Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сандуқҳои сиёҳ"-и ҳавопаймои русӣ садои таркишро сабт кардаанд


Сандуқи сиёҳи ҳавопаймои сарнагуншудаи русӣ дар Миср.
Сандуқи сиёҳи ҳавопаймои сарнагуншудаи русӣ дар Миср.

Манбаъҳои наздик ба тафтиши "сандуқи сиёҳ"-и ҳавопаймои сарнагуншудаи русӣ дар Миср мегӯяд, ки бар пояи маълумоти ба даст омада, сабаби ҳодиса таркиши ногаҳонӣ будааст.

Гурӯҳе аз мақомҳо ва манбаъҳои хабардор аз раванди баррасии "сандуқи сиёҳ"-и ҳавопаймои сарнагуншудаи русӣ мегӯяд, ки маълумотҳо нишон медиҳанд, ки сабаби ҳодиса таркиши ногаҳонӣ буда ва мушкили фаннӣ ё иштибоҳи халабонҳо дар миён набудааст.

Хабаргузории Франс-пресс ва Шабакаи дувуми Фаронса аз ҷумлаи расонаҳое ҳастанд, ки чунин гузоришҳоро ба нақл аз манбаъҳои наздик ба таҳқиқот мунташир кардаанд. Дафтари марказии Airbus дар Фаронса аст. Ин ширкат маъмулан дар таҳқиқоти вобаста ба сонеҳаҳои ҳавопаймоҳои сохти он ҳузур дорад. Мақомоти амниятии амрикоӣ ва аврупоӣ низ қаблан аз эҳтимоли бамбгузорӣ дар ин ҳавопаймо сухан гуфта буданд.

Манбаъҳо ба хабаргузории Франс-пресс гуфтаанд, ки "сандуқи сиёҳ"-и ҳавопаймо нишон медиҳад, то лаҳзаи вуқӯи ҳодиса, ҳама чиз ба ҳолати маъмулӣ буд. "Сандуқи сиёҳ"-и ҳавопаймо дарбаргирандаи гуфтугӯҳо ва ҳаракатҳо дар кобинаи халабонон аст. Манбаъҳои тарафи гуфтугӯ бо хабаргузории Франс-пресс гуфтаанд, ки пас аз 24 дақиқа аз оғози парвоз, "ногаҳон ҳама чиз қатъ шудааст." Дар ҳоле, ки яке аз сандуқҳои сабт, садои баландеро сабт кардааст.

Навтарин гузоришҳо дар ҳоле мунташир шуд, ки раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 6-уми ноябр дастур додааст, ки ҳама парвозҳо аз он кишвар ба Миср қатъ карда шаванд. Ин тасмим дар посух ба пешниҳоди Хадамоти федералии Русия рӯи даст гирифта шудааст.

Александр Бортников, раиси Хадамоти федералии Русия ба раиси ҷумҳури он кишвар тавсия карда буд, ки ҳамаи парвозҳои мусофирбарӣ ба Миср ба таъхир гузошта шавад. Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия рӯзи ҷумъа гуфтааст, ки ин кишвар дар ҳоли омода кардани як тарҳ барои бозгардонидани шаҳрвандони Русия аз Миср аст. Гуфтан мешавад, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 45 ҳазор сайёҳ аз Русия дар Миср ҳузур доранд

Қаблан Путин ва мақомҳои мисрӣ бамбгузорӣ дар ҳавопаймои сарнагуншудаи русӣ дар Мисрро як шоеа гуфта буданд. Владимир Путин гуфта буд, ки бояд барои мушаххас шудани натиҷаҳои баррасии коршиносӣ, ҳама чораҳои лозимро анҷом дод.

Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбеи 5-уми ноябр дар мусоҳиба бо як радио дар Амрико гуфт, "эҳтимоли ин, ки таркиши бамб сабаби саргагун шудани ҳавопамои русӣ дар фазои саҳрои Синай шуда бошад, бисёр ҷиддӣ аст."

Дар ҳамин ҳол Бритониё низ парвози ҳавопаймоҳои мусофирбари худ ба Мисрро қатъ кардааст. Ба навиштаи рӯзномаи Гордиян, тайи се рӯзи гузашта ҳазорон ҷаҳонгарди бритониёӣ дар шаҳри Шарм -ул-Шайх дар интизори бозгашт ба хона, дар ҳолати саргардонӣ ба сар мебаранд.

Девид Камерун, нахуствазири Бритониё қаблан аз тасмими Лондон дар мавриди қатъи парвозҳои бритониёӣ ба Шарм-ул-Шайх дифоъ карда буд. Вай ҳамзамон гуфта буд, ки бо вуҷуди ин, наметавон бо итминон гуфт, ки бамбгузории террористӣ сабаби суқути ҳавопаймоӣ русӣ будааст.

Ҳавопаймои Airbus 321-200-и ширкати “Когалимавиа”, ки таҳти брензди Metrojet парвоз мекард, рӯзи 31 октябр дар фазои нимҷазираи Синай суқут дода шуд. Бар асари ин сониҳа, ҳамаи 224 сарнишини ҳавопаймо- 7 узви экипаж ва 217 мусофир, бо шумули 17 кӯдак, кушта шуданд. Ин мусофирон сайёҳоне буданд, ки баъди истироҳат дар осоишгоҳҳои соҳили баҳри Сурх аз Шармулшайхи Миср ба Санкт-Петербург бармегаштанд.

Ба дунболи ин ҳодиса шохаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар саҳрои Синай дар Миср иддао кард, ки ҳавопаймои Русияро суқут додааст. Ин гурӯҳ рӯзи 4 ноябр гуфт, ҳамла ба ҳавопайморо ба хотири таҷлили солгарди байъаташ ба “Давлати исломӣ” анҷом додааст. Ин гурӯҳ гуфтааст, ҷузъиёти чигуна суқут додани ҳавопаймои русиро дар вақте ки худи онҳо муносиб бидонанд, нашр хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG