Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав розӣ шуд дар зимистон ба Украина газ бидиҳад


Русия мувофиқат кард, ки зимистони дар пешистода ба Украин газ бидиҳад.

Маскав ва Киев бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо қарордоди чанд миллиардолларии содироти газро ба имзо расониданд. Бӯҳрони дохилии Украина ва танишҳои густурда миёни Киев ва Маскав аз як тараф ва Русия ва Ғарб аз тарафи дигар, масъалаи содироти гази Русия ба Украина ва ҳамчунин Иттиҳодияи Аврупоро ба мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ карда буд.

Илова бар Украина, бисёре аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо аз харидорони асосии гази Русия ва интиқоли он аз тариқи Украина ҳастанд. Аз се як ҳиссаи гази худро Иттиҳодияи Аврупо аз Русия таъмин мекунад, ки ниме аз он аз Украина мегузарад. Хабаргузории Фаронса аз қавли раиси Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, "хушҳолам, ки масъулиятпазирии сиёсӣ, мантиқи ҳамкорӣ ва дарки дурусти иқтисодӣ пирӯз шуд."

Дар моҳи июни соли ҷорӣ, Русия бинобар напардохтани қарзҳои гази худ, интиқоли он ба Украинаро қатъ кард. Русия қаблан хостори пардохти 5,3 миллиард доллар ба хотири гази фурӯхташудаи худ ба Украина шуда буд. Раиси Комиссияи Аврупо гуфтааст, ки "дигар далеле вуҷуд надорад, ки мардуми Аврупо ин зимистон хунук бихӯранд."

Аз ҷониби дигар, хабаргузории русии РИА Новост аз қавли вазири энержии он кишвар таъкид кардааст, ки баҳсҳо ва тавофуқҳо бар сари қимати газ аз моҳи ноябр то моҳи марти соли оянда буда ва бар сари нархи газ дар тобистон гуфтугӯҳо сурат нагирифтааст. Вазири энержии Украина ҳам гуфтааст, тасмимҳое, ки рӯзи панҷшанбе гирифта шуд, амнияти энержии Иттиҳодияи Аврупо ва Украинро таъмин мекунад.

Дар Киев нахуствазири Украина гуфтааст, аз Амрико ва Олмон дархости "имкони бештари иқтисодӣ" барои он кишвар хоҳад кард, то битавонад ба будҷа субот бахшида ва қарзҳои содироти манбаъҳои энержиро пардохт кунад.

Бо ин ҳама бархе расонаҳо мегӯянд, ҳанӯз ба назар намерасад тавофуқоти газӣ таъсири зиёде бар ихтилофтот миёни тарафҳо гузошта бошад. НАТО ахиран аз афзоиши "ғайри маъмул"-и парвозҳои низомии Русия дар осмони Аврупо хабар додааст. Ончи дар рӯзҳои гузашта ба парвози ҳавопаймоҳои ҷангии аъзои паймони НАТО барои раҳгирии ин ҳавопаймоҳо анҷомид.

Иттиҳодияи Аврупо, ҳамроҳи Амрико таҳримҳои гуногун алайҳи Масква ба хотири он чӣ дахолати Русия дар буҳрони шарқи Украина меноманд, ҷорӣ кардааст. Ин таҳримҳо ҳамчунон побарҷост. Русия иттиҳоми дахолат дар бӯҳрони Украинаро радд кардааст.

Маскав гуфтааст, интихоботи пешрӯ дар Ҷумҳурии худмухтори Донетск дар шарқи Украинаро, ки дар контроли ҷудоихоҳони тарафдори Русия аст, ба расмият мешиносад. Ин масъала ба интиқодҳои нав аз сӯи Ғарб рӯбарӯ шудааст.

XS
SM
MD
LG