Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 октябр - рӯзи охирин барои соҳибони ду шаҳрвандӣ дар Русия


Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мегӯяд, он афроде ки дар баробари шаҳрвандии Русия шаҳрвандии Тоҷикистон ё Туркманистонро ҳам доранд, бояд то 4 октябр аз шаҳрваниди дуюми худ Хадамоти муҳоҷиратро расман дар ҷараён гузоранд.

Константин Ромодановский, раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия рӯзи 29 сентябр дар мусоҳиба бо хабаргузории ИТАР –ТАСС бо шарҳи қонуни нав дар бораи шаҳрвандии Русия гуфтааст, ҳар нафаре ки дар баробари шаҳрвандии Русия шаҳрвандии Тоҷикистон ё Туркманистонро дорад, бояд то 4 октябр дар ин бора ба Хадамоти муҳоҷирати Русия аризаи расмӣ дода, аз шаҳрвандии дуюми худ ин идораро дар ҷараён гузорад.

Ин дар ҳолест ки қаблан гуфта мешуд, талаботи қонуни наве, ки аз 4 август дар Русия ба иҷро даромад, ба зодагони Туркманистону Тоҷикистон дахл надорад.

Ромодановский гуфт, қонуни нав ҳамаи он шаҳрвандони Русияро, ки шаҳрвандии ягон кишвари дуюм ё ҳаққи иқомат дар ягон кишвари дигарро доранд, муваззаф мекунад, то дар зарфи 60 рӯз аз рӯзи дарёфти он шаҳрвандӣ ё ҳаққи иқомат ба таври хаттӣ ниҳодҳои Хадамоти муҳоҷирати Русия дар маҳалли зисти худро аз ин хабардор кунанд.

Ба гуфтаи Ромодановский, “дар қонунгузорӣ имкони аз чунни масъулият раҳо кардани афроди соҳиби ду шаҳрвандӣ пешбинӣ мешуд, вале дар сурати вуҷуди созишномаҳои байналмилалӣ. Аммо наметавон гуфт, ки барои мисол, шаҳрвандони Тоҷикистон аз доираи ин қонун берун бимонанд. Гап дар сари он аст, ки чунин меъёр дар бораи раҳоӣ аз ин масъулият бояд дар худи созишномаи байналмилалӣ дарҷ шавад.”

Владимир Плигин, раиси кумитаи тартиботи конститутсионӣ ва сохтори давлатии Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии порлумони Русия, низ ба ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки қонуни нав онҳоенро, ки шаҳрвандии Русияву Тоҷикистон ё Русияуву Туркманистонро доранд, аз масъулияти хабардор кардани мақомоти Русия дар бораи шаҳрвандии дуюми онҳо озод намекунад: “Дар ҳоли ҳозир ду созишномаи байналмилалӣ дар бораи душаҳрвандӣ амал мекунад, ки бо Тоҷикистон ва Туркманистон имзо шудаанд. Аммо дар ҳеҷ кадоми ин ду созишнома чунин як ҳарфе нест, ки аз зарурати хабардор кардани мақомот дар бораи шаҳрвандии дуюм озод кунад.” Ба ҳамин далел, гуфт Владимир Плигин, “он шаҳрвандони Русия, ки шаҳрвандии Тоҷикистон ё Туркманистонро доранд, бояд мақомоти Русияро аз доштани шиносномаҳои ин кишварҳо хабардор кунанд.”

Константин Ромодановский гуфтааст, ҳар нафари соҳиби ду шаҳрвандӣ бояд шахсан ба шӯъбаи Хадамоти муҳоҷират омада, ба таври катбӣ ариза бинависад. Ба гуфтаи ӯ, аз тариқи Интернет пур кардани чунин ариза имкон надорад. Раҳбари Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия гуфт, дар сурати таъхир дар супурдани ариза дар бораи шаҳрвандии дуюм ҷаримаи маъмурӣ ба маблағи аз 500 то 1000 рубл пешбинӣ шудааст. Аммо онҳое, ки шаҳрвандии дуюмашон пинҳон мекунанд, метавонанд таҳти таъқиби ҷиноӣ қарор бигиранд. Қонуни ахири Русия аз 4 август барои пинҳон кардани шаҳрвандии дуюм ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи 200 000 рубл, муодили тақрибан 5800 доллар, ё ҷарима баробари маош ё даромади яксолаи он нафар ваё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то 400 соатро пебинӣ кардааст.

Тоҷикистон ва Русия соли 1995 барои содда кардани раводид ва додани имтиёзи ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони худ дар қаламрави ҳарду кишвар созишнома душаҳрвандӣ имзо карданд. Порлумони Тоҷикистон ин санадро ҳанӯз дар ҳамон соли 1995 тасвиб кард, вале Думаи давлатии Русия танҳо дар соли 2006 барои ин “фурсат ёфт.” Ба ин далел, созишномаи душаҳрвандии Тоҷикистону Русия аз соли 2006 мавриди иҷро қарор гирифт.
Тоҷикистон танҳо бо Русия созишномаи душаҳрвандиро имзо кардааст. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд ҳамзамон шаҳрвандии Русияро соҳиб шаванд, бояд дар қатори шиносномаи Тоҷикистон шиносномаи алоҳидаи Русияро низ бигиранд. Дар Тоҷикистон ин шаҳрвандон имкон доранд, ки шиносномаи шаҳрвандии Русияро аз вазорати корҳои хориҷӣ, шӯъбаи шиносномадиҳии вазорати корҳои дохилӣ, сафорати Русия дар Тоҷикистон ва консулгарии федеролии Русия дар Суғд дастрас кунанд.

Бино ба омори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, аз соли 1992 ба ин тараф дар маҷмӯъ 5,5 миллион нафар шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд.

Бино ба ҳисобҳо, то имрӯз тақрибан 300 000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, вале дақиқ нест, ки чанд нафари онҳо дар баҳои шаҳрвандии Русия аз табаияти Тоҷикистон комилан даст кашидаву чанд нафар дар баробари шиносномаи русӣ шиносномаи тоҷикиашро низ барои як рӯзи мабодо ҳифз кардааст.

ШАРҲИ МАҚОМОТИ ТОҶИКИСТОН НИЗ БА ЗУДӢ ДАР ҲАМИН ҶО ЧОП ХОҲАД ШУД

XS
SM
MD
LG