Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз Қирғизистон 37 млн доллар талаб дорад


Нерӯгоҳи Қамбарота дар Қирғизистон.
Нерӯгоҳи Қамбарота дар Қирғизистон.

Русия ва Қирғизистон соли 2012 ҷиҳати сохтмони ду нерӯгоҳ Норини боло ва Қамбарота бо ҳам созиш карда буданд. Аммо ширкати русии "Русигидро" ширкати паймонкори ин тарҳҳо сохтмони онро тӯл дод ва 9 уми августи соли равон ба таври якҷониба Қирғизистон расман ин қарордодро бо Русия лағв кард.

Пас аз ин амалкарди Қирғизистон Русия аз ин кишвар талаб кард то хароҷоти "Русгидро"-ро дар сохтмони гурӯҳи нерӯгоҳҳои Норини боло ҷуброн кунад. Аммо дар мавриди ҳаҷми пулҳои харҷакардаи "Русгидро" дар нерӯгоҳи Норини боло миёни Қирғизистон баҳс сар зад. "Русгидро" мегӯяд, дар ин сохтмон 37 миллион харҷ кардааст, аммо комиссияи вижаи прлумони Қирғизистон маблағҳои дар ин сохтмон харҷшударо ду маротиба камтар аз ин арзёбӣ кард.

Дар ин робита робита сӯҳбате доштем бо Айданбек Аҳмад Улу, хабарнигори бахши қирғизии Радио Озодӣ ва аз ӯ нахуст пурсидем, ки Русия ба кадом далел аз Қирғизистон ин миқдор пулро бозпас талаб дорад ?

Айданбек Аҳмад Улу: Русия бар ин назар аст, ки дар сохтмони тарҳи неругоҳи Норини боло 37 миллион доллар харҷ кардааст. Аммо вакилони порлумони мо ба ҳаҷми ин маблағ шак карданд. Як комиссияи вижаи порлумонӣ барои таҳқиқи ҳаҷми маблағҳои сарфшуда дар ин сохтмон муайян карда, ки дар ин тарҳ ду маротиба аз ин камтар маблағ масраф шудааст. Палатаи ҳисоби Қирғизистон ҳаҷми маблағҳои масрафшударо аниқ карда натавонист, чунки дар қарордои дуҷониба гуфта шудааст, натиҷаҳои тафтиши молиявӣ замоне қувваи қонунӣ пайдо мекунанд, ки тафтиш бо палатаи ҳисоби Русия ва Қирғизистон муштарак баргузор шавад. Аммо Палатаи ҳисоби Русия ҳозир нашуд дар санҷиши маблағҳои харҷшуда ширкат кунад ва бо ҳамин ба ин баҳс нуқта гузошта шуд.

Радиои Озодӣ: Дар Қирғизистон чӣ тасмим хоҳанд гирифт? Оё ин пулҳо бозпас дода хоҳанд шуд?

Айданбек Аҳмад Улу: Фикр мекунам ин пулро бар мегардонанд. Барои Hусия 37 миллион доллар чандон маблағи калон нест. Русия ҳатто гранту кӯмакҳои молиявии аз ин ҳам бештар ба Қирғизистон медиҳад. Аммо барои Русия бозпас гирифтани ин маблағ масъалаи принсипиалӣ аст. Бинобар ин Қирғизистон маҷбур хоҳад шуд, ки ин маблағро бозпас диҳад.

Русия шояд аз 37 миллион бештар талаб кунад. Чунки ба иддаои ширкати русӣ, ин танҳо харҷи тарҳи гуруҳи нерӯгоҳҳои Норини боло аст. Дар ин миён боз тарҳи Қамбарота-1 ҳаст. Дар нерӯгоҳи Қамбарота бо пули Русия тарҳи асоснокунии фаниву иқтисодии он таҳия шуда буд. Барои ин кор ҳам пул харҷ шудааст, ва аз ин рӯ Қирғизитсонро зарур меояд аз маблағи аз ин бештарро ба Русия бидиҳад.

