Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия бе шиносномаи хориҷӣ муҳоҷир намепазирад


Шаҳрвандони Тоҷикистон сар аз 1-уми январи соли 2015, бе доштани шиносномаи хориҷӣ ҳаққи вуруд ба қаламрави Русияро надоранд.

Дар мулоқоти рӯзи панҷшанбеи президенти Русия Владимир Путин бо директори Федеролии Хадамоти муҳоҷирати ин кишвар Константин Ромодановский дар Сочӣ, масъалаи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави ин кишвар мушаххас шуд.

Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, дар ин мулоқот мушаххас шуд, ки шуруъ аз 1 январи соли 2015 вуруд ба қаламрави Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ танҳо бо паспорти хориҷӣ сурат хоҳад гирифт.

Президент Путин дар ин мулоқот бо назардошти шароити равуои шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ба Русия таъкид кардааст, ки барои Қазоқистон ва Белорусия, ки шомили Иттҳоди Гумрукӣ мебошанд, монеа вуҷуд надорад.

Ба ин тартиб, аз шаҳрвандони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбакистон ва давлатҳои дигари узви Ҷомеаи мушатаракулманофеъ, паспорти хориҷӣ талаб карда хоҳад шуд.

Як мақоми Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ки онҳо аз ин тасмими ҳукумати Русия огоҳ ҳастанд ва барои сабуктар кардани шароити равуои шаҳрвандон дар соли 2015, бо мақомоти Хадамоти муҳоҷирати Русия музокира оғоз хоҳанд кард.

Ба иттилои Хадамоти муҳоҷират, ҳамасола аз Тоҷикистон ба хориҷа зиёда аз 700 ҳазор нафар барои дарёфти кор ва таъмини хонавода озими кишварҳои дигар мешаванд. Русия мизбони аслии муҳоҷирони кории тоҷик шинохта шудааст.
XS
SM
MD
LG