Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия муҳоҷирати наврасонро манъ мекунад


Русия мехоҳад истифодаи заҳмати муҳоҷирони наврасро манъ кунад.

Вале ҳолдонҳо мегӯянд, шумори зиёди фарзандони муҳоҷирони корӣ имкони таҳсил дар мактабҳоро надоранд ва аз ин рӯ, маҷбуранд, ки бо корҳои ғайрирасмӣ машғул шуда, мавриди фиребу истифодаи ғайри инсонӣ қарор гиранд.

Рӯзи панҷшанбе Думаи давлатии Русия дар қироати аввал қонуну қоидаи муҳоҷирати корӣ ба ин кишварро баррасӣ намуда, муҳоҷирати кории наврасони аз 18-сола ҷавонро, манъ кард.

Рӯзномаи “Российская газета” чопи Маскав гузориш медиҳад, ки тибқи иттилои хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, то ҳол ягон ҷавони аз 18-сола поин барои муҷаввизи кор дар Русия муроҷиат накардааст. Ҳамин рӯзнома аз нақли Дмитрий Полетаев- ходими пажӯҳишгоҳи пешбинии хоҷагии халқи Академияи улуми Русия, овардааст, ки муҳоҷирони наврас ғайрирасмӣ бо тиҷорату корҳои сабук дар бозорҳо. шустани мошинҳо ва кӯчарӯбӣ машғул мебошанд.

Донишманди рус афзудааст, ки кӯдакону наврасони тоҷик, узбак ва қирғиз дар шустушӯи косаву табақи ошхонаҳо низ мавриди истифода қарор мегиранд. Ба гуфти Полетаев, то 13 дар сади кӯдакони муҳоҷир бар ивази заҳматашон танҳо имкони зист дар манзиле ва ё як маоши ночиз ба даст меоранду халос.

Ҳамчунон расонаҳои Русия навиштаанд, ки гурӯҳҳои ҷиноӣ кӯдакону наврасонро ба фурӯши маводи мухаддир ва нӯшокиҳои алкоҳолӣ маҷбур мекунанд.

Омина Туйчиева, ном муҳоҷири кории тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, агар мақомоти Русия ба фарзандони муҳоҷирон имкони таҳсил ва дастрасӣ ба табибону дармонгоҳҳоро медоданд, албатта онҳо дар пайи ояндаи худ мешуданд, на кори ғайрирасмӣ.

Хонум Омина баъди гум кардани шавҳар дар соли 2009-ум фарзанди он замон 14 солааш Азаматро бо хуб ба Русия овард. Вале сарфи назар аз он, ки ӯ қайди расмӣ дорад, фарзандашро ба мактаб қабул накарданд.

Ӯ меафзояд, раиси мактаби миёнаи ноҳияи Конибодом асноди таҳсили фарзандашро надодааст ва мудири мактаби Русия ҳам гуфтааст, ки бидуни ин аснод Азамат ба мактаб роҳ нахоҳад ёфт. Хуллас, имрӯз Азамат 18-сола шудаасту на санади таҳсил дорад ва на санади шаҳрвандӣ.

Хонум Омина мегӯяд, ӯ соҳиби шаҳрвандии Русия шудааст, вале бидуни шаҳодатномаи таҳсили миёна, мақомоти Русия Азаматро ба артиш ҳам даъват карданӣ нестанд. Аз ин ҷост, ки ӯ шабу рӯзашро дар мойка ( макони шустани мошинҳо) сипарӣ мекунад.

Моҳи феврали соли равон раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон Сафиаллоҳ Девонаев гуфта буд, то 70 ҳазор навраси тоҷикистонӣ дар Русия бо корҳои сиёҳ машғул мебошанд. Соли гузашта вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон даҳҳо навраси тоҷикро, ки дар Русия ғайриқонунӣ кору зиндагӣ доштанд, ба ватан баргардондааст.
XS
SM
MD
LG