Русия мехоҳад аз Қирғизистон 37 миллион долларашро бозпас гирад.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:23 0:00

Радиои Озодӣ: Президент Алмосбек Отамбоев ба Ҳукумати Қирғизистон супориш дода буд барои ин нерӯгоҳҳои сармоягузорони нав пайдо кунад. Оё дар ин росто муваффақияте ба даст омадааст?

Айданбек Аҳмад Улу: Ҳоло ҳеҷ муваффақияте ба назар намерасад. Барои чаҳор неругоҳи Норини боло имкони пайдо кардани сармоягузор бештар аст. Аммо барои Қамбарота-1 пайдо кардани сармоягузор бисёр душвор аст. Чунки Узбакистон мухолифи ин тарҳ аст. Чин ҳам барои сармоягузорӣ дар ин тарҳҳо алоқамандӣ нишон намедиҳад. Як ҳайати ҳукуматӣ барои дарёфти сармоягузор ба кишварҳои араб рафта буданд, аммо дар он ҷо ҳам касе нагуфт, ки ҳозир аст ба ин тарҳҳо сармоягузорӣ кунад.

Аммо дирӯз призидент роҳбари ҳолдитнги энергетикии кишварро назди худ хонда гуфт, «сармоягузор пайдо кунед!». Аммо ман фикр мекунам ин хеле душвор аст. Чунки дар ин росто ду мушкил вуҷуд дорад: як масъала мухолифати Узбакистон ва масълаи дигар нархи барқ. Сармоягузорон бар ин назаранд, ки қиммати барқ дар мо хеле арзон аст ва бо ин нархҳо нерӯгоҳҳо муддатҳои дароз худкифо намешаванд.

адиои Озодӣ: То чӣ ҳад сохтмони ин нерӯгоҳҳо барои Қирғизистон муҳим ҳастанд? Оё кишвари шумо ҳам аз камбуди барқ ранҷ мебарад?

Айданбек Аҳмад Улу: Воқеан дар Қирғизистон норасоии барқ ҳаст. Барои ҳамин зимистон аз Қазоқистон ва тобистон аз Тоҷикистонбарқ мехарем. Замоне ки дар обанбори Тоқтогули мо об кам шуд мо ба харидории барқ шурӯъ кардем. Ҳоло норасоии барқ дар ҳама ҷо эҳсос мешавад. Албатта мисли Тоҷикистон не, ки лимит ҷорӣ шавад, аммо камбуди барқ эҳсос мешавад. Барои ҳамин барои мо сохмтмони ин ду нерӯгоҳ муҳим аст. Масалан нерӯгоҳи Қамбарота-1 хеле калон аст. Агар мо ин нерӯгоҳро сохта барқи изофиашро тарқи хатти CASA-1000 фурӯшем метавонистем аз ин ҳисоб даромад бигирем. Аммо ин тарҳ ҳамоно дар як ҷо истодааст ва ояндаи он рушан нест. Тоҷикистон ҳар сол 200-300 миллион маблағҳои худашро ба Роғун равона мекунад. Аммо дар Қирғизистон ин чиз нест.

Радиои Озодӣ: Оё дар зимистон дар деҳотҷойҳо лимтити барқ ҷорӣ мешавад дар Қирғизистон?

Айданбек Аҳмад Улу: Не ин чиз нест. Дар бархе аз ҷойҳо буд, аммо ба таври густурда лимити барқ ҷорӣ нашудааст.Чунки мо аз Қазоқистон бо нархи гарон дар зимистон барқ мехаридем. Ин сол дар обоанбори Тоқтогул 16 миллиард метри куби об захира шудааст ва аз ин ру энергетикҳои мо мегӯянд, имсол Қирғизистон камбуди нерӯи барқро эҳсос нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG