Пайвандҳои дастрасӣ

ВИДЕО: Замзамаҳои тоҷикии пиразани рус


Як пиразани 70-солаи рус дар Душанбе мегӯяд, ба таронаоҳи тоҷикӣ завқи беандоза дорад ва гоҳ-гоҳе ба тоҷикӣ суруд мехонад.

Раиса Москалёва, як пиразани 70-солаи рус, сурудани таронаҳои тоҷикиро дӯст медорад. Бо вуҷуди он ки забони тоҷикиро намедонад, гоҳ-гоҳ таронаҳои овозхонҳои тоҷикро замзама мекунад.

Завқи сурудҳои тоҷикӣ дар дили Раиса Москалёва замоне пайдо шуд, ки ӯ ҳанӯз дар Тоҷикистон зиндагӣ намекард. Чанд суруде ки ӯ медонад, ҳамагӣ аз сарояндагони эстрадаи солҳои 80-уми тоҷик ҳастанд.

Раиса маҳорати хуби рақсидан ҳам дорад ва мегӯяд, “сурудан ва рақсидан ба ман аз модар ва бибиям боқӣ мондааст. Модари ман ҳам месуруд, ҳам мерақсид ва навозандагӣ ҳам мекард. Ман навохта наметавонам. Вале хуб мехонам ва мерақсам. ”

Раиса мегӯяд, 10 соли пеш аз Тошканд ба Тоҷикистон омад ва дар Душанбе ҳамроҳи хоҳарзода ва як наберааш зиндагӣ мекунад.

Раиса Москалёва ба Худо эътиқоди зиёд дорад ва ҳар рӯз ба калисо меравад. Ҳарчанд имрӯз Раиса аз хондани сурудҳо даст кашидааст, аммо завқу ҳаваси овозхонӣ дар дилаш боқист. Ин аст ки розӣ шуд, то барои бинандагони сомонаи Радиои Озодӣ ду пора аз ду таронаро бисарояд. Дар ин навор метавонед ба тоҷикӣ суруд хондани ин пиразани русро ба тоҷикӣ тамошо кунед.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG