Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Ҳеҷ кас Русияро тарсонида наметавонад"


Раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки ҳеҷ кишваре дар ҷаҳон наметавонад Русияро битарсонад ва дар ҳошия қарор бидиҳад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфт, ҳеҷ кишваре дар ҷаҳон наметавонад, Русияро “битарсонад” ва ё дар инзиво қарор диҳад. Ӯ рӯзи 20-уми декабр дар ин бора дар шаҳри Маскав сухан гуфт ва афзуд, дар зарфи садсолаҳо борҳо бо Русия ингуна рафтор кардаанд.

Владимир Путин, ки дар рӯзи кормандони хадамоти амниятии Русия сӯҳбат мекард, гуфт: Албатта, ҳеҷ кас наметавонад, Русияро битарсонад, маҳор кунад ва ё дар инвизо гузорад. Ҳеҷ кас ин корро карда натавонистааст ва ҳеҷ гоҳ наметавонад.”

Владимир Путин хоҳони беҳтар кор кардани хадамоти ҷосусии Русия шуд, то ба гуфтаи ӯ, ба “таҳдидҳову чолишҳои модерн” расидагӣ карда тавонанд. Раиси ҷумҳури Русия дар ҳоле дар ин бора сӯҳбат мекунад, ки муносиботи Русия бо кишварҳои ғарбӣ бинобар амалкардҳои Маскав дар Украина бад шудааст.

Муҳимтарин вазифаи хадамоти махфии Русия ҳоло ба гуфтаи Владимир Путин, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва пешгирӣ аз ҳаргуна “талошҳои хадамоти махфии хориҷӣ барои зарба задан ба Русия ва манофеи сиёсиву иқтисодии он аст.” Интизор меравад, ба сабаби поин омадани нархи нафт ва таҳримоти кишварҳои ғарбӣ, иқтисоди Русия соли оянда ба рукуд дучор шавад.

Аз сӯи дигар, вазорати умури хориҷии Русия низ рӯзи шанбе дар баёнияе эълом кард, таҳримҳои нав алайҳи нимҷазираи Қрим, ки дар моҳи марти соли ҷорӣ аз Украина ҷудо ва ба Русия пайваст, "огоҳии дастаҷамъӣ" аст. Дар ҳоле, ки Ғарб Маскавро муттаҳам кардааст, ба шакли ғайриқонунӣ бахше аз қаламрави Украинаро ба хоки худ ҳамроҳ кардааст, вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, сокинони он минтақа худ дар пайи референдум хостаанд ба Русия якҷо шаванд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия ба Амрико ва Канада ҳушдор додааст, ки дар мавриди оқибатҳои таҳримҳои худ биандешанд. Ӯ ҳамзамон гуфтааст, Русия дар ҳоли кор дар мавриди вокунишҳо ба таҳримҳо ҳаст. Русия пештар дар вокуниш ба таҳримҳои Ғарб, ба муддати як сол воридоти бархе маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯроквориро аз онҳо мамнӯъ карда буд. Дар вокуниш, Вошингтон ин иқдомро ба зарари Русия хонда буд.

Украина ва иттифоқчиёни ғарбии он Русияро муттаҳам ба дахолат дар бӯҳрони шарқи он кишвар ва ҳимояти амалии ҷудоихоҳон мекунанд. Маскав ин иттиҳомотро радд карда ва давлати марказӣ дар Киевро ба нодида гирифтани ҳуқуқи рустаборон дар он кишвар муттаҳам кардааст. Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, аз оғози бӯҳрони Украина дар нимаҳои моҳи апрели соли ҷорӣ, пеш аз 4700 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG