояи интизоми издиҳоми мардум мешуд. Дар ин сурат, воқеан ҳам ташкили паради ҳарбӣ ҳам бо мушкил рӯбарӯ мешуд.

"Далели рӯшани ин тасмими мақомот маълум нест"

Дар вокуниш ба шарҳи хабаргузории “Ховар” оиди номуносиб бо арзишҳои динӣ будани намоиши аксҳои гузаштаҳо, Саъдӣ Юсуф, коршиноси мустақил гуфт, ки воқеан кашидани сурати одаму ҷонвар ва тарошидани ҳайкал дар ислом роиҷ нест, вале намедонад, ки чаро ба ҳангоми манъ шудани роҳпаймоии “Полки абадӣ” аз ин ҷанбаи ислом кор гирифта шуд.

Вай гуфт: “Бо кадом далели мушаххас тасмим гирифта шудааст, ки ин роҳпаймоӣ доир нашавад. Шояд ин ҷо омилҳои амниятӣ дахил бошанд. Чун дар бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ ба ҳамин далел амалиёти “Полки абадӣ” баргузор намешавад. Ба ҳар сурат далели тасмими мақомот бароям рӯшан нест”.

Рашид Ғанӣ Абдулло
Рашид Ғанӣ Абдулло

Онҳое, ки аз амри манъ шудани баргузории чорабинии “Полки абадӣ” нороҳат ва ё тааҷҷуб кардаанд, бештар ба пайғоми ахлоқии ин маърака таъкид мекунанд, ки ҳадафаш ёдоварӣ аз исми гузаштаҳои қаҳрамон ва поси хотири гузаштаҳояшон мебошад.

Рашид Ғанӣ, коршиноси тоҷик ҳам мегӯяд, ки раҳпаймоии “Полки абадӣ” гиромидошти хотираи пайвандон аст, ки дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм қурбон шудаанд. Ин амалиёт на танҳо дар Русия, балки кишварҳои дигаре чун Амрико анҷом мешавад. Вай гуфт, ки дар ин ҷанг наздиконаш ҷон бохтаанд ва дар сурати баргузории роҳпаймоии “Полки абадӣ” ӯ ҳам омода бо аксҳои бузурги пайвандон ба он пайвандад.

“Ба фикри ман, ин иқдом мардумӣ аст, ҳукумати Русия дар он иштирок надошт. Азбаски мардумӣ буд, ба ин васеӣ интишор шуд. Агар ҳукуматӣ мебуд, ҳеч гоҳ ин қадар пуштибонӣ намеёфт. Аз лиҳози сиёсӣ, амалиёти “Полки абадӣ” ба ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ дахл дорад”.

Аз Тоҷикистон дар сангарҳои Ҷанги Ҷаҳонии Дувум 270 000 ё тақрибан панҷяки аҳолии вақти ҷумҳурӣ ширкат карда, қариб 90 ҳазори онҳо дар ҷанг кушта шуданд. 54 зодаи Тоҷикистон дар ин набардҳо ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ даст ёфтанд. Бино ба маълумоти Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнати Тоҷикистон, феълан дар кишвар 448 собиқадори Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм дар қайди ҳаёт ҳастанд.

Дар арафаи Ҷашни Ғалаба давлати Тоҷикистон ба собиқадорони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ва хонаводаи онҳо ба миқдори 3000 сомонӣ ё ҳудуди 350 доллар кӯмаки яквақтаи молӣ кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG