Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия имсол ба мактабҳои Тоҷикистон 55 омӯзгор мефиристад. ВИДЕО


Аввалин гурӯҳи 29-нафарии омӯзгорони рус 29-уми августи соли 2017 вориди Тоҷикистон шуд
Аввалин гурӯҳи 29-нафарии омӯзгорони рус 29-уми августи соли 2017 вориди Тоҷикистон шуд

Русия имсол барои кор дар мактабҳои Тоҷикистон 55 омӯзгор мефиристад. Инҳо омӯзгорони фанҳои мухталиф – забон ва адабиёти русӣ, физика, кимиё ва фанҳои дигар мебошанд, ки қарор аст дар Душанбеву Ҳисор ва Кӯлоб дарс диҳанд. Омӯзгорон субҳи 29-уми август ба Душанбе хоҳанд омад.​

"29 нафар бори аввал ба Тоҷикистон меоянд"

  • Русия нахустин гуруҳи омӯзгоронашро барои кор дар мактабҳои Тоҷикистон соли 2017 фиристод ва ин мавҷи вокунишҳоро ба дунбол овард. Бахусус ки маоши ин гуруҳи омӯзгорон (беш аз 11 ҳзаор сомонӣ) дар муқоиса ба ҳақмузди муаллимони тоҷик чанд маротиба болотар аст. Мақомоти Тоҷикистон дар посух ба ин вокунишҳо гуфтанд, ки ба омӯзгорони рус ҳамон маошеро медиҳанд, ки муаллимони тоҷик мегиранд. Ба қавли онҳо, маоши иловагии омӯзгорони русро Вазорати маорифи русия медиҳад.​
Ҳамасола садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳадафи кору даромад ба Русия мераванд ва надонистани забони русӣ яке аз мушкили аслии онҳост

26 нафари ин гурӯҳ омӯзгороне ҳастанд, ки соли гузашта ва бори аввал бар асоси барномаи ҳамкориҳои гуманитарии Русияву Тоҷикистон ба кишвар омада буданд. 29 нафари дигар омӯзгороне ҳастанд, ки бори нахуст ба Тоҷикистон меоянд ва корро тоза дар кишвари барои худ ноошно шурӯъ мекунанд. Дар ин бора рӯзи 28-уми август дар Маскав раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко дар мулоқот бо омӯзгорони рус хабар дод.

Дар Шӯрои Федератсия чӣ гуфтанд?

Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав, дар мулоқоти омӯзгорон ва мақомоти Шӯрои Федератсияи Русия иштирок дошт. Ӯ гуфт, ин мутахассисон ба мактабҳое барои кор сафарбар мешаванд, ки ҷониби Тоҷикистон дархост карда буд.

Дипломати баландпояи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Маскав гуфт: “Комиссияи Шӯрои Федератсия, ки барои мониторинг ба Тоҷикистон рафта буд, дар баромадашон баҳои баланд гузоштанд. Онҳо гуфтанд, шароите, ки барои муаллимон фароҳам оварда шудааст, бисёр хуб аст. Сатҳи донистани забони русиро баланд арзёбӣ карданд. Гуфтанд, ки дар минтақаҳои Тоҷикистон сатҳи донистани забони русӣ баланд аст. Мардум ҳам бисёр хубу меҳмоннавозанд”.

Имомуддин Сатторов
Имомуддин Сатторов

Бар асоси тавофуқ, ҳаққи пардохти маоши омӯзгорони Русия дар Тоҷикистон ба дӯши ҳарду кишвар вогузор шудааст. Оҷонсии “Азия-Плюс” менависад, ки Тоҷикистон ҳаҷми миёнаи маоши омӯзгоронро дар ҳаҷми 14 ҳазор рубл ё 2130 сомонӣ пардохт мекунад ва 60 ҳазор рубли боқимонда (9131 сомонӣ)-ро Вазорати маорифи Русия ба ӯҳда дорад. Ҳукумати Тоҷикистон масъулияти таъмини омӯзгорон бо манзили зистро ҳам ба ӯҳдаи худ гирифтааст.

