Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФСБ-и Русия марги Доку Умаровро таъид кард


Раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) Александр Бортников дар бораи аз байн бурдани фармондеҳи мусаллаҳони Қафқози Шимолӣ Доку Умаров хабар дод.

Ӯ рӯзи сешанбе, 8 апрел, дар нишасти Кумитаи миллии зиддитеррори Русия гуфт, ҳамлаҳои террористие, ки қабл аз соли нав дар шаҳрҳои Волгоград ва Пятигорск сурат гирифта буданд, ошкор карда шуданд.

Муҳимтарин рӯйдоди семоҳаи аввали соли равон, ба гуфтаи Александр Бортников, аз байн бурдани Доку Умаров, раҳбари созмони террористии “Аморати Қафқоз” аст. Аз ин пеш Рамазон Қодиров, раҳбари ҷумҳурии Чеченистон, дар шабакаи интернетии Instagram навишта буд, ки ба кушта шудани Доку Умаров шубҳае надорад. Аммо он вақт Кумитаи миллии зиддитеррори Русия ин хабарро тайид накарда буд. Ба назар мерасад, ки фақат бо гузашти ду ҳафта ин Кумита далелҳоеро дар бораи воқеъан ҳам кушта шудани Доку Умаров пайдо кардааст. Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи хабаргузориҳои Русия, ҷасади Доку Умаров то ҳол пайдо нашудааст. Зимнан, мусаллаҳони мухолифи ҳукумати Русия ҳам ба гунае марги Доку Умаровро тайид карданд – моҳи гузашта раҳбарии “Аморати Қафқоз” бар дӯши Алӣ Абу-Муҳаммад вогузошта шуд.
ФСБ марги Доку Умаровро тасдиқ кард
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00
Линки мустақим

Бори ахир иттилоъ дар бораи марги Доку Умаров моҳи январи соли равон пахш шуда буд. Тобистони соли гузашта Аҳмад Закаев, яке аз раҳбарони мухолифини Чеченистон, ки дар Бритониё ба сар мебарад, дар бораи бар асари маризии диабети қанд даргузаштани раҳбари “Аморати Қафқоз” иттилоъ дода буд.

Доку Умаров солҳо мавриди ҷустуҷӯи мақомоти амниятии Русия қарор дошт. Ӯ расо панҷоҳ сол пеш дар рустои Харсенойи ноҳияи Шатой, воқеъ дар ҷануби Чеченистон ба дунё омада, бахши сохтмони Донишгоҳи нафти Грознийро хатм кардааст. Ӯ соли 2005 дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки замони ҷанги якуми Русияву Чеченистон дар Маскав буд ва ба хотири мубориза барои озодии диёраш ба Чеченистон баргашт. Баъд аз ин ҷанг замони раёсати Аслан Масхадов Шӯрои амнияти Чеченистонро сарварӣ карда буд.

Мақомоти Русия Доку Умаровро дар гаравгонгирӣ дар мактаби рақами яки шаҳри Беслани Осетияи Шимолӣ дар рӯзи 1 сентябри соли 2004 айбдор мекунанд – дар он ҳодиса 334 нафар, асосан, кӯдакон, ба ҳалокат расиданд. Аммо худи Умаров дар сӯҳбат бо Радио Озодӣ даст доштанаш дар ин ҳодисаро рад ва истифода аз террорро маҳкум карда буд.

Иван Сухов, хабарнигор ва коршиноси масоли Қафқози Шимолӣ мегӯяд, ки Доку
Таркиш дар "Домодедово"
Таркиш дар "Домодедово"
Умаров моҳи октябри соли 2007 худро раҳбари созмони “Аморати Қафқоз” эълон кард ва талош намуд, ки чун яке аз раҳбарони ҷунбиши ҷиҳодӣ муаррифӣ шавад. Ба гуфтаи ӯ, “ин санае буд, ки аз он дар ҳаракати ҷудоихоҳии Қафқози шимолӣ тағйирот ба амал омад ва ниҳоде, ки аввалҳои солҳои 2000-ум барои озодии минтақаҳои мушаххас аз Русия меҷангид, ба ҳаракати динӣ табдил шуд. Аз ин замон метавон гуфт, ки раҳбарони ошӯбгарон ба таври расмӣ ангезаи муборизаи худро бо дин марбут карданд”.

Доку Умаров дар даҳҳо ҳамла ба нерӯҳои амниятӣ ва мансабдорони пуштибони аз Кремл дар Қафқози Шимолӣ ва одамрабоӣ ба хотири дарёфти пул айбдор мешавад. Гуфта мешавад, маҳз бо фармони ӯ моҳи ноябри соли 2009 қатори "Невский Экспресс", ки аз Маскав сӯи Санкт-Петербург ҳаракат мекард, тарконида шуд. Дар он ҳодиса 26 нафар ба ҳалокат расиданд. Мақомоти Русия Доку Умаровро дар таркиш дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав дар моҳи январи соли 2011 ҳам муттаҳам мекунанд. Ин таркиш мунҷар ба ҳалокати 36 нафар, аз ҷумла, 3 шаҳрванди Тоҷикистон шуд. Дар як навори видеоӣ ӯ ин таркишро посух ба ҷиноёти Русия дар Кафқоз номид ва афзуд, ки ин гуна амалиётҳои вижа идома хоҳанд ёфт.

Доку Умаров ҳамчунин таҳдид карда буд, дар ҷараёни Бозиҳои олимпии зимистона дар шаҳри Сочии Русия ҳамлаҳои террористӣ доир хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG