Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Дӯстии бабр бо бузе, ки қарор буд тӯъмааш бошад


Бузе ки онро ҳамчун хӯроки зинда барои як бабри сибириягӣ дар як Боғи ҳайвонот фиристода буданд, бо ин бабри дарранда дӯст шудааст ва акнун ин ду ҷонвар мисли ду дӯст қадимӣ дар паҳлӯи ҳамдигар зиндагӣ мекунанд.

Як бузи куҳие, ки онро ҳамчун хӯроки зинда барои як бабри сибириягӣ дар як Боғи ҳайвонот фиристода буданд, бо ин бабри дарранда дӯст шудааст ва акнун ин ду ҷонвар мисли ду дӯст қадимӣ дар паҳлӯи ҳамдигар зиндагӣ мекунанд. Достони дӯстии онҳо ба яке аз ҷолибтарин хабарҳои Русия табдил шудааст.

Акнун ин бабр бо номи Амур ва ин буз бо номи Темур дар Парки боғи ҳайвоноти Приморский дар наздикии шаҳри Владивосток дар шарқи Русия дар канори ҳам мехобанд, дар паҳлӯи якдигар хӯрок мехӯранд ва дар барф бо ҳам бозӣ мекунанд. Ин ҳафта ҳатто онҳо бо шӯхӣ бо якдигар шохҷанг кардаанд.

Қиссаи дӯстии аҷиби ин ду ҷонвар ончунон афкори умумии Русияро ба худ ҷалб кардааст, ки Боғи ҳайвоноти Приморский ҳар ҳафта хабарҳо ва аксҳои нав аз ҳамзистии онҳоро мунташир мекунад ва қарор аст ба зудӣ дар ҷои зиндагии онҳо дурбин ё камера насб кунад ва филми зиндагии рӯзонаи Амур ва Темурро пахш кунад.

Барои хӯроки ин бабр ҳар ҳафта ду ҷонвари зинда ба атрофи ҷои зиндагии ӯ мефиристанд, то бабр онҳоро тӯъмаи худ кунад. Коркунони Боғи ҳайвонот гуфтаанд, ки сабаби бақои Темур ин буд, ки ҳангоми рӯбарӯ шудан бо Амур натарсид. Масъули ин Боғи ҳайвонот, ки мутахассиси шинохти ҳайвоноти гурбашакли бузург, чун бабру паланг аст, мегӯяд, ки дӯстии ин ду ҳайвон монанд ба мӯъҷиза аст.

Дмитрий Мезентсев мегӯяд, ки "мардум бояд ба рафтори худи мо инсонҳо биандешанд. Дар гӯша ва канори ҷаҳон аз Украина гирифта то Сурия ва Ироқ, ҳама ҷо ҷанг аст. Вале ин ду ҳайвони комилан мутафовит метавонанд дар сулҳ ва оромиш ба якдигар зиндагӣ кунанд."

Ба гуфта ӯ, коркунони Боғи ҳайвонот пай бурданд, ки пас аз се рӯзи ҳамзистӣ байни ин ду ҷонвар, бабр дигар ба даридан ва хӯрдани буз майле нишон намедиҳад. Акнун Темур дохили лонаи бабр мехобад ва Амур аксари шабҳои рӯи сақфи лона.

Рӯзҳо ин ду ҳайвон аксари вақт бо якдигар дар атроф чарх мезананд ва маъмулан Темур пушти сари Амур ҳаракат мекунад. Дар рӯзҳои ахир чунон ба якдигар одат кардаанд, ки бо якдигар бозӣ мекунанд ва аз пушти якдигар медаванд.

Яке аз ин рӯзҳои бозӣ, бузи кӯҳӣ бо шохҳояш ба тарафи бабр рафт ва нишон дод, ки дӯст дорад бо ӯ шохҷанг кунад. Бабр низ даъвати ӯро пазируфт. Чанд лаҳза баъд каллаҳояшонро бо якдигар кӯбиданд. Вале ҳеҷ ҳодиса рух надод ва ҳар кадом пайи корашон рафтанд.

Масъулони ин Боғи ҳайвонот мегӯянд, ки дар рӯзҳои ахир ба эҳтироми Темур барои ғизои бабр ба ӯ буз намедиҳанд ва барояш харгӯши зинда мефиристанд.

Хабаргузории Франс-пресс менависад, ки дар шароити солҳои ахири Русия, ки бисёре аз хабарҳои рӯз дар мавриди таҳримҳои хориҷӣ ва ҷанг дар Украина будааст ва акнун низ ҷанги Сурия ва терроризм низ илова шудааст, барои бисёре аз мардум дӯстӣ байни ин бабр ва бузи кӯҳӣ як ҳикояти шодибахш ва роҳи гурез аз хабарҳои ғамангез аст.

Ҷаззобияти ин достон боис шудааст, ки маъракаи ҷамъоварии кӯмакҳои молӣ барои Боғи ҳайвоноте, ки Амур ва Темур дар он нигаҳдорӣ мешаванд, роҳандозӣ шавад. Дар айни ҳол, бисёре нигаронанд, ки як рӯзе дар оянда зоти табииӣ ин бабр бар муҳаббат ва дӯстиаш ғалаба карда ва дар ниҳоят Темурро сияҳбахт мекунад.

Аммо Дмитрий Мезентсев, раиси ин Боғи ҳайвонот ин эҳтимолро чандон қавӣ намедонад ва ё ҳадди ақал орзуяш ин аст, ки чунин нашавад. Ӯ мегӯяд, "хатаре, ки ин буз бо он рӯбарӯ аст, бештар аз хатари зиндагии инсон дар канори инсони дигар нест."

XS
SM
MD
LG