Имомуддин Сатторов гуфт, дар мулоқот бо омӯзгорон Валентина Матвиенко ба аҳамияти идомаи фаъолияти ин барнома таъкид кард: “Матвиенко гуфт, ин таҷрибаи бисёр хуб буд ва мо ин таҷрибаро идома медиҳем, то ки дар оянда ҷавонони тоҷик тавонанд дар мактабҳои олии Русия таҳсил кунанд. Қайд карда шуд, ки наздики 21 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар мактабҳои олии Федератсияи Русия таҳсил мекунанд”.

Видео аз бойгонии Озодӣ:

Омӯзгорони рус ба Тоҷикистон омаданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Асваров аз кор дар Тоҷикистон розист

Барномаи ирсоли омӯзгорон аз Русия ба Тоҷикистон феврали соли 2017, дар мулоқоти президентони ду кишвар Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе қабул шуда буд. Дар пайи ин тасмим августи соли гузашта ба Душанбе нахустин гурӯҳи 29-нафарии омӯзгорон аз Кострома, Уфа, Доғистон ва дигар минтақаҳои Русия барои кор омаданд.

Яке аз онҳо Загра Асварова, муаллимаи забону адабиёти рус аст, ки бори нахуст соли гузашта аз Дарбанди Доғистон ба Душанбе омад. Ӯ дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ аз шаҳри Маскав гуфт, ӯву чанде аз омӯзгорон барои парвоз ба Душанбе омода мешаванд ва ӯ мисли соли гузашта аз рӯи ихтисоси забону адабиёти рус дарс хоҳад дод. Асварова дар соли хониши гузашта дар мактаби байналмилалии президентӣ аз фанни забону адабиёти рус дарс дод ва баъди шаш моҳи таҷрибаи кор дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, аз кор дар ин кишвар хеле розӣ аст.

Ташаббуси даъвати омӯзгорони Русия ба Тоҷикистонро дар суханрониҳои худ президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам ҷонибдорӣ кардааст. Вай, аз ҷумла, гуфта буд, ки таҷрибаи дар солҳои 1930-ум ба Тоҷикистон ирсол кардани мутахассисони забони русӣ барои омода кардани кадрҳои забондон хеле кумак карда буд ва ин таҷриба бояд аз нав эҳё шавад.

Тарафдорону мухолифони иқдом

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, ҷалби омӯзгорони рус ба манфиати он қишри аҳолӣ ҳам аст, ки дурнамои фарзандони худро бо Русия рабт медиҳанд. Ҳамасола садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳадафи кору даромад ба Русия мераванд ва надонистани забони русӣ яке аз мушкили аслии муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар дониста мешавад.

Вале аз назари мунтақидон, барномаи ҳамкориҳои гумантираву фарҳангӣ як бахше аз стратегияи умдаи Русия барои таҳти нуфузи худ нигоҳ доштани ин кишвар мебошад. Коршиносон мегӯянд, дар миёни онҳое, ки дар руҳияи русӣ ва фарҳанги ин кишвар тарбия мешаванд, ҷонибдорони сиёсати ин кишвар ҳам афзоиш меёбад.

Аз ҳамин хотир, хонаводаҳои зиёди дигар дар Тоҷикистон беҳтар медонанд, ки фарзандонашон аз системаи маорифи навъи ғарбӣ ё аврупоӣ огоҳ шаванд ва талош мекунанд баъди хатми мактаби миёна фарзандашонро ба хориҷаи дур фиристанд.

Дар ин мавзӯъ интиқоди дигаре ҳам мавҷуд аст. Бархе омӯзгорони тоҷик мегӯянд, агар дар Тоҷикистон ба педагогҳои ватанӣ чунин маошҳои хуб (ҳудудан 1000 доллар) медоданд, мутахассисони тоҷик ҳеҷ гоҳ тарки касбу кор намекарданд ва омӯзгорони фаннҳои мухталиф ба забони русӣ дар дохили Тоҷикистон ҳам пайдо мешуданд.

XS
SM
MD
